Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:03

Оқохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ба синни 77 расид

13 декабр 2013, 10:25

Рӯзи 13 декабр исмоилиёни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, рӯзи мавлуди Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони 4, имоми 49-уми худро таҷлил мекунанд. Пайравони мазҳаби Исмоилия, ки теъдодашон дар Тоҷикистон аз 200 ҳазор нафар зиёд асту аксарашон муқими вилояти Бадахшонанд, дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки дар рӯзи мавлуди Имоми Замон, одатан дар сатҳи маҳалҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ гузаронда мешаванд.

Оқохони чаҳорум, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, 13 декабри соли 1936 дар Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон зода шудааст. Дорои дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи Рушди Оқохон» (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони саввум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд. Оқохони чаҳорум чиҳилу нӯҳумин имоми исмоилиёни низорӣ ба шумор меравад.

Ҳоло дар Тоҷикистон дусад ҳазор пайрави исмоилия ба сар мебаранд, ки аксари онҳо муқими Бадахшони Тоҷикистонанд. Нахустин ва бузургтарин маркази фарҳангии исмоилиҳо дар маркази шаҳри Душанбе се соли пеш мавриди истифода қарор гирифт, ки айни ҳол яке аз маконҳои баргузории чорабиниҳои гунонуни фарҳангӣ-маърифатӣ мебошад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
100 сола шаванду боз саломату бардавом монанд!
Посух додан
  • Самарқанду Бухоро

  • 13 декабр 2013 12:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Каму гум!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар ман журналист мебудам, хар бор дар поёни макола дар бораи Окохони 4 кайд мекардам, ки ба воситаи созмонхояш ба мардуми Бадахшону Дарвозу Гарм ва дигари Точикистон дар солхои гушнаги кумаки бисёр карду халки точикро аз азоби гуруснаги халос кард. Носипос набошем.
Посух додан
  • Помирӣ

  • 13 декабр 2013 12:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зинда бошад!
Орзӯи ман ҳамин, ки Мардумро бештар ба меҳандӯстӣ тарбия кунад,
Посух додан
  • kulobi

  • 13 декабр 2013 15:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
tashakuri zied ba Agakhan ki dar ruzhoi saxt ba Tojikiston dasti khudro daroz kard tashakuri zied va 100 sola shavad
Посух додан
  • Салим

  • 13 декабр 2013 15:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хай Худо умрша ай ида зиёд куна. Мода Огохон даркор нест. Аз инда ягон маколае нависен ки мо аз у дар зиндагии худамон ягончи ёд гирем. И огохон канд Боигарии точика бурд. Аз сад фоизи бурдагиш 10% ша ёрдам кард. Мардума дилшона бурдай. Мардуми Бадахшон ба фахмидагии ма дастоша буса мекунан ки як бурда ноншон додааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Исмоилиёни шиаи мусалмони Точикистон пас аз 68 соли чудои боз ба исломи серчанба ворид шуданд.Ман ба шиаи умуми аслан эътимод надорам,аммо фалсафа ва маънавиёти исмолиён чанбаи мусбат ва мутраки дорад.Дар 23 сол ихир Хазати Огохон дар суханронихояш факат аз Ислом сухан мекунад.Соли 1993 у ба мукобили исломтарсии Аврупоиён мубориза шуруъ намуд.Боз он чиз ба ман хеле писанд аст,ки у миллати точикро сутун ва чанин ориён мешуморад. (аз суханронии Огохон дар ифтитохи колечи тиббии Карочи 1973)
Посух додан
  • Огохони 9

  • 13 декабр 2013 17:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз огохон ба мо чи суд ва умуман у худ кист? Имоми исмоилихо, хамонгуна, ки Хазрати Имоми Аъзам (р) барои суннихост ё? Чи таълиф карда, чи гоме барои рушди Ислом бардоштааст?! Дар интернет расмхояшро мебини пахлуи занони сарлуч. Ман нафахмидам чизеро, дустон.
Посух додан
  • Суруш

  • 13 декабр 2013 19:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо ба Огохони 4-ум ва амакаш Садриддин Огохон ,муовини муншии созмон миллаи муттахид,ки ба гуфти Примаков ин шахсиятхои бузург дар cулхи точикон бо обури бузурги худ дар микёси чахони ва обуруи бобои яке ва падараи дигаре Огохони 3 рохбари Лигаи миллатхои чахон дар сулхи-байни точикон ва пешгирии точиккушии туркони дохили ва беруни накши калиди доштанд ва аз давлати вакти точикон,пуштибони ба амал оварданд ташаккур мегуем.Мо аз пуштибонии ин хонаводаи пайгамбар барои рушду нумуъи илми техникии исломи ва нигохдории фарханги меъмории исломи ташаккур мекунем.Моро ин шахсиятхои бузург ба пайгамбар бо 49 пушти худ мепайванданд аз ин ру наметавонам,ки онхоро нах занам ва дашном кунам!Хамчун муслим фардо бо кадом ру бо пайгамбари ислом во хохад хурд?
Посух додан
  • tojik

  • 14 декабр 2013 10:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ba xotiri payombaramon mo boyad hurmatashonro donem.lekin ba fikram az farzhoi islom durand
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо умрша зиёда куна шери нарай вакти чанг як бар бара хами одам ёрдам кард дастгириш расидагияй шери нари хдмонай
Посух додан
  • Диловарова М

  • 16 май 2016 23:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муборак бод ба хонаводаи Волохазрат

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!