Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:50

Ранг бину ҳол пурс. Саргардонии сокинони бехона дар сармо (Акс+Видео)

14 декабр 2013, 09:26

Нилуфари КАРИМ

Бархе аз зарардидагони заминҷунбии 10 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат мегӯянд, бо фарорасии сардиҳо зиндагӣ дар хаймаҳои тақдимкардаи ҳукумат тоқатфарсо гардидааст. Ба қавли онҳо, ба истиснои хаймаҳо дар рӯзҳои аввал дигар аз мақомот ба ҷуз ваъдаҳо кумакеро надидаанд.

Субҳия Қурбонова, омӯзгори мактаби рақами 80-и деҳаи Арбобкамоли ҷамоати Карими Исмоили Ваҳдат, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар як хайма 9 нафар зиндагӣ мекарданд, вале бинобар сард будани ҳаво ба хонаҳои хешу таборашон тақсим шудаанд. “Ҳозир дар хайма танҳо ман ва бародари хурдиям мондаем. Як оилаи калонамон пароканда шуд. Ҳоло намедонем, ки ба мо хона медиҳанд, ё не. Аз ҳукумати шаҳр як бор аз аҳволи мо хабар гирифтанду тамом. Як кас намепурсад, ки чӣ ҳол доред?”,-афзуд ӯ.

Қурбонова мегӯяд, аз кумаки Вазорати маорифи Тоҷикистон низ, ки ахиран ба омӯзгорони зарардида дар заминҷунбӣ ироа шуд, бенасиб мондааст: “Мудири маориф Камолов ба ман гуфт, номи Шумо дар рӯйхат нест. Ба он хотир ки Шумо хона мегиред. Ҳарчанд директори мактаб гуфт, номи ман дар рӯйхат ҳаст. Ҳоло дар хона танҳо ман кор карда, оиларо мехӯронам. Кӯдакҳоямон саломатиашон хуб нест. Баъд аз ҳамон заминларза лоғар шуда рафтаанд. Гурдаҳои худам низ аз сардӣ ба дард омадаанд.”



Сафар Солеҳзода, сокини дигари Ваҳдат, ки дар пайи заминларза манзилашон хароб шудаву модараш ҳанӯз бемор аст, гуфт, “ба мо ваъда доданд, ки хона медиҳанд, аммо нагуфтанд, кай. Як хайма оварда доданд, дар он ҷо бародари хурдиам бо модарам тақрибан як ҳафта зиндагӣ карданд. Аммо ҳаво хунук шуду модарам ба хонаи бобоям ва бародари хурдиям ба хонаи амакам рафтанд. Падарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия аст. Ману бародари дигарам донишҷӯем ва дар шаҳр иҷора менишинем.”

Соҳибҷамол Сайдалиеваи 62-сола низ мегӯяд, баъд аз заминларза хонааш зарар дида, саломатияш низ бад шудааст: “Ҳозир дар ҳамон хонаҳои вайрона зиндагӣ дорем. Як бор, намедонам, аз куҷо буд, ки ёрӣ карданд. Ба мо ҳеч чиз нагуфтанд, ки хона медиҳем, ё не. Як бор аз ҳукумат омада диданд ва гуфтанд, ки зарари дидаамон сабук аст. Лекин ба фикрам як бор барф борад, хона фурӯ меравад.”



Дар ҳамин ҳол, Шодибек Азимов, сардори шӯъбаи сохтмони асосии шаҳри Ваҳдат гуфт, дар майдони 14 ҳектор замин дар деҳаи Исмоилобод барои 103 оилаи аз офати табиӣ зарардида хона бунёд мекунанд: “Мо аз 12 ноябри соли ҷорӣ дар ин майдон сохтмони хонаҳоро шурӯъ кардем. Айни замон бо нақшаи ҳукумати ҷумҳурӣ шаҳри Ваҳдат 12 хонаи истиқоматӣ бунёд менамояд, ки аллакай дар 9 хона, сохтмони бомпӯш оғоз гардида дар 3 хонаи дигар бунёди деворҳо идома дорад. Дар майдончаи сохтмонӣ ғайр аз шаҳри Ваҳдат, инчунин, 10 хонаи дигарро шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд месозанд. Аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар 8 хонаи дигар бояд бунёд шавад. Аз ҷониби ҳукуматҳои Шаҳринав, Варзоб ва Амонатбонк бояд якхонаӣ сохта шавад, ки сохтмонаш оғоз ёфтааст. Аз рӯи нақша бояд то охири моҳи феврали соли 2014 сохтмонро пурра ба анҷом расонем. Дар умум, аз ҷониби Оҷонсии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурӣ барои як хона хароҷотнома ба маблағи 186 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.”

Заминларзаи харобиовар дар шаҳри Ваҳдат субҳи 10 ноябр рух дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, дар натиҷаи ин заминларза 104 хоҷагӣ пурра ва 259 хоҷагӣ қисман зарар дидаанд.


Ранг бину ҳол пурс. Саргардонии сокинони бехона дар сармо (Акс+Видео)

Ранг бину ҳол пурс. Саргардонии сокинони бехона дар сармо (Акс+Видео)

Ранг бину ҳол пурс. Саргардонии сокинони бехона дар сармо (Акс+Видео)

Ранг бину ҳол пурс. Саргардонии сокинони бехона дар сармо (Акс+Видео)

Ранг бину ҳол пурс. Саргардонии сокинони бехона дар сармо (Акс+Видео)

Ранг бину ҳол пурс. Саргардонии сокинони бехона дар сармо (Акс+Видео)

Ранг бину ҳол пурс. Саргардонии сокинони бехона дар сармо (Акс+Видео)

Ранг бину ҳол пурс. Саргардонии сокинони бехона дар сармо (Акс+Видео)

Ранг бину ҳол пурс. Саргардонии сокинони бехона дар сармо (Акс+Видео)

Ранг бину ҳол пурс. Саргардонии сокинони бехона дар сармо (Акс+Видео)

Ранг бину ҳол пурс. Саргардонии сокинони бехона дар сармо (Акс+Видео)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман дар германия торгпрнд кор мекнм, мара як вазифаи соз бтан мисол раиси бозори шохмансур кнан махам як хона месозм!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хай акнун таъриф кардан гиред .То интихобот мардум "шукрона карда"буд.Гуломон...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Амонатбонк-ба чавр накунед 1 хона ин маблаги бисёр меравад акалан нисфаша дихад кифоя!
Посух додан
  • Дилшод

  • 15 декабр 2013 11:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хукумат: "Андозро бояд супурд" Андоздиханда ба Хукумат: " Хонахои зарардидагонро бояд сохт"

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!