Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:03

Мақомот: “Қатли Мунирхон Хоҷаев ба муаллимияш рабт надорад”

10 декабр 2013, 17:39

Мақомоти Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯянд, латту кӯб ва марги Мунирхон Хоҷаев, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ), ба фаъолияти ӯ рабт надорад.

Як масъули Раёсат, ки бо “Озодагон” сӯҳбат мекард, гуфт, ин хулосаи пешакист ва ҳанӯз тафтишоти ҳодиса ба анҷом нарасидааст. Вале, ба қавли мусоҳиби мо, ду нафар, ки яке сокини Бадахшону дигарӣ аз Хатлон будааст, ба гумони даст доштан дар қатли Мунирхон Хоҷаев боздошт шудаанд.

Ҳарчанд аз муттаҳамон ном бурда намешавад, вале мақомот мегӯянд, онҳо баъд аз он ки Хоҷаевро латту кӯб намудаанд, аз ҷайбаш маблағ гирифтаанд. Қаблан, бархе аз огоҳони ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буданд,ки гӯиё дар марги номзади илм Мунирхон Хоҷаев яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даст дорад. Вале Раёсати умури дохилӣ ин фарзияро рад карда ва гуфт, гумонбарон аслан донишҷӯ нестанд.

Ҷасади Мунирхон Хоҷаеви 49-сола субҳи 5 декабри соли ҷорӣ дар маҳаллаи “Гулистон”-и Хуҷанд ёфт шуда, сипас дар бемористон ҷон додааст. Мақомот мегӯянд, ӯ мавриди латту кӯби шадид қарор гирифтааст. Дар сӯҳбат бо “Озодагон” ҳамкорони Хоҷаев аз ӯ бо некӣ ёд карда, вайро марди ҳалиму беозор донистанд. Онҳо гуфтанд, мавриди латту кӯб қарор гирифтани ӯ ҳанӯз боварнакарданист ва суолҳои зиёдеро халқ кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Илхом

  • 10 декабр 2013 21:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мунирхонро аз наздик мешинохтам. ИНСОНИ БЕГАРАЗ буд. Худованд чояшро бихишт гардонад. Саволе дорам: то ба кай ин баччахои оча бедодгари мекарда бошанд? Кучост он нангу номуси точикона? Наход пеши рохи чандин авгонтаборонро мардуми баору баномуси Хучанд гирифта натавонанд?
Посух додан
  • Рахим

  • 11 декабр 2013 02:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бародар Илхом авгонтабор не-лакайтабор.
Посух додан
  • Рахмдил

  • 11 декабр 2013 12:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чояш чаннат шавад. Хамаи малимхои ддх беозор, агар корат афтат баъд мебеми беозорро. маколи "Марди на бувад фитодаро пойзадан"-ро баракс кардаги " Марди бувад фитодаро пойзадан" Касе дар ддх мехонад маънои суханхои манро мефахмад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!