Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:11

Таҳқиқот: Занони узбак иҷборан безурёт карда мешаванд

12 декабр 2013, 12:18

Наталя Антелава, хабарнигори минтақавии Бӣ-Бӣ-Сӣ дар Осиёи Марказӣ аз 10 то 13 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Ню Йорк ва Вашингтони Амрико дар бораи безурётсозии иҷбории занон дар Узбакистон гузориш медиҳад. Ин гузориш бо дастгирӣ ва ҳимояти Бунёди “Ҷомеаи боз” таҳия гардидааст.

Барномаи безурётсозии занон дар Узбакистон аз соли 1999 ба ин сӯ ба таври маҷбурӣ иҷро мешавад. Тибқи ин барнома даҳҳо ҳазор зани узбак, ки ду ва ё зиёда аз он фарзанд ба дунё овардаанд, иҷборан безурёт гардидаанд. Бояд гуфт, дар бештар маврид ҳадафи ин барнома занони бо вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ поин ва ақаллиятҳои қавмӣ қарор мегиранд.

Намояндагони муассисаҳои тандурустии Узбакистон барои иҷрои барномаи безурётсозии занон таҳти фишор қарор дошта, муваззафанд, ин амри аз боло "дастуршуда"-ро иҷро кунанд.

Дар гузориши хабарнигори Б-Бӣ-Сӣ аз ҷумла омадааст, ки таҳқиқоти ду сола, мусоҳибаҳо бо даҳҳо нафар аз қурбониён, 14 тан аз табибони ҳирфаӣ, бахусус ду мақоми баландпояи Вазорати тандурустии Узбакистон, дармон ва баррасии 53 нафар аз табибон дар саросари Узбакистон бозгӯи он мебошад, ки безурётсозии иҷбории занон дар ин кишвар ангезаи сиёсӣ мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Бовар

  • 12 декабр 2013 16:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шояд ба чумлаи акаллиятхои милли точикони мо хам дохил бошанд...(Харчанд дар Узбакистон точикон хеч гох акаллияти милли набуданду нестанд ва сохиби асли он сарзаминанд ва баръакс дигарон омадаанд) Бе ин хам дар ин чумхурии "дуст ва бародар" и мо барои равонан( рухан) нест кардани точикони мо ва онхоро узбак сохтан солхои дароз кор мекунанд. Акнун ин боз як кушиши точикситезхои шовинист ва пантуркисти Узбакистон барои нест кардани точикон аст. Мо, рушанфикрон бояд бо муаллифи ин гузориш ва точикони Узбакистон гуфтугухо карда, вокеиятро рушан кунем ва пеши рохи ин нажодпарастони узбакро бигирем!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!