Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:25

Парлумон бе чунучаро аъзои ҳукумати нави Тоҷикистонро тасдиқ кард

16 декабр 2013, 08:14

Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки аз Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон иборат аст, рӯзи 16 декабр тамоми фармонҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъини аъзои ҳукумати нави кишварро бе чунучаро тасдиқ кард.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ҳамаи аъзои ҳукумати навро табрик гуфта ва таъкид намуда, ки вазифаи онҳо дар ҳафт соли оянда хидмати софдилона ба халқу миллат аст. Вай, инчунин, хост, афроди тозатаъин барномаи пеш аз интихоботии президентро амалӣ кунанд.

Иҷлосияи ғайринавбатии ду палатаи парлумони Тоҷикистон - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон субҳи 16 декабр ба кори худ оғоз кард. Ба баррасии иҷлосияи Маҷлиси Олӣ фармонҳои президенти Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод ва ба вазифа таъин намудани аъзои ҳукумати нави кишвар барои тасдиқ пешниҳод шуда буд.

Дар навбати аввал намояндагони ду палатаи Маҷлиси Олӣ фармони аз вазифа сабукдӯш шудани аъзои ҳукумати пешинаро тасдиқ карда, таъиноти нав аз сӯи Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуданд. Оқои Раҳмон дар интихоботи президентии 6 ноябри соли равон пирӯз шуд ва пас аз адои савгандаш дар рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ ба ташкили ҳукумати нав пардохт. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, 60 дарсади аъзои ҳукумат нав шуда, синни миёнаи онҳо аз 56,7 ба 52 расидааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Рахмдил

  • 16 декабр 2013 13:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар тасдик накунаду саркаши кунад аз вазива мепарад

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!