Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:45

Дархости манъи вуруди занони то 24-сола ва ҳомилаи тоҷик ба Русия

11 декабр 2013, 12:20

Як созмони ҳуқуқии ғайридавлатӣ дар Русия мехоҳад, вуруди занҳои ҳомила ва духтарони тоҷик, ки синнашон аз 24 поин аст, ба қаламрави ин кишвар манъ карда шавад.

Созмони ҳуқуқии “Муҳоҷират ва ҳуқуқ”, ки раҳбарии онро Гавҳар Ҷӯраева бар ӯҳда дорад, тасмим гирифтааст, дар рӯзҳои наздик дар ин бора расман ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон муроҷиат кунад. Ин созмон мегӯяд, аз Хадамоти муҳоҷират хоҳиш менамояд, то ба духтарони аз 24-сола поин ва занҳои ҳомилаи тоҷик барои сафар ба Русия иҷоза надиҳад.

Ба қавли масъулони ин созмон, солҳои охир шумораи кӯдакони бесарпаноҳмондаи хориҷӣ дар қаламрави Русия афзоиш ёфтааст. Ба иттилои мақомоти рус, дар давоми 2 соли охир танҳо дар шаҳри Маскав 166 шаҳрванди хориҷӣ тифлони навзоди худро дар беморхонаҳо партофта, худ ғайб задаанд.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфтааст, ба хотири садди роҳи ин раванд шудан ҳамкориии худ бо беморхонаҳои ин кишварро тақвият хоҳад дод. Ин ниҳоди Русия мегӯяд, муайян намудани ҳузури занҳои ҳомилаи хориҷӣ, ки дар қаламрави ин кишвар ғайриқонунӣ ба сар мебаранд, осон буда, сари вақт барои ихроҷи онҳо чора андешида хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Суруш

  • 11 декабр 2013 12:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Это будет очень хорошо для многострадального таджикского народа,который не имеет защита и короме этого по не которым причинам авторитет в России!
Посух додан
  • 4

  • 11 декабр 2013 13:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Умуман манъ кунанд. Шарм аст ки зани мусулмон дар кишвари бугона канизак бошад.
Посух додан
  • esamin

  • 11 декабр 2013 13:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ха, корхонахои саноати сабуки кишварро фаъол созанд, богчахоро зийд кунанд, маоши хуб барои занхо мухайё намоянд, хифзи ичтимоиро таквият диханд, касе ба чое намеравад.
Посух додан
  • рашк

  • 12 декабр 2013 01:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Умуман омадани занхои бемахрам бояд манъ шавад,
Посух додан
  • shuhrat

  • 12 декабр 2013 22:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисер хуб мешавад, зеро сафи фохишадухтарони точик дар каламрави Россия зиед шуда истодааст!!!
Посух додан
  • Миршакар Халилов

  • 24 феврал 2014 10:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале пеш аз хама хар шахс бояд нангу номуси инсони ва имони комил инчунин хисси баланди милли дошта бошад.баро зани точик мухочирати мехнати бояд нанговар бошад.зеро имруз дар хамин кишвари махбуби худамон барои занхо инкадар чои кор ва шарити мухайё фарохом аст,аммо дарачаи идрок ва фахмиши бархе аз бонувони мо нихоят комил нест.Шумо бонувони азиз як чизро ба назар гиред ки дар мамлакате,ки пушту панох ва саробону сарпанох надоре чи гуна шумо кору фаъолият мекунед холо он ки шумо дар ватани худатон аз ухдаи кор намебароед.
Бузурге гуфтааст:Яке аз саъодати инсон ин рузи дар Ватан аст.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!