Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:34

Нақши моҳу ситора дар қафаси синаи гуруҳи "Абрешимчӣ"

11 декабр 2013, 11:55

Дар шимоли Тоҷикистон се узви гуруҳи мавсум ба “Абрешимчӣ”-ро ба муҳлати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд.

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми гузашта дар як гузориш хабар дод, ки ду узви ин гуруҳ барои 10 ва як тани дигар 11 сол равонаи зиндон шудаанд. Ба иттилои манбаъ, онҳо худро “лашкари ислом” дониста, дар қафаси синаҳояшон акси моҳу ситора ва шерро ҳамчун рамзи Ислом нақшбандӣ кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, Абдумаҷид Халилов, Набиҷон Собиров ва Зоҳирҷон Бобоев, ки ҳамагӣ сокинони вилояти Суғд будаанд, 14 июни соли 2013 аз сӯи кормандони вилоятии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон боздошт ва ба гуноҳашон иқрор кардаанд. Гуфта мешавад, ин афрод дар шаҳри Хуҷанд ва берун аз он ба авбошӣ, тамаъҷӯӣ ва куштор машғул будаанд.

“Абдумаҷид Халилов ва Набиҷон Собиров дар Русия бо истифода аз таппонча ба шаҳрвандони Тоҷикистон таҳдиду зӯроварӣ намуда, ҳатто чанд нафари онҳоро захмӣ кардаанд”,-гуфта шуд дар идомаи гузориши телевизион ва илова шуд, ки феълан, барои дастгир намудани аъзои дигари гурӯҳ талош мешавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!