Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:47

Марги як тоҷики 43-сола дар шуъбаи пулиси Домодедово

16 декабр 2013, 11:23

Мақомоти умури дохилии Русия, 15-уми декабр, бо пахши як иттилоия аз фавти шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон дар шуъбаи пулиси шаҳри Домодедоваи назди Маскав хабар додаст.

Ба итилои манбаъ ба шуъбаи пулис табибони беморхонаи марказии Домодедова хабар додаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳолати мадҳушӣ ба беморхона оварда шудааст, вале аз бистарӣ шудан худдорӣ мекунад: “Маъмурини пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, даёфтаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон зери таъсири маводи мухаддир қарор дорад ва чизи муайянеро гуфта наметавонад. Ӯ ба шуъбаи пулис оварда шуд ва баногоҳ соати 23:10 дар он ҷо вафот кардааст. ”

Мақомоти умури дохилии Русия таъкид мекунанд, ки дар бадани шаҳрванди Тоҷикистон осори шиканҷа мушоҳида намешавад. Манбаъ таъкид мекунад, ки айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса санҷиш гузаронда мешавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!