Бахшҳо

Ташвиши Низомиддин Зоҳидов аз исломҳаросӣ дар ҷаҳон

Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон, аз густариши исломҳаросӣ дар ҷаҳон ва паёмадҳои нохуби он ибрози ташвиш кардааст.

Зоҳидов дар иҷлоси 40-уми Шӯрои вазирони умури хориҷии Созмони ҳамкориҳои исломӣ (OIC) зимни суханронии худ ба масоили исломҳаросӣ дахл карда гуфтааст, густариши он на танҳо боиси танишҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон шуда, балки ҷилвае аз ҷанг байни мазоҳиб ва тамаддунҳо мебошад. Ин дипломати тоҷик иброз намудааст, “бурдбории мазҳабӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ, заруртарин ниёзи ҷаҳони муосир мебошад”. Ба гуфтаи Зоҳидов, ҳадафи инҳо кумак ба ҳамзистии мусоламатомези миллату ақвом ва гуфтугӯи тамаддуну фарҳангҳо мебошад.

Муовини вазири умури хориҷии кишвар дар ин нишаст, ки рӯзҳои 9 ва 11 декабр дар шаҳри Конакри Гвинея баргузор шуд, мавқеи Тоҷикистон нисбат ба масоили аслии ҷаҳон, бахусус масъалаи Фаластин, рушди ихтилофи мазҳабӣ ва нажодӣ дар ҷаҳони Ислом, тақвияти равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узви ин созмонро равшан кардааст.

Низомиддин Зоҳидов аз омодагии Тоҷикистон бо кишварҳои исломӣ барои ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ хабар додааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
орзу
макомоти точикистон агар дар байни мусалмонхо сухбат кунанд фикр мекуни аз инхо дида мусалмон нест, вале агар дар байни аврупоихо ё гайри мусалмонхо сухбат кунанд мегуянд мо хами исломгарохо турма кардем. ин гапаш аз як тараф чой дорад вале аз исломхароси бештар дар худи хукуматихои точикистон дида мешавад.

Донишцу
Бародар Орзу бисёр хуб кайд кардаи ташакур!ман хайронам худошон чи кардан? албата ба цомеа фахмост, боз аз Ислом хароси харф мезанан!! Насихати ман ба шумо умри друзаи худро дар рохи ахкоми Исломи азиз сарф кунед яъне чи?? Монед хохархои мо бо хицоби Исломи ба макотибхои оли рох ёбан конуни 18с барои фарзандон бардошта шавад.........!!!

ъ
Гапи ин дипломатои мора касе гуш намекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)