Бахшҳо
13 дек 2013 10:50Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон барои видоъ бо Мандела намеравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими видоъ бо Нелсон Мандела -- собиқ раисиҷумҳури Африқои Ҷанубӣ, ки дар назар аст, 15 декабр баргузор гардад, иштирок нахоҳад кард. Дар ин бора ба “Озодагон” Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи оқои Раҳмон, хабар дода ва гуфт, сафари ӯ ба Африқои Ҷанубӣ дар назар гирифта нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки тақрибан аз 60 кишвари ҷаҳон барои иштирок дар маросими видоъ бо Нелсон Мандела вориди Африқои Ҷанубӣ шудаанд. Мандела, нахустин раисиҷумҳури сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ, рӯзи 5 декабри соли ҷорӣ дар синни 95 аз олам даргузашт. Вай яке аз муборизони ҳифзи ҳуқуқи мардуми сиёҳпӯст буд ва 26 соли умрашро дар маҳбас гузарондааст.

Гуфта мешавад, вай дар зиндон ба маризии сил гирифтор шуд ва ҳамин беморӣ ӯро зиёд азият медод. Вай 18 июли соли 1918 таваллуд шуда, пас аз хатми коллеҷ бо истибдод дар Африқои Ҷанубӣ муборизаи шадидро оғоз кард. Соли 1950 Мандела президенти лигаи ҷавонони Конгресси миллии Африқо таъин шуд. Соли 1964 аз сӯи ҷонибдорони истибдод боздошт ва барои 26 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Соли 1990 аз маҳбас раҳо гардида, соли 1994 дар интихоботи президентӣ пирӯз ва аввалин раисиҷумҳури сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ гардид. Соли 1999 Нелсон Мандела ба истеъфо рафт.

Барои талошҳояш барои сулҳ, баробарҳуқуқии сиёҳпӯстон дар кишвараш ва сайёра Нелсон Мандела бо бисёр ҷоизаҳо қадр шудааст, ки маъруфтаринаш ҷоизаи сулҳи Нобел мебошад. Вай узви фахрии беш аз 50 донишгоҳи ҷаҳон буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
озод
дар ончо бояд касоне ки хохиши озод будани милатхояшонро доранд шикат кунанд!!!

п
Кори хуб намешавад. Рафтан даркор буд.

Шам
Касе уро ончо мунтазир хам нест!!! Рафтану нарафтани у ба ончо хеч таъгироте намедихад, чунки хар кас бояд пояшро ба чени курпааш дароз кунад!!!

Бекор
Дуруст мекунанд Ҷаноби Олӣ. Он 50-60 ҳазор долларе, ки танҳо барои кирояи самолет харҷ мешавад, ба 5 ё 6 камбағал дода шавад, натиҷаи беҳтаре аз видоъ бо ҷанозаи Мандело хоҳад дошт.

Зиёд парешон нашавед, шукри худо дар ин ҷо ҳам Тоҷикҳои худамон монанди банда ҳастанд ва кору зиндаги мекунанд.
Даркор шавад таъзияти худро аз номи мардуми Тоҷик барои мардуми Ҷануби Африқо мерасонем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)