Узбакистон маҳбусзанҳои то 18 соларо авф мекунад
Дар Узбакистон бонувони зери 18 ва мардони аз 60 боло, инчунин шаҳрвандони хориҷиро аз зиндон раҳо мекунанд. Ин иқдом ба хотири 21-умин солгарди Қонуни асосии ин кишвар рӯи даст гирифта шудааст.
Сенати Олий Маҷлис, палатаи болоии парлумони Узбакистон қарор дар бораи раҳоии бонувоне, ки замони анҷоми ҷиноят ба сини 18 нарасида буданд, мардони аз 60 сола боло ва шаҳрвандони хориҷиро аз маҳбас тасвиб кард.
Гуфта мешавад, афроде мавриди авф қарор мегиранд, ки бо ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ анҷомдода ҳабс шудаанд ва ё маротибаи аввал зиндонӣ гардидаанд. Маъюбони гуруҳҳои I ва II, инчунин маризони вазнин ҳам раҳо хоҳанд шуд.
Ба омори расмӣ то оғози соли 2013 дар Узбакистон ба сари 100 ҳазор аҳолӣ 166 маҳбус рост меомад. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |