Бахшҳо
14 дек 2013 12:01Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дахолати Нуриддин Саидов, вазири маориф, ба баҳси “фигура”

Ахиран Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, ба баҳси Исломиддин Нарсов -- мудири маорифи Ёвон ва Меҳрафрӯз Ҳаётова -- омӯзгори забони англисии яке аз мактабҳои ин ноҳия дахл кард. Оқои Саидов субҳи 14 декабр хонум Ҳаётоваро ба ҳузур пазируфта ва аз ӯ ҳақиқати ҳолро пурсид.

Қаблан, Меҳрафрӯз Ҳаётова аз болои мудири маорифи Ёвон шикоят карда буд, ки гӯиё шаъну эътибори ӯро дар назди ҳамкоронаш паст зада гуфтааст, “фигураат барои муаллимаи забони англисӣ безебай.” Хонум Ҳаётова дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, вай шоми 13 декабр телефонӣ бо вазири маориф сӯҳбат карда, нахуст аз ӯ пурсидааст, “оё барои муаллимаи забони хориҷӣ шудан, бояд фигураю симои зебо дошта бошӣ?”

“Вазир маро дилбардорӣ намуда гуфт, ягон нафар ҳаққи гуфтани чунин суханҳоро надорад. Ӯ барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол маро ба Душанбе даъват кард ва субҳи 14 аз наздик сӯҳбат намуд”,- гуфт ӯ. Мусоҳиби мо афзуд, “вазир хост, бо ҳамн либосе, ки дар назди мудири маориф пӯшида будам, биёям. Вай мехост, фаҳмад, ки чаро афту андоми ман ба мудир маъқул нашудааст. Вазир маро хуб қабул карда гуфт, агар 11 сол дар соҳаи маориф кор карда бошӣ, кадри худро дастгирӣ мекунам. Дар назди ман ба директори мактаб занг зада, хислатнома пурсид. Ба мудири маорифи ноҳия Исломиддин Нарсов низ занг зад ва гуфт, рӯзи душанбе ба назди вазир биёяд. Вазир ба ман гуфт, нафароне, ки ҳуқуқи худро ҳимоя мекунад, ҳурмат мекунаму чӣ қадаре тавонам дастгирӣ менамоям.”

Ин дар ҳолест, ки Исломиддин Нарсов ҳама даъвои Меҳрафрӯз Ҳаётоваро беасос медонад. Вай гуфта буд, “ман ба шахсияти ин омӯзгор нарасидаам. Вақте онҳоро ҷамъ кардем, танҳо дар мавриди сару либосаш гуфтам, ки ба талаботи низомномаи маориф ҷавобгӯ нест, яъне ду рӯймол дошт ва як либоси ғафси дигар, ки ба сару либоси барои омӯзгорон тавсиянамудаи Вазорати маориф мутобиқат намекунад”.

Хулосаи вазири маорифи Тоҷикистон дар бораи ин баҳс баъд аз сӯҳбаташ бо Исломиддин Нарсов эълон хоҳад шуд.
Мӯҳр
Омӯзгор
Ин иқдоми Вазир кори наҷибест, ки дер боз интизораш ҳастем! Имрӯз ҳамаи омӯзгорон бозичаи дасти мансабдорон гаштаанд.

Самими
Хазорон рахмати калон устод Саидом Н.С., вазир ана ин хел мешавад. Дигар мактабьора бинед илтимос...............

Вазир хуб медонад,ки журналистон аз ин кор огох хастанд,барои хамин худро намоиш дода истодасст.То ин вакт хам ба пойафзол,хам ба руймолу фигира кордор буданд,акнун яку якбора шахси начиб гардидааст)))

Рахматулло
Як кори хуб мекунй, чаноби вазир... Нарсов намедонад, ки хаво хунук шудасту занхо ду-се румолй ва палтои гарм мепушанд. Мудири маориф мехостаст, ки муаллимахо либоси тунукак пушида, пешаш чилва зананд...

О ин Насов буду??? хозир як харф илова кардед яъне Нарсов шуд ё паспорташа иваз карда бошад? ё ин ошибкаи Озодагон??

Донишчу
Вазир гуфтааст, "бо хамон либосе, ки дар назди мудири маориф пӯшида буди, биё". )))))
Ин анекдотро ба ёд меорад, ки муаллимаи таърих ба мудири маориф шикоят кардааст, ки аз талабахо мепурсам, ки Бастилияро ки гирифт, мегуянд, ки намедонем. Ва мудири маориф дар чавоб гуфтааст, ки "муаллима, вай талабахо бачахои ганда неастанд. Бастилияро худи директори мактаб гирифтагист".

муаллим
Салом хамдиёрон! Ман низ омузгори забони англиси мебошам! Ба ман низ директори мактаб дар бораи сару либосам бисёр эърод мегирад! Бо вазири маориф чи хел дар тамос шудан мумкин?

Омузгор
Рахмат ба вазири маориф. Шумо муваззаф хастед ба чунин мудирчахои гарданшах танбех дихед. Мутмаинам аз вазири кабли ба маротиб бехтаред.

Мудур
Ман дар коллдгияи вазорат иштирок доштам, айнан Н. Саидов ба Носов фармон дод, ки ана хамин хел натарс, ихелиеша ай кор пеш кун. Ё не вазир!

Рости ин Вазири маъориф як шахси намоишкор хаст, хуб фахмид ки дар инчо рузноманигорон пайгири намуда истодаанд акнун ба вазъи кор жахолат кард. Холо он ки ингуна мочарохо хар руз садхо садхо рух медиханд. Ман ин актер гуям е худписанди хавобаландро хеч нагз надидам. У одамро кади пашша намедонад чи гуна уро Вазир монданд. Ба утоки корияш рави фвкат хакорату тахкиру гапхои паст мешунави гуе ки факат у донову окил бошад!

Sarkamish
офарин чаноби вазир ман бисёр мехохам,ки мулзам шудани нарсовро бифахмам

Рости гап кадр дар точикистон хеле кам аст ин хам аз хисоби маошкам будан лек барои хамин зан бигуям хак хаст, ки ёздахсолбоз муаллими карда истодааст у битавонад аз болояш шикоят кунад ба додгох лек ин додгохи моям!! Сониян возири маориф уро пазируфтааст хеле кори нагз кардааст барои пешрафти кораш лекин хамн раиси маорифи Ёвонро аз вазифааш барканор кунад у рафта мисли хамон муаллима дар мактаб интернат дарс гуят барои бачахо. Хулоса аз ман гуфтани хамин хаст...

Ин рафтор хамон латифахои аморати Бухороро ба ед меорад,причем тут вазир боз даъват мекардасту либосата пушида бие гуфта пас дар кучост додгох.Пас чаро мудирро сразу аз кор нагирифт вазир.Мактабхо бошанд ба чуз аз пулгундори дигар коре надоранд?-пули фаррош,китобпули,идпули,печкапули,пардапул
и,гулпули ва вешалкапули ин аст хакикати хол.

Шароф
Хеле ачибанд ин рафик сардорон дар мавкеъивазкуни вобаста ба холатхои кор, азчумла началникхои вазорати маориф ва инчунин ИЛМ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)