Бахшҳо

Пирӯзии шаҳрдории Душанбе бар зани маъюб дар додгоҳ (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Хосият Идиева, як сокини 63-солаи пойтахт, маъюби гуруҳи дувумро аз ҳаққи иҷораи манзили коммуналӣ 10 ҳазор сомонӣ қарздор бароварда, ҳукм кардааст, ки Идиева давоми як моҳ хонаи истиқоматияшро холӣ кунад.

Хосият Идиева, имрӯз,11-уми декабр дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, охирон мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 2 декабр буд ва имрӯз барояш маълум шуд, ки мурофиа ба фоидаи шаҳрдории Душанбе ба анҷом расидааст: «Худи ҳамин рӯз маро даъват намуда, қарори додгоҳро нишон доданд, ки дар он гуфта шудааст, дар баробари супоридани маблағ, то як мохи дигар аз хона бояд бароед. Гуфтанд як моҳ муҳлат дорӣ, ки ба суди кассатсионӣ шикоят барӣ. Ман ҳоло ҳайронам, чӣ кор карданамро намедонам».

Номбурда ҳукми додгоҳро ноодилона хонда, мегӯяд, ӯ аз касе қарздор нест ва аз хона рондани ӯ ҳам ғайриқонунӣ мебошад.

Идиева қаблан дар як сӯҳбати видеоӣ бо “Озодагон” иброз намуда буд, ки бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрор барои ҳалли мушкили манзилаш аз шаҳрдорӣ посухи мусбат нагирифтааст.

Ба қавли номбурда, ӯву хонаводааш то соли 2010 дар кӯчаи Титови пойтахт дар як манзиле, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, зиндагӣ мекарданд. Ба қавли мусоҳиби мо, баъдан шаҳрдорӣ онҳоро ба бинои 16-ошёнае дар маҳаллаи “Профсоюз” овард ва иҷоранишин кард. “Он вақт ваъда дода буданд, ҳаққи иҷораи манзилро мепардозам ва баъдан хона ба номи мо гузаронда мешавад. Ҳоло ба ҷои кумак, баръакс, мақомоти Душанбе аз болои мо ба додгоҳ шикоят бурда, даҳ ҳазор сомонӣ ҷарима хостааст”,-гуфт Хосият Идиева.

Ин сокини бознишастаи Душанбе гуфт, “дар аввал пули иҷораро 520 ва баъдан 600 сомонӣ муқаррар карданд. Ман маъюби гурӯҳи дуюм ҳастам ва ба ҳамин хотир бояд пули иҷораро 50 дарсад супорам. Ман бо ҳамин ҳисоб пули сесолаи иҷораи манзилро пардохтаам, лекин масъулин ба додгоҳ аз болои ман шикоят бурдаанд, ки гӯиё аз ҳисоби маблағи иҷора қарздорам. Ин комилан нодуруст аст.”

Ин ҳамсӯҳбатамон иброз дошт, аз як сӯ масъулон намегузоранд, ки ӯ дар манзили пешинааш ором зиндагӣ кунад ва аз сӯи дигар барояш хона намедиҳанд. “Қонунҳои Тоҷикистон танҳо барои мардуми одӣ будааст, барои мансабдорон дахл надоштааст”,-таъкид дошт ӯ. Хосият Идиева илова намуд, барои маблағи иҷора ва холӣ кардани хона масъулини Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҳукумати Душанбе ӯро ба додгоҳ кашидаанд ва 3 мурофиааш низ гузаштааст: “Ҳафтаи оянда додгоҳ бояд қарори худро барорад. Агар маро аз ин хона пеш кунанд, ман бо ин фарзандонам ҷои рафтанӣ надорам. Ҳайронам чӣ мешуда бошад...”

Хосият Идиева гуфт, беш аз 30 сол дар Донишгоҳи тиббӣ кор кардааст ва 450 сомонӣ нафақа мегирад. Вай мегӯяд, ин пуле, ки дорад, барои таъмини хонаводааш кофӣ нест ва дар ҳалли қазияаш ночор мондааст. То ҳол мақомоти Душанбе дар ин замина изҳори назар накардаанд ва дар сурати дарёфти мавқеи онҳо ҳатман онро низ нашр хоҳем кард.


Мӯҳр
Zanja_23
Ташакур ба Рохбарияти Шахрдории Душанбе Хамихели Хизмати Мардумро Кунед Бисёр Рахбарони Бовафое Хастед Дастатон Дардро Набенад....

беном
Ин шахдори дар дарахтбури усто,дигар проблемахода вакт надоранд. Номамро наменависам боз додгохба шикоят набаранд ин корбахам вае усто.

Подоши захмати 30 сола барои нафаре ки садхо табибро дарс додааст.
Шогирдонаш шояд вазифахои сердаромади сохаи тандурусти бошанд, вале кадомаш дасти устодашро мегирифта бошад. Вазири тандурусти аз хисоби худ манзиле дихад, хеч чояш кам намешавад. Кани иттифоки касаба, ки муаллима 30 сол хаки азоги супорид. Ки хукукхои уро химоя мекунад? Аз нарасидани муаллимон харф мезананд, вале ки баъди чунин кадродони шудани хампешааш муаллими мекунад? Фарошхо ё лабарантхои тагодор? Албатта вакте муаллимони даврони Шурави ба нафака ё вафот мекунанд, чои онхоро бесаводон мегиранд. Зеро чавонон муаллими кардан намехоханд. бо маоши муаллими хона харида наметавонанд. Хобгох ба онхо намерасад, зеро барои он хам пул ва таго лозим. Сафи нафарони ба хорича мухочиршуда аз хисоби муаллимон низ ру ба афзоиш аст. Дар мактабхои миёна аксаран занхо кор мекунанд. Мардон аксарият б амухочират рафтаанд. Даврае ки мо тахсил мекардем аксарияти омузгорон мард буданд. Аз хамаи хамкасбони муаллима хохиш менамоям, ки акалан рухан уро дастгири намояд. Аз Озодагон хохиш дорам ки аксияи саховатмандтарин вазирро ташкил кунад. Шояд барои обру шуда ягон вазири ба соха наздик мехраш бедор шавад. Акалан барои рейтинги худаш ба муаллима кумак кунад ва хона надихад хам дар ягон хонахои чилу ё панчохуми бекорхобидааш чой барои истикомат дихад. Муаллими касби беокибат будааст ё шумо фикри дигар доред?

Душман
МАРДИ НАБУВАД ФИТОДАРО ПОЙ ЗАДАН, ИН НАВИСТАХОИ МОРО ЯГОН НАФАР МАНСАБДОРХО МЕХОНАДМИ Ё НЕМИ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)