Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:11

12-уми феврали соли 2012 интихоботи президентӣ сурат мепазирад

5 август 2011, 04:54

Парлумони Туркманистон санаи баргузории интихоботи раисҷумҳури ин кишварро 12 феврали соли 2012 муқаррар кард.


Дар ин бора расонаҳои хабарии Туркманистон иттилоъ медиҳанд.  Мутобиқ ба Сарқонуни ин кишвар мардум президенти кишварро  барои 5 сол интихоб мекунад. Чун интихоботи пешин расо 5 сол пеш 11 феврали соли 2007 баъди вафоти президенти якумрии Туркманистон- Туркманбошӣ Сафармурод Ниёзов доир шуда буд, акнун дар интихоботи навбатӣ мардум садри худро барои 5 соли баъдӣ ба раёсат мепазиранд. Он навбат барои расидан ба маснади райисҷумҳур 5 номзад талош карда, Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов комёб шуда буд. Ҳамакнун, президенти феълии Туркманистон ҳақ дорад дубора барои  расидан ба маснадаш талош варзад. Президенти Туркманистон тибқи қавонини ин кишвар метавонад шаҳрванди аз 40 сола на каму аз 70 сола на боло, зодаи Турманистон, донандаи забони давлатии ин кишвар ва ҳудуди 15 соли ахир дар ин кишвар зиндагӣ дошта, интихоб гардад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!