Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:14

Баргузории тазоҳурот алайҳи исломситезӣ дар маркази шаҳри Маскав

13 декабр 2013, 10:49

Намояндагони ҷунбишҳои иҷтимоии Қафқози Шимолӣ тасмим доранд, ба хотири норозигӣ аз сиёсати феълии Кремл дар маркази шаҳри Маскави Русия даст ба тазоҳурот зананд.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, Абакар Абакаров, намояндаи яке аз ҳаракатҳои иҷтимоии Доғистон дар тазоҳуроте, ки чанде қабл дар шаҳри Махачкала барпо шуд, ин тасмими ҳаммаслаконашро эълон доштааст.

Баргузоркунандагони ин тазоҳурот гуфтаанд, гирдиҳамоии эшон қарор аст, дар рӯзҳои наздик дар майдони “Манеж”-и Маскав баргузор шавад. Ба гуфтаи онҳо, ҳадаф аз ин тазоҳурот, нишон додани эътирози сокинон ба исломситезӣ дар Русия мебошад.

Ин сокинони Қафқози Шимолӣ мегӯянд, аз вазъи ба вуҷуд омада, ки ба бар намудани рӯсарӣ барои духтарони мусулмон дар таълимгоҳҳои миёна манъ буда, аз бунёди масоҷид ҷилавгирӣ ва мусулмонони фаъоли ин минтақа паси панҷара мешавад, розӣ нестанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!