Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:41

Таъини раисони Исфараю Ваҳдат ва мақоми нави Девонаев

13 декабр 2013, 16:55

Рӯзи 13 декабр раисиҷумҳури Тоҷикистон раҳбарони баъзе аз шаҳру навоҳии кишварро иваз карда, дар сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла Вазорати умури дохилӣ, тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Раҳмоналӣ Амиров, раиси шаҳри Исфара, аз мақоми худ барканор шуда, раиси шаҳри Ваҳдат таъин гардидааст. То ин муддат дар курсии раиси Ваҳдат -- Анвари Вайсиддин такя зада буд. Ҳоло Даврон Зоҳидов иҷрокунандаи раиси шаҳри Исфара мебошад. Инчунин, Имом Мирзоев иҷрокунандаи вазифаи раиси Файзобод, Амирбек Маҳмадалиев, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ёвон ва Саидбурҳон Абдураҳмонов иҷрокунандаи вазифаи раиси Дарвоз таъин шудаанд.

Сафиалло Девонаев, раҳбари пешини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ки баъд аз барҳам хӯрдани ин хадамот ва дар ихтиёри вазорати меҳнат гузаштани вазифаҳои он, бе мансаби баланд монда буд, ба курсии сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти муташаккили Вазорати умури дохилӣ нишастааст. Қаблан ин вазифаро Ҷӯрахон Зоиров ба ӯҳда дошт, ки ҳоло сардори Академияи Вазорати умури дохилӣ таъин гардидааст. Анвар Бобоев вазифаи пешини Сафиалло Девонаевро ба дӯш гирифтааст.

Маҳмадсаид Пиров, собиқ директори телевизиони “Сафина”, ки солҳои охир дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ машғули кор буд, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин шудааст. Оқои Пиров дар ин мақом Миралӣ Достиевро иваз кард, ки ҳамагӣ чанд рӯзи пеш раҳбари Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таъин шуда ва ба кор оғоз намуд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, инчунин, сардорони як қатор раёсатҳои сохтории Вазорати умури дохилӣ ва шӯъбаҳои зиёди он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иваз шудаанд. Аз ҷумла, Ҷалолиддин Садриддинов, ки мушовири вазири умури дохилӣ буд, сардори дафтари матбуот шуда, дар ин вазифа Маҳмадулло Асадуллоевро иваз кардааст. Оқои Маҳмудллоев ба раёсати амнияти Вазорати умури дохилӣ гузаштааст. “Чанд тағйироти кадрии дигар дар мақомоти амният ва назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҳам Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон амалӣ карда шуд”,-гуфт манбаъ. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин кадрҳоро ба ҳузур пазируфта, аз онҳо даъват кардааст, ки софдилонаю содиқона ба халқу Ватан хидмат намоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мухочир

  • 13 декабр 2013 17:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ба хамаи Хонандагон Рости мо аз ин АЛИК-МАЛИК хаста шудем. Кай аз ин мардумфиреби Хукумати мо даст мебардошта бошад. Шояд мо иштибох мекунем, ки аз ин Хукумат орзуи бехбудиро дошта бошем. Зеро Хукумате, ки тули 20 сол аст мушкилоти мухим ва аввалияи зиндаги ба мисли таъмини мардум бо барк, чойи кор, махалбози ва .... -ро хал накардааст маълум аст, ки орзуи чунин коре хаёли хом бошад.
Посух додан
  • рахмон

  • 13 декабр 2013 17:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
раиси хамаи шахру дехот иваз шуд раиси дехаи чоркух кай нав мешудабошад чоркуханад замин намонд хамаша фурухт
Посух додан
  • зарафшони

  • 13 декабр 2013 17:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БАЧАХО ДАСТГИРИ КУНЕД МАРО РАИСИ ШАХРИ ПАНЧАКЕНТ МОНАННД ЗАХИРАИ КАДРХОДА ХАСТАМ)))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
зарафшони,Ту ДАНГАРАГИ НЕСТИЮ ЧИХЕЛИ ТУРА ДАСТГИРИ КУНЕМ?ИН ФИКРА АЗ САРАТ ДУР КУН
Посух додан
  • Суруш

  • 13 декабр 2013 20:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кисмати зиёди-ин-шахсон- саводи лозимае-надоранд.Баро--ман нофа--мост,ки мо ба-кучо равонед.Хайфи-миллат ва истиклолист!
Посух додан
  • м

  • 14 декабр 2013 00:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
алик маликуш кад бо хай аслан мо милатам нестем ба ин лаганбардори бе фикри шахси доштанмон
Посух додан
  • заврони

  • 14 декабр 2013 07:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
насиб бошад як дангопаспорт мегирам баад тмошо кнед РАИСИ ПАНЧАКЕНТ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ба хама ва баад ба хамин Чаноб ....хамая иваз кардед о аз Варзоб ро хам иваз кунед ки дар Варзоб чо намонд...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Сафиалло Девонаев, раҳбари пешини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, бе мансаби баланд монда буданд....
Ин мардуми Хатлон бе мансаби баланд зиндагиро тассавур кардан наметавонанд чи?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтартин чихел нагз раиси Вахдата гирифтан

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!