Бахшҳо
16 дек 2013 16:14Тоҷикистон / Сиёсат

Амри Бег Зуҳуров дар бораи Интернет дар корхонаҳо

Анҷумани интернет-провайдерҳои Тоҷикистон азми Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро, ки ният дорад, тамоми хидматрасониҳои интернетиро ба идораҳои давлатӣ ба дасти ширкати зертобеаяш, “Тоҷиктелеком”, супорад, ғайриқонунӣ гуфт.

Асомиддин Атоев, раиси ин Анҷуман, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 7 ноябр бо ирсоли нома ба унвони ширкатҳои интернетрасони хусусии кишвар, тақозо кардааст, ҳама гуна хизматарсониҳои интернетиро ба муассисаҳои давлатӣ қатъ намоянд. Дар ин нома, ки зери имзои Бег Зуҳуров равон шудааст, аз ҷумла омада, ки "Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба иттилои Шумо мерасонад, дар асоси Қарори ҳукумати ҷумҳурӣ ҶСК Тоҷиктелеком вазифадор шудааст, ки тамоми хизматрасониҳои Интернет, WiMax, WiFi- ро ба корхонаҳо, муассисаҳо ва идораҳои давлатӣ таъмин намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳиш карда мешавад, дар корхонаҳои давлатие, ки ширкати Шумо хизматрасониҳои интернетиро ба роҳ мондааст, қатъ намоед ва ҳамзамон аз натиҷаи он ба шахси масъули мо ахборот диҳед".

Аммо Анҷумани дастраскунандагони интернет мегӯяд, ин дастури Хадамоти алоқаи кишвар мухолифи аксари қонунҳои амалкунандаи зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ) мебошад. Асомиддин Атоев афзуд, рӯзи 13 декабр ба унвони Хадамоти алоқа номаи ҷавобӣ фиристода, тақозо кардаанд, ки ин иқдоми худро шарҳ диҳад. Атоев мегӯяд, инчунин, дар баробари Хадамоти алоқа ба корхонаҳои дигари марбутаи давлатӣ низ ингуна нома ирсол шудааст.

Раҳбари Анҷумани интернет-провайдерҳои Тоҷикистон муътақид аст, ки ин дастури Хадамоти алоқаи кишвар ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет мухолифи аксари санаду меъёрҳо, аз ҷумла қонунҳои зиддиинҳисорӣ мебошад.
Мӯҳр
рохгузар
Обооооо - бо хами мардак нагмахоша сар кард!!!

Сохибош кофта наоя, тинч шинед чаноби БЕК

ира ай вазифа намегиран? як давлате ки дар сохаи электроный и сотовый комуникация 4-5 чо мегирифт и гирифта ба 85 чо расонид..чаро инро аз вазифа озод намекунан ?

Акаи бегали ма дар германия торгпредм хлт медони! Намояндагии тичоратии мохам давлатмай, ба фикри хдт интернети махам бояд телеком боша?
Хахаха, неки ранги приколи фейсбук кади кати помошники шефи фейсбук, одамора ай хандара мекши и дофа!

Фаридун
Бо як хелш мешина ами Чаноби олира тарафдори мекна охи ами ки рах додай дар сари вазифа чи зеш мефора мега

тч
Хдо аку ихели одама президент накна. Шармандаи дигар давлатхо мешем.

Геб
Боз 1 мохи дигар механдем. Бег вперед! Они далжни слушат вас. Ви же самий умний вазир в Таджикистоне. Хами интернет провайдерхои Точикистон сохиб дорад, кияй сохибш? Милиарди зарабативают!!!! Налоги нада пилатит. Хахаха

э бародар чи аз номи дигаро менависи аз номи худат навис причем ичада комил торпред мардакша аз номи худат навис

шарм намедори аз номи дигаро навишта

Бег Зуҳуров
ба комили торгпред.

нухангушта
мыы работаеммм!!!!! добровольство

Аз дастат бало намеояд аввал амин Тоҷиктелекомро обод кун, чизи обода вайрон карди бо як имзоат 560 нафарро аз кор бекор карди

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)