Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 март 2017, 01:17

Сафири тоҷик: "Мехоҳем дар Миср оромӣ ҳукмфармо бошад"

12 декабр 2013, 10:59

Назруллоҳи Назар, сафири Тоҷикистон дар Миср бо Аббос Шумон, намояндаи Донишгоҳи исломии ал-Азҳар мулоқоти расмиеро анҷом додааст.

Тибқи иттилои торнамои расмии донишгоҳи ал-Азҳар, ҷонибҳо дар ин ин мулоқот масоили рушд ва густариши ҳамкорӣ миёни ин донишгоҳи исломӣ ва муассисаҳои илмии Тоҷикистонро ба баҳс кашидаанд.

Сафири Тоҷикистон дар Миср дар ин дидор бо расонидани паёму дуруди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба шайхи Донишгоҳи ал-Азҳар Аҳмад ат-Таййиб иброз намудааст, ки сокинон ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша аз мардуми Миср ҳимоят карда, таманнои барқарорӣ ва ҳукмфармо будани сулҳу субот дар Миср мебошанд.

Аббос Шумон низ дар навбати худ иброз доштааст, ки Аҳмад ат-Таййиб назди тамоми масъулини донишгоҳи ал-Азҳар вазифа ва ҳадафҳои мушаххас гузоштааст, ки барои барқарори мавқеъ ва нақши ҷаҳонии он бояд иҷро шаванд. Ба гуфтаи вакили ал-Азҳар, яке аз аҳдофи муҳим, ин дастгирӣ ва кумаки фарзандони олами Ислом аз ҳама гӯша ва канори ҷаҳон бидуни дахолат ба умури дохилии кадом як давлате мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!