Бахшҳо

Ҳамрохон Зарифӣ бо президенти Туркманистон дидору гуфтушунид кард

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар Ашқобод бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз департаменти иттилооти ин ниҳод хабар доданд, вохӯрии онҳо дар маҷмааи давлатии «Оғузхон» сурат пазируфт.

Зимнан, ҷаноби вазир ба президенти Туркманистон паёми райисҷумҳури Тоҷикистонро расонида, изҳор дошт,ки ҷумҳурии мо ба густариши муносибот бо Туркманистон, ки дар заминаҳои дӯстии бисёрасра, боварӣ ва кӯмаки мутақобила барпо шудаанд, аҳамияти бузург медиҳад. Дар навбати худ, Бердимуҳаммадов гуфт, мардуми Туркманистон дӯстӣ бо ҳамсоягони наздикашро ғанимат мешуморад ва фазои мусоиди сиёсӣ-иқтисодии минтақа бозгӯи муносибати мусбат бо шарикон мебошад. Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо қаноатмандӣ қайд намуд, ки ба шарофати иродаи дуҷониба ва саъю кӯшиш дар солҳои ахир ба рушди гуфтугӯи байнидавлатӣ такони тоза бахшида шуд, ки онро ба сатҳи наву ҷавобгӯи манфиатҳои дуҷониба баровард. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тамоми ҷабҳаҳои муносибатҳои байнидавлатӣ мубодилаи афкор намуданд. Тарафҳо қайд карданд, ки наздикии назарҳо ва мувофиқати тарафҳо дар мавриди як қатор масъалаҳои сиёсати байналхалқӣ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон таҳким мебахшанд.Ҳамрохон Зарифӣ дар навбати худ қайд намуд, ки Тоҷикистон ба сиёсати сулҳҷӯёнае, ки Туркманистон онро пиёда месозад, ҳамчунин ташаббусҳои муҳими байналхалқӣ, ки аз ҷониби президент Гурбонгулӣ Бердимухаммадов пешбарӣ мешаванд, барои фароҳам овардани шароити вусъатёбӣ, чӣ дар минтақа ва чӣ дар ҷаҳон, баҳои баланд медиҳад ва дастгирӣ мекунад.

Манбаъ афзуд, Ҳамрохон Зарифӣ дар поёни мулоқот изҳор дошт, ки моҳи   сентябри соли 2011, дар рафти ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ, ки дар  Душанбе баргузор мегардад, Тоҷикистон раёсатро дар ИДМ ба Туркманистон месупорад.Ҳангоми баррасии масъалаҳои муносибати миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, ки бомуваффақият дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба тавсеа меёбад, манфиатдор будани ҷонибҳо барои равнақу ривоҷ бахшидан ба робитаҳо дар соҳаи савдо ва иқтисод, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, соҳаи гуманитарӣ ва фарҳангӣ қайд карда шуд.

Ёдрас менамоем, дар доираи сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамчунин вохӯриҳои ӯ бо дигар шахсони расмии Туркманистон дар назар дошта шудааст.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)