Бахшҳо

Сухани охирини Зайд Саидов аз забони вакилони дифояш (ВИДЕО)

Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов -- соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, рӯзи 13 декабр бо баргузории нишасти хабарӣ чанд банди аслии сухани ниҳоии нафари таҳти ҳимояташ дар додгоҳро эълон дошт. Зайд Саидов рӯзи 11 декабр дар додгоҳ 2,5 соат баромади ниҳоӣ карда, ҳамаи иттиҳомоти мақомотро алайҳи худ тӯҳмат номида буд.

Оқои Табаров гуфт, сухани ниҳоии худро Зайд Саидов бо анҷоми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон пирӯз шуд, шурӯъ намудааст. “Зайд Саидов баъд аз интихоб шудани раисиҷумҳури тозаинтихоб ва баргузории маросими адои савганди Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти оянда муваффақият хост. Нафари зерҳимояи мо гуфт, чун президент дар қасамёдкунии худ ваъдаи ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандон кард, ҳамакнун ҳалли дуруст ва одилонаи парвандаи худро дар ӯ мебинад”,-афзуд Табаров.

Ба қавли Исҳоқ Табаров, нафари таҳти ҳимояти онҳо дар додгоҳ пиромуни сармоядорияш низ ҳарф задааст. Вай гуфта, ки воқеан шахси сармоядор аст, аммо ҳамаи онро бо азобу заҳматҳои зиёд дар Русия ба даст овардааст. “Баъд аз таклифи раисиҷумҳур оиди баргаштан ба Ватан розӣ шудам, ки бо худ беш аз 20 миллион сармояамро ба кишвар орам. Ҳама сармояашонро ба берун мебаранд, вале ман барои ободии Ватан ба кишвар овардам”,-гуфтааст Зайд Саидов.

Ин соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон дар идома афзудааст, “имрӯз мақомоти тафтишотӣ маро ҳамчун ҷинояткори махсусан хавфнок тавассутти шабакаҳои телевизони давлатӣ, ҳатто телевизиони кӯдаконаи “Баҳористон” намоиш медиҳанд. Ман ҳеч вақт ба Ватан, ба ҳукумати ҷумҳурӣ, президент ва халқам хиёнат накардаам. Ҳамон дороиҳое, ки ба фарзандонам тааллуқ доранд, бо меҳнати ҳалол ба даст омадааст. Агар ин амволи ман ба касе даркор бошад, онро аз ман бигирад.”

Исҳоқ Табаров мегӯяд, Зайд Саидов дар идома ба он ишора кардааст, ки ҳамеша мавқеи марказгароӣ дошт ва тасмими таъсиси “Тоҷикистони нав” низ ба ҷуз ширкат дар интихоботи парлумонӣ ва ба даст овардани чанд курсии Маҷлиси намояндагон чизи дигаре набуд.

Мӯҳр
Salom,

In shakhs khudash nagz medonist ki Janobi Olii chikhel hurmatash mekunad. Lekin ba hamai in nigoh nakardaa ba siyosat dast zad. Zayd boyad businessii khudashroo idoma medod megash. Khair dar hamin musohibae ki Zayd ba Radio Ozodii dod in baroi khudashroo dardii sar kharid. https://www.youtube.com/watch?v=X23QNvsYghM

Baroi hamin digar ba kadom ruyat az President khohish dorii? Khohish nakuned. Khap kardaa shined ok..

ба Довуд
Dovud,
Шумо мисли ин ки аслан точикиро намефахмед. Шумо дар кучо дидед ки Зайд аз чаноби оли хохиш кардааст?
магар президент кафили хукукхои ману Шумову Зайд нест?
о бизнесмен дигар хак надорад ба сиёсат руй оаварад? чи миллатем мо? ин сиёсат факат барои хубрагон аз нохияи Дангара асту тамом?
илтимос бародар камтар аз таъасуб фароед ва бо чашми инсоф ба руйдод нигох кунед. инсоф хам хуб чиз аст...

ин ҳолати ба сари акаи Зайд омадаро дида беихтиёр гуфтаҳои Ҳофизи бузург ба ёдам омад :
Аспи този шуда маҷруҳ ба зери полон
Тавқи заррин ҳама дар гардани хар мебинам
Ва ман мегуям:
Акаи Зайд шуда ғамгин ба кунҷи зиндон
дида гирёну дустон парешону душман хунхор мебинам

Dovud, ба Довуд! З сол кабл, дар як бахси сари дастархон хуб ед дорам, вакте нав фундаменти 20 ошенаи домпечатро сар карда буданд, як марди мутахасиси сохтмон ва тендерхои сохтмони, ки худ низ чун мутахассис дар ин бино сахм дорад гуфт: "ин охирин тендери Зайд аст, намедонам, ки Зайд медонад е не, максади ризояти ин тендеро ба Зайд додан пули уро кашида гирифтан аст бо воситаи хамин проект, ва хар маблаге нарасад бояд Зайд аз сармояи худаш сарф кунад, агар бо ин рох банкрот нашуд, уро роххои дигар мечуянд. Зайд хеле содаги кард, ки ин тендеро гирифт, дилам ба ояндааш месузад, ки максади асли тичораташро шикастан аст". Вакте уро хабс карданд, сухани ин марди ОГОХ ба едам омад. Ман хам ин суханхоро дар аввал афсона пиндоштам, аммо баъд фахмидам, ки ин мард аз кабл аз ин фитнахо огох будааст.

Dovud,

Салом Довуд,

Шумо хато мекунед. Мардуми мо вакте шикамашон сер шуд парвои гурусна надоранд, алалхусус ашхосе, ки имруз лаганд мебардоранд, аммо ин мард аз он нафароне нест, ки ба кашшокию нодории мардум дилаш насузад. Ба андешаи ман у танхо ба хотири ободи ва бехтар гардонидани шароити хуб барои точирон вориди сиёсат шудан мехохад, зеро у корашро бехтар аз дигарон медонад.

Мухаммади Хатлони
Салом! эй Довуд калаатро кор фармон тухам Точики ва ояндаи тухам мисли Зайд аст, ояндаи хаммаи Точикони озодихох хамин аст агар чашм накушода гап занем ... мо бояд бедор шавем !!! то кай дидаву дониста пуштии як оиларо мегирем? камтар номус доштан лозим имон доштан лозим мар будан лозим ... охир ин дуне аз сари хаммаамон мемонад ... пеши Худо мерем чи чавоб дорем?

ин мард шеринар буд ин мард ободии миллат мехост ин мардра кушанд хам хамчун кахрамон номаш дар таърих боки хохад монд

акаи Довудшох хеччи зик нашавед инхо хакикатро кабул намекунанд адолатло намехоханд аздасти ин беномусхо Точикистони мо хеч аз карз намебарояд ин намуд беномусхо намедонанд ки инкадар ободихое, ки дар телевизиён нишон медиханд хаммаш карз аст бади чадсол ин карзро баргардонда наметавонанд давлатро порапора карда дар карз метан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)