Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:42

Аз Тоҷикистон то Мағриб. Даъвати Ҷабҳаи Салафия ба гирдиҳамоӣ

16 декабр 2013, 13:21

Доктор Холид Саид, сухангӯи Ҷабҳаи Салафия, аз пайравони дини Ислом, аз ҷумла мусулмонони Тоҷикистон хостааст, зидди ҳукумати Бангладеш ба хотири эъдоми Мулло Абдулқодир даст ба тазоҳурот зананд. Мулло Абдулқодир яке аз раҳбарони Ҷамоати исломӣ ва мухолифи сарсахти ҳукумати феълии Бангладеш ба шумор меравад, ки чанде қабл ба иттиҳоми куштори садҳо мардуми осоишта дар ҷанги соли 1971-и ин кишвар эъдом (қатл) шуд.

Сухангӯи Ҷабҳаи Салафия, ки сабаби эъдом шудани Мулло Абдулқодирро танҳо ба фаъолиятҳои сиёсияш алайҳи ҳукумати Бангладеш медонад, дар саҳифаи худ дар Твиттер аз мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, даъват кардааст, ки дар эътироз ба эъдоми Мулло Абдулқодир даст ба гиридиҳамоӣ зананд.

Дар ин изҳороти Доктор Холид Саид аз ҷумла омадааст, “эй мардуми мусулмон, аз Тоҷикистон то Мағриб ва аз Индонезия то Нигерия, ба хотири ҳимоят аз хуни бародарони худ аз Ҷамоати исломӣ дар Бангладеш бо баргузории гирдиҳамоӣ эътироз намоед.”

Дар ҳоли ҳозир дар Бангладеш тазоҳуроти густурда алайҳи эъдоми Мулло Абдқлқодир идома дорад. Расонаҳо аз бархӯрди эътирозгарон бо пулис ва куштаву маҷрӯҳ шудани теъдоде аз онҳо хабар медиҳанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аммо мусалмонони ҷаҳон ва хуни шаҳидони пок мардуми мустазъафи тоҷикро маъзур доранд.
Посух додан
  • Ҳанафӣ

  • 16 декабр 2013 14:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин салафиҳо то дина худро аз сиёсат дур мехонданд-ку! Ҳукумати Тоҷикистон ба ваъдаҳои ин дурӯғгӯҳо дар бораи ба сиёсат коре надоштану аз сояи Худо дар замин итоат карданашон бовар карда буд ва имрӯз маълум мешавад, ки ҳамааш барои қувват гирифтан будааст. Ҳоло салафия дар ҷомеаи Тоҷикистон реша давондааст ва беҳуда нест, ки ин сухангӯи салафия махсус номи Тоҷикистонро зикр кардааст. Шояд ишора ба он бошад, ки вақти пулҳои гирифтаашонро аз ин тариқ "оправдат" кардани салафиҳои тоҷик расид...
Худо ба ҳоли миллати тоҷик раҳм кунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҷумлаҳоро қайчи накунед. gunohi azim va khiyonat ast. ХИЁНАТ!
Посух додан
  • ислом.70mail.ru

  • 16 декабр 2013 15:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салому дуруди Худо бар Мухаммад(с)ва бар бандагонаш. Аввалан шукри Худои бениез,шукри ватани тинчу ором ва шукри фарзандони бо номусу хирадмандони ватан.Чи хеле ки бародар бо номи Ханафи посух додаанд албатта бисер хуб дарк кардаанд локин ин нияти дар нохунак бародарони ба ном салафиро аз рузи аввал ман шинохта будам дар чанд маъракахо айбу нияти гаразноки онхоро гуфтам гар чанде ки худшон хам бе савод ва тарсу хастан дар руям гап назаданд локин ба хар воситахо болоям ба воситаи баъзан хоинхои миллат ки дар макомотхо кор мекунанд
фишор оварданд.Бародарони азизи Точикистон!аз хамаи шумо хохиш мекунам хар кадоми мо вазифадор яъне масъул хастем ки тинчии ватани азизамонро мисли гавхараки чашм нигох дорем то кай моро мисли як кудак фиреб медиханд барои чи на аз Киргизистон на аз Узбакистон ва на аз Каззокистону Туркманистон балки факат ба Точикистон хитоб кардааст?ин аллакай ба хар як фарди боакл маълум шуд ва бояд хушери дихад ки нияти ин АЛАФИХО чи будааст.Дар охир ба хамаи хамватанони АЗИЗАМ саломати хотирчамъи ва хидоят аз даргохи ЗОТИ ПОК металабам. ягон кас ранчида бошад бахшиш.
алишер,
алишер,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин хама тухматай баракс хар кучое рофизи дарояд ончо инқилоб мекунад

Ахли Салаф хама вақт бар зидди инқилоб хаст
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои мансаб шуда аз дин истифода набаред мардумро гумрох накунед. Бас аст марг бас аст. Мо таракиёт мехохем рушду нумуъ мехохем...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!