Бахшҳо

Исфара: Корхонаи «Баракат» 1 400 тонна меваи хушк содир кардааст

Сафари Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд идома карда, рӯзи 4-уми август пас аз шаҳри Истаравшан ӯ ба шаҳри Исфара ташриф овард.


Тибқи иттиллои дафтари матбуотии президент боздиди кории райисҷумҳур т аз корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия-  «Баракат»,  ки самти асосии фаъолияташ коркарду бастабандии меваи хушк мебошад, оғоз ёфт. Гуфтанист, ин муассиса соли 2009 ба фаъолият шурӯъ намуда, дар майдони зиёда аз 850 метри мураббаъ ҷойгир шудааст. Корхона аз ду хатти технологӣ иборат аст, ки ҳар яке вобаста ба таъмини ашёи хом, дар як соат метавонад аз 300 то 700 кг меваи хушкро дар бастаҳои гуногуни дилхоҳи мизоҷон бастабандӣ кунад. Ҳоло корхонаи «Баракат»  бо корхонаи қаннодии «Богородская» -и Русия шартномаи ҳамкорӣ имзо намуда, ният дорад, ки содири ҳосили боғоти Тоҷикистонро, ҳамчунин ба кишварҳои Аврупо ба роҳ монад. Соли 2010 корхонаи «Баракат» 1 400 тонна меваи хушкро коркард ва содир намудааст. Корхона бо иқтидори имрўзааш метавонад зиёда аз 1500 тонна меваи хушкро бо сифати баланди мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ коркарду бастабандӣ намояд.

Зимнан, бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара, ҳамчунин як бинои 4 – ошёнаи маркази савдо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки  дар он 100 нафар  соҳиби ҷойи кор мешаванд.Танҳо дар сехи дўзандагии он 40 нафар занону духтарони шаҳри Исфара бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Дар хоҷагии деҳқонии Навгилеми шаҳри Исфара бошад, райисҷумҳур аз заминҳои сабзавот ва кишти такрорӣ дидан карда, ба таҷрибаи ибратбахши аҳли заҳмати он баҳои баланд дод. Тавре зикр гардид, аҳли заҳмати хоҷагӣ аз заминҳои ғалладона аз 50 то 70 сентнерӣ ҳосил рўёнда, дар ҷойи он кишти такрории сабзавот ва полезию лўбиёгиҳоро ба роҳ мондаанд. Дар 220 га офтобпараст барои дон кишт шудааст, ки аз он равған хоҳанд кашид. Барои ин коргоҳи равғанкашӣ ҳам бунёд ёфтааст. Ба иттилои роҳбарияти хоҷагӣ дар ин ҷо 8 намуди офтобпараст кишт мешавад, ки равғаннокии онҳо аз 40 то 56% - ро ташкил медиҳад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)