Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:35

Сухани ниҳоии Зайд: "Агар ҳабси ман ба фоидаи давлат бошад, бигзор ҳабс кунанд"

11 декабр 2013, 12:41

Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари Тоҷикистони нав, рӯзи 11 декабр дар додгоҳ 2,5 соат сухани ниҳоияшро иброз дошта, ҳамаи иттиҳомоти мақомотро алайҳи худ тӯҳмат номидааст.

Зайд Саидов гуфтааст, дар ягон ҷинояте даст надорад ва таъкид намудааст, "агар ҳабси ман барои ин миллат ва давлат ягон фоидае дошта бошад, бигзор ҳабс кунанд." "Ягон бор ба давлату миллат хиёнат накардаам ва омодаам, барои ин миллат ҷони худро фидо кунам",-афзудааст ӯ. Оқои Саидов дар сухани ниҳоии худ, инчунин, таъкид карда, ки аз азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав даст нахоҳад кашид.

СӮҲБАТИ ШӮҲРАТ ҚУДРАТОВ ВА ХАЙРУЛЛО САИДОВ:



Айни ҳол ба иттилои вакилони дифои Зайд Саидов, додгоҳ барои қабули қарор нисбат ба нафари таҳти ҳимояташон ба хонаи машваратӣ рафтааст. Онҳо афзуданд, маълум нест, қабули қарор дар хонаи машваратӣ чӣ қадар давом хоҳад кард, чун қонунгузорӣ ягон мӯҳлати дақиқро муқаррар нанамудааст.

Сухани ниҳоии Зайд: "Агар ҳабси ман ба фоидаи давлат бошад, бигзор ҳабс кунанд"Ин дар ҳолест, ки Шӯҳрат Қудратов, Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров, вакилони мудофеи Зайд Саидов, қаблан дар додгоҳ баромади ниҳоӣ карда, бар хилофи намояндаи додситонӣ хостори қатъи парванда ва озод гардидани нафари таҳти ҳимояташон шудаанд. Абдусамеъ Додобоев, намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ, рӯзи 5 декабр аз додгоҳ хоста буд, Зайд Саидовро барои 28 сол равонаи зиндон кунад.

Вакилони мудофеи Зайд Саидов ин талаби додситонро, ки бар асоси моддаҳои 319, қисми 4 (порагирӣ), 247, қисми 4 (қаллобӣ) 170 (чандҳамсарӣ), 138 (таҷовуз ба номус) ва 131 (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ) нафари таҳти ҳимояташонро муҷрим эълон кардааст, ноадолатона шумурданд. Ба гуфтаи вакилон, айбдоркунандаи давлатӣ инчунин талаб кардааст, ки молу амволи Зайд Саидов мусодира гардад ва ӯ баъд аз адои муҳлати ҷазо барои 5 сол аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳрум шавад.

Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, моҳи майи соли ҷорӣ, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт шуд. Мақомот ӯро дар фасодкорӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешуморанд. Мурофиаи ӯ моҳи сентябр паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ шурӯъ шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • haqju

  • 11 декабр 2013 12:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Hudovand az shumo rozi boshad hizmati shumo ba in halq hele nazaras ast Hudo shumoro ozod gardonad Omin
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зайд шерович бароят аз даргохи Худованд озодиро мехохам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оё вакилони мудофеъ метавонанд, ки хуччатхои доштаашонро нисбати ин казия дар матбуот кушоду равшан дарч намоянд?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ноумед Шайтон! Харчанд ман бовар надорам, ки дар судхои Точикистон адолат ва дар ниходи судяхои он заррае чуръату Худотарси вучуд дошта бошад. Боз хам ноумед Шайтон - шояд ман иштибох кунам ва шояд судяе одилу Худотарс вучуд дошта бошад. Шояд...
Посух додан
  • Э Р

  • 11 декабр 2013 13:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳамаи тарафдорони Зайд аз худои бузур хостаан, ки Зайд озод шавад. Аҷиб нагутаанд, ки худоё додгоҳ ҳукми одилона барорад.
Посух додан
  • Зоир

  • 11 декабр 2013 13:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Зайд бисёр марди начиб буда, хама айбномахо нисбаташ тухмат мебошанд. Ба халки точик кумаки зиёд кардааст. Эй айбдоркунандахои айбдор! Худ куввати неки кардан надоред, пас бигзоред ин корро дигархои чун Зайд Саидов анчом диханд. Ва неки карда наметавонед, бад хам накунед. Мо мехоеам акаи Зайд озод шавад!
Посух додан
  • мусо

  • 11 декабр 2013 14:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
худованди карим ин золимонро дар хамин дуне чазояшрнро дихад барой мазлумон сабри чамил ато кунад омин
Посух додан
  • точибой

  • 11 декабр 2013 14:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вакте аз судяхои точикистон чизе мехохед хохиш мекунам ки номи Худои бузургро нагиред, зеро дар торупуди судяхои мо ягон зарра имон ба Худо вучуд надорад. Ва баръакс ин кори шуморо онхо хамчун хакорат хисоб мекунанд ва сабаб мешавад нисбат ба Худои бузург беэхтироми кунанд, Худованд мефармояд: касонеро ки кофиранд дашном надихед, зеро аз руи адоват ва душмани онхо Худоро дашном медиханд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳимоячӣ Исҳоқ Табаров дар сайтҳои интернетӣ иброз дошта буд, ки "айбдоркунандаи давлатӣ Додобоев Абдусамеъ аз рӯи қисми 3 моддаи 138 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 сол маҳрум сохтан аз озодӣ талаб кард, ҳол он ки санксияи ин модда ҳамагӣ то 20 солро талаб мекунад, ин ҷо шояд хатои техникӣ бошад ва ё шояд хоҳиши худи Додобоев бошад, ки аз ҳудуди он меъёре, ки ҷазо таъин мекунад, баромадааст.” И.Табаров бо ин баромадаш гӯё нишон медод, ки Додобоев А. аз талаботи қонун бехабар аст ва худи ӯ бошад, доност.
Исҳоқ Табаров аз ин баъд чаро дар ҳамин мавқеаш наистод? Чаро ӯ имрӯз дар ин бора худаш хомӯш аст? Чаро ӯ имрӯз барои дар воситаҳои ахбори омма ҳарфи бардурӯғ гуфта, муқаррароти қонунро таҳриф карда, дар вуҷуди мардум афкори нодурустро эҷод карданаш пузиш намехоҳад? Чаро ӯ имрӯз намегӯяд, ки худаш қонунро намедонистааст, на Додобоев?
Посух додан
  • бовар

  • 12 декабр 2013 01:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худое,ба хамин судияхо имони комил ато кун,то дар амри казоват хато накунанд. Кадри хаети дигаронро эхтиром намоянд. Вассалом.

Зайд ба ту озоди мехохам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
видеора тавонед гиред бачахо Хабаратонба гап несту видео бисёр фач!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!