Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:32

VIDEO: Тарафдорони Бобои барфӣ ва мухолифонаш дар Душанбе

13 декабр 2013, 10:07

Наворбардори “Озодагон” назари баъзе аз раҳгузарони хиёбони марказии Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро, дар бораи он пурсид, ки оё мехоҳанд, дар намоишҳои солинавии телевизионҳои кишвар Бобои барфиву Барфак намоиш дода шаванд, ё на.

Бештари назардиҳандагон мегуфтанд, ташнаи дидори Бобои барфиву Барфак тавассути телевизонҳоянд, махсусан дар шаби таҷлил аз Соли нави милодӣ. Тарафдорони Бобои барфӣ ва “набера”-и ӯ мегӯянд, ин қаҳрамонҳо ба касе халал нахоҳанд расонд, балки ба шодии кӯдакон хоҳанд афзуд. Вале сафи онҳое низ, ки мухолифи намоиши қаҳрамонҳои аслии Соли нави милодӣ буданд, кам нестанд. Яке аз онҳо гуфт, “агар Бобои барфиву Барфак бошанд, чӣ мешавад? Ҳеч чиз намешавад. Бе ҳамнҳо низ соли навро ҷашн гирифтан мумкин аст.”

Дар ин қатор онҳое низ буданд, ки ба демократӣ будани низоми Тоҷикистон ишора карда, мегуфтанд, бояд ҳар кас дар интихобаш озод бошад. Яке аз назардиҳандагон гуфт, ҳарчанд ӯ тарафдори намоиш додани Бобои барфиву Барфак аст, вале агар мақомот чунин бихоҳанд, бояд ба он эҳтиром гузошта шавад.

Назари тарадфорон ва мухолифони намоиши Бобои барфиву Барафак дар телевизионҳои кишварро дар ин навори видеоӣ бубинед:




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • в

  • 13 декабр 2013 10:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо безор аз хамон дед морозу снегурочкааш. Агар ришашро дед мороз тарошад, баъд майлаш. Масъала масъалаи риш аст.
Посух додан
  • dilshod

  • 13 декабр 2013 11:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин солинави дар дини мо нест ва жашн гирифтанаш харом мебошад аз дидгохи ислом ва бояд мусалмонон ин идро жашн нагиранд дар динимо дуид мебошад онхам иди мохи шарифи рамазон ва курбон мебошад озодагон озод бош
Посух додан
  • Маъруф

  • 13 декабр 2013 11:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар дигар проблема нест, ки хамин масъаларо мебардоред. Дигар миллатхо ба космос баромада истодаанду мо ришу, бобои барфию, барфак мегуем
Посух додан
  • Нозири рох

  • 13 декабр 2013 12:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Наворбардори Озодагон ба фикрам аз марказ наворбардори кардааст. Бисёри аз икоматкунандагони маркази шахр руспарас хастанд, аз харф задан ба точики худдори мекунанд дар холе ки дар Точикистон, дар байни точикзабон зиндаги менамоянд. Агар дар доираи афроди эътикодманд ва ботакво назарпурси мешуд, он гах хама мухолиф назар медоданд. Хамин назархо дар Интернет баёнгари онанд, ки ба мо соли нав даркор нест.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дамы и Господа Таджики Дед мороз и снегурочка не имееют нацанальности и границ они везбе есть но по разному их называют По этому пуст будут чтобы наши дети радовались празднику.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Господа из редакции озоды почему вы срезаете наши коментарии зачем тогда открылис когда вы в пользу государство играете

Извените окажется у вас в редакции сидят кгбшники и они за вас решают чего оставит а чего убрат,
Посух додан
  • сармо

  • 14 декабр 2013 00:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дафиш кун хамин бобои барфира. Нафратовар
Посух додан
  • 555

  • 14 декабр 2013 08:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин чашн гирифтан харом аст. Акидаи имоми Аъзам:Хар шахсе,ки ба идхои гайри дини касеро бо тухфае табрик гуяд у кофир аст ва аз нав Имон биерад ва аз нав никох кунад!
Посух додан
  • Суруш

  • 14 декабр 2013 11:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар кунед хамин чалламулохои бесавод кишварро ба андешаи бесаводона ва афсонахои хазор соли охир дар адабиёти исломи чопгашта безор кардаанд.Бародарон охир мо кишвари дуняви ва демократи хастем,бигузор касе ки хохад ид кунад,аллалхусус,ки солшумории мо масеххист.Ин чи гап хаст муллохои бесавод бо карнапуфи худ хамаро беакл ва чохил карда истодаанд.Аср асри нанатехнология хаст.Ислом имруз ба омузиши илмхои физика ва техника ниёз дорад на мавлудхонии афсонахои кудаконаи шумо!в,
Посух додан
  • Олим

  • 14 декабр 2013 16:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Суруш, мард бошу дар мурдаи наздиконат мулло даъват накарда, чанозаашро нанатехнология гуфта худат хон. Рози хасти?
Соли навро чашн нагири, аз дунёи муосир акиб мемони? Чи андешаи аблахонаест ин!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
.суруш дига чо гелиди ича чои муханасо нест да байни гапи мардако надро......
Посух додан
  • mygambo

  • 15 декабр 2013 18:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Маъруф,
Маъруф,
рост мега ин бародар
Мо дигар кор надорем ки ин проблемаро мебардорем
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алайкум бародарону хохарон. Сараввал хоҳиш менамоям, дар мавриди чопи фикру ақоиди худ, кӯшиш накунед, ки касеро паст занед ва озор диҳед. Баъдан ҳамин, ки агар дар мавриди фикри касе чизе гфтани бошед ба ӯ гӯед на ин, ки дар маҷмӯъ динро айбдор кунед. Дини Ислом ба ягон такмил ниёз надорад ва он роҳномо барои соҳибхирадон аст. Оятҳои аввалини онҳам дар мавзӯи хондану омӯхтану илм аст. Сухан бисёр аммо...Боқи ҳама дар амони Аллоҳ.
в,

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!