Бахшҳо

Игор Сатторов аз “Талко” ба Вазорати умури хориҷӣ меояд

Игор Сатторов, сардори Идораи таҳлил ва иттилооти ширкати “Талко”, аз ҳафтаи оянда ба ҳайси сухангӯи вазири умури хориҷии Тоҷикистон корро оғоз хоҳад кард. Як манбаи “Озодагон” дар ин бора иттилоъ дода ва гуфт, қарор аст, муаррифии Сатторов оғози ҳафтаи оянда сурат бигирад.

Игор Сатторов дар гузашта, аз соли 1995 то 2007, низ ба ҳайси сухангӯ дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. Вай соли 2007 мушовири сафири Тоҷикистон дар Олмон таъин шуда, баъдан барои кор ба ширкати “Талко” омад. Оқои Сатторов 53 сол дошта, факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1994 ба корҳои дипломатӣ машғул аст.

Дар ҳоли ҳозир Абдулфайз Атоев сухангӯи Вазорати умури хориҷист. Вай моҳи апрели соли ҷорӣ ба ин мақом таъин шуда, Давлат Назриро иваз карда буд. Оқои Атоев то соли 1993 бештар ба фаъолиятҳои хабарнигорӣ машғул буда, баъд аз он ба фаъолиятҳои дипломатӣ пардохтааст. Дар ин муддат ба ҳайси дипломат дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Эрон ва Афғонистон ва ҳамчун консул дар Қундуз ифои вазифа намудааст.


Акс аз саҳифаи Фейсбуки Игор Сатторов
Мӯҳр
Tojiki ozod
Ё тавба.... Нафаре, ки забони давлатиро намедонад, миллати точикро бад мебинад, чи гуна метавон уро сухангуи як давлат кард? Чи гуна ин шахс метавонад манфиатхои миллиамонро химоя кунад??? акл кучост?

Ин шахс дар посухе оиди сатхи касбии Аслов суханхои по дар хаво карда кариб буд ки дар як радиф бо Лаврову Керри хамвазн кард Акнун замона хамин ба миллат кори мо чи мо хамду саноро дуст медорам ва вазифа хамкадами он

Точики хаусдхур.Забони давлатиро Игор аз ту сад бор бехтар медонад.Обру ва макоми ВКХ-ро дар солхои 1993- 2001 хамин Сатторов бардошт.Хатогии Зарифи хамин буд,ки уро аз вазорат дур кард.Имруз то ба хол ин вазорат аз руи барномаи Сатторов кор мекунад.

Tojiki ozod
Саидмахмуд,
Ягон мусоҳибаи Игори забондонатро парто, ки хонему фаҳмем, ки дар ҳақиқат медонад забонро. Фикр мекунам ҳозир дар ҷустуҷӯи тарҷумон аст, то ин навиштаро барояш тарҷума кунанд.
Ростгуй,
Дуруст қайд намудӣ. Имрӯзҳо дуруст истифода бурдани забонро ҳар кас ҳар хел мефаҳмад.

Саиднаргис
Куҷои ВКХро бардошт, ки мо надидем? Чи кор кард?

Мустафа
Ин Игор барномаи зиндагиашро надораду барнома барои ВКХ кай карда бошад? Ачоиб.

Буз аз МИД
Игорь Сатторович, миллаташ узбак, танҳо забони русиро медонад. Ба Саидмахмуд гуфтаниам, ки Игорро касе аз МИД дур накардааст. У, ба гуфтаи худаш, аз сабаби бо забони точики проблема доштанаш баъди ду хафта дар МИД фахмид, ки кор карда наметавонад. Барои хамин баромада рафт, ба коре ки маоши як мохааш баробари маоши дахмохаи вазир буд.
Нуктаи дигарро Ростгуй гуфт, ки у Асловро он кадар таъриф карда буд, ки ачаб не Аслов барои ин хизматаш уро бенасиб намонад. Бояд як чизро дониста бошед, ки Аслов мисли Сатторов падараш узбак астанд...

Озодагон, озод боши, навиштахои маро бе тагир чоп кун...

Саидмахмуд,
Hudi Satorov obru dorad? Vai kist??? Zarifi qanta zan, ki haminoro az vazorat sursh kard. Uzbak, ki na vazoratu na davlat, faqak hudsha hamacho tairif mekunad. Odame, ki zaboni davlati maqom hurmat namekunad, odame beinsofu bevatandust.

Sado az olmon
Man shohidi on hastam ki in odam zaboni tojikiro to soli 2009 namedonist holo boshad ma'lumot nadoram gar yagon koraton dar nazdi in odam faroyadu ba u yagon mayda farq nadorad, ki az rui qonun u be sarfi mablag in korro boyad hal kunad yo ne, hatman az Shumo pul mesitonad.

Кист у Игор Сатторов, ки чамият омаду рафти уро ба Вазорати корхои хоричи мухокима менамояд. Инсоне, ки забони давлатиро намедонад ва урфу одати точиконро эьтироф наменамояд, чи тавр метавонад барои халки точик хизмат намояд.

Молотов
Бовар кунед дар Вазорати корхои хоричи низ кадрхои точиктабор каманд.Точик дар ватани худаш низ гариб хаст!

Dev
Саидмахмуд,
Dar hakikat janobi Sattorov zaboni tojikiro namedonad, man hudam bo u hamsuhbat budam, vakte bo zaboni tojiki suhan sar kardam ,bo zaboni rusi guft: "namefahmam ba zaboni rusi gap zan ".

саидоро
Саидмахмуд, Игор як чумла ба точики гуфта наметавонад!

Дар Точикистон ва хусусан дар ВКХ 97 фоизи коргузори ва равобити дипломати ба забони руси ва англиси аст.Забони давлати факат дар аснодхои расми аст.Сардори Департаменти иттиллоти Вазорат стратегияи ва ояндабини,бехатарии ва хифзи иттилоотро рохандози мекунад.Игор забонхои немиси англисрусиро ба дарачаи оли медонад.Агар силсилаи маколахо ва филмхои Саттров намебуданд Узбакхо Трусунзодаро бо заводаш кайхо забт мекарданд.Шарт нест хама аз Дангар бошанду бо забони точики шеър нависанд.

Ба хаёлам иллати мо дар он аст, ки нисбати забон, сархад ва таърихи миллат беэхтиромиро коил хастем. Игорь ба забони давлати харфе гуфта наметавонад ва гуфтани хам нест. Шарм бояд дошт, ки сухангуйи ВКХ нафаре мешавад, ки барои пуштибони, таргиби таъриху забони миллат кодир нест. Намедонам ин бозгаштанхо барои чи бошад. Садхо чавонони арзанда дорем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)