Бахшҳо

Саидалӣ Сиддиқов: “Бобои барфӣ ба анъанаи миллии мо рабт надорад”

Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, дар нақшаи барномаи асосии солинавӣ намоиши Бобои барфӣ ва Барфак ворид нашудааст. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, ин ду қаҳрамони аслии ҷашни Соли нави милодӣ ба анъанаҳои миллии тоҷикон пайванде надоранд.

“Ин навбат бештар ба арзишҳои миллии худамон бартарӣ дода хоҳад шуд. Барои мисол, дар барномаҳои телевизион ба мисли қабл мусиқӣ, рақсу суруд, барф, сайругашти оммавӣ ва таманниёти идона ҷой дорад, аммо бидуни нӯшокиҳои спиртӣ ва қаҳрамонҳо - Бобои барфӣ, Барфак ва арчаи солинавӣ”,-афзуд Саидалӣ Сиддиқов.

Муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, албатта, намоиш надодани Бобои барфиву Барфак дар телевизионҳо амр ё супориши хосе набуда, балки муаллифи барнома чунин хостааст. Ӯ изҳори дошт, “одамон аз пашша фил месозанд. Мо нагуфтем, ки Бобои барфӣ ва Барфаку арчаи солинавӣ бад аст. Ҷомеаи мо дунявист. Ҳар кас ихтиёр дорад бо хости худ онро ҷашн гирад. Ин ҳама идҳо ҷузъе аз фарҳанги мардуми мо шудааст ва ҷанбаи хуб ҳам дорад.”

Бобои барфӣ ва Барфак дар ҳоле ба барномаҳои солинавии телевизионҳо роҳ намеёбанд, ки дар остонаи соли нави 2012 нафаре дар тан либоси Бобои барфӣ дошт, мавриди ҳамла қарор гирифта, кушта шуд. Ин ҳодиса дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иттифоқ уфтода буд. Саидалии Сиддиқ мегӯяд, намоиш надодани Бобои барфӣ ва Барфак ба ин надорад ва танҳо хостаи таҳиягарони барномаҳои солинависту бас.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хелу бух машад охир ин иди мо нест. Ва шартам нест чашн гирифтани соли нав. Як арчаи соли нави аз 150 то 500-600 сомон шумо фикр кунед ки хам дар бучаи хонаатон залал мерасондар ва хам фойдае надорад. аз арча орох додан ба як факир 50 сомон тиен дуо диген ва дигар пулхоятонро барои пешравии зиндагии худ сарф мекардед хеле хуб мешуд.

о
Дед Мороз ва Снегурочка персонажхои афсонахои русхо хастанд. Ман хамон ба ном точикхое, ки ин кадар барои хамин Дед Мороз мотам эълон кардаанд умуман намефахмам. Фикрам ин аст, ки онхо дар рухияи руси тарбия ефтаанд. Онхоро манкурт меноманд.

Шоир
Тахиягарони барномахои солинави ашхоси боаклу гурури миллидошта будаанд. Дар хакикат бобои барфи ва барфаку арча ба фарханги мо марбут нест. Бегонапарасти бас аст.

Новый Год новые традиции современного Таджикистана..кишлак...и отсталость во всем скоро в афганистан превратят..стыдно..

Zanja_23
Бисёр хуб агар метавонистен идхои шармандаовар ба монанди 14 Феврал 23 Феврал 8 Март 9 Май ва рузи Вахдат миллиро чашн намегирифтед...

Ворис
афсус минбаро ин кишлокихо бо ин саводи кур куронаашон гирифтаанд. Торикистони ман ба "пеш" ба асри миёна!

Далер
Мардум Ман шуморо намефахмам. Охир зиеда аз 70 сол ин идро чашн мегирифтед ва хурсанд хам будед ба фикрам. Ягон касро на кофир мегуфтеду на миллатчиги мекардед. Холо бошад, Бобои Барфиро ба як иблис монанд кардед. Охир аз шумо на пул мепурсид бобои барфи на хурок. Ман боварии комил дорам, ки Сиддиков худаш хатман ин идро чашн мегирад, вале аз боло ки супориш доданд вай хам бояд ичро кунад ва "хувияти миллии" худро хифз намояд. Кай мо точико хувияти миллиямонро на бо ин кирдорхои намоиши балки бо амалхои реали нишон медихем?
Руз аз руз Точикистон ба чои он ки пеш равад, ба кафо харакат карда истодааст. Бо ин намуд зехният хамин кадар мешавад!!!

Zanja_23,
Гап дар бораи соли нав рафта истодааст БАРОДАР ва яке дигар гуфт ки кушлок НА кушлок не акнун мардум аклаш кор карда истодааст ки морам идхои худамон хаст ин соли нав иди мо нест МАГАР ШУМО МУСАЛМОН НЕСТЕД?
дар кучои ИСЛОМ омадааст соли нав агар чавоб дода тавонед чашн гирифтан гиред ин соли нав на аз мардуми мост на аз Ислом чи даркор чашни соли нав. агар чашн гиред мархамат зарараш бу худи шумо. агар капхои но чо зада бошам пеш аз хама бахшиш мепурсам.

ввп
беақлен дааааааааааааааа.

Zanja_23,
Магар 9 май , рузи галаба иди шармандагист ? Бобот чанг нарафтай ба фикрам ! ИН РУЗИ ШЕРОИ НАРР ? ТУ Ё САВОД НАДОРИ Ё ФАРОСАТ Ё ИНСОФ !!!!!!:-)

бисьёр кори "хуб" шуд, хамон тавре ки "забондонон" харфхои ц, ы, холо бошад харфхои у хатчадор ва ъ-ро бардоштан, лекин фарзандон ва наберагоми мо холо хам цирк ва самалёт мегуянд билеташкати

СП
Гову гулии халки точик дар он аст ки хам таърихи худро фаромуш кардаасту хам таърихи каси дигареро кабул надорад. барои хамин хам бадбахт аст.

Аввалин шуда дар руи замин муйсафедро хамчу рамзи омаду рафти як сол дар эронзамин шуруъ кардаанд. Бобо Фируз бо чомаи кабуд дар миллати мо пайдо шудааст, орову торо додани дарахт, тухфа додани хар гуна тухфахо. Баъд дар Скандинавияву, дигар нуктахои Аврупо пайдо шудааст.

Цитата: нафар
илеташкати

ХУДО ТАУФИК ДИХАД КИ БА ШУМО ФАХМОНДАН КИН

Umar
Бахсхои бехударо як су гузоред, бародаро. Кайд кардан ё накардани соли нав - ин интихоби шахсии кас аст. Ва чаноби саидали сиддик наметона хона ба хона гашта кайд кардана манъ кунад. шахсан ман аз хурди бо хамин ид калон шудам ва он ба ман аз чандин идхои навбаромади каду, асал в г. наздиктару хубтар аст.

Хамон каналхоятон хозирада ягон кас тамошо намекунад Соли нав ки магзи сарашона катии каналхоят вайрон мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)