Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:51

Дастури Раҳмон ба ҳукумати нав: ТАЛКО-ро бештар дастгирӣ кунед!

16 декабр 2013, 17:58

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми декабр, зимни ҷаласаи машваратӣ дар ҳузури Қоҳир Расулзода, сарвазири нави кишвар, муовинони ӯ ва аъзоёни дигари ҳукумати нав фаъолияти корхонаи алюминиюми тоҷик, ТАЛКО ва таъмини мардум бо барқро ба баррасӣ гирифтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи машваратӣ роҳбарияти ширкати ТАЛКО ҳисобот дода, таъкид намудааст, ки ҳоло бар асари бӯҳрони иқтисодию молиявӣ ва коҳиш ёфтани нархи алюминийи аввалия дар бозори ҷаҳонӣ бисёр корхонаҳои ин соҳа дар кишварҳои зиёд аз кор бозмондаанд.

Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти ширкати ТАЛКО-ро барои иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон пураҳамият хонда, ба ҳукумати кишвар дастур додаст, барои дарёфти роҳҳои дастгирии давлатии ин ширкат чораҳои муассир андешанд.

Ин дар ҳолест, ки айни ҳол 70 дарсади сокинони кишвар ба мушкили барқ мубталоянд, вале ТАЛКО сеяки барқи тавлидии Тоҷикистонро бо нархи аз мардум арзонтар, - 9 дирам сари ҳар киловат харидорӣ карда истодааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита бо таъмини мардум бо барқ иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи корӣ ба ин мавзӯъ низ дахл карда, супориш додааст, дар фасли зимистон аҳолӣ муназзам бо барқ таъмин гардида, роҳҳои ҷумҳурӣ дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мухлчир

  • 16 декабр 2013 18:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом бар хамаи масъулин ва хонандагони мухтарам:
Аз суханони президент мутаассифона ягон натичаи мусбат гирифта намешавад чунки суханонаш вокеан аз тахти дил нест. Чун рости ин сценария, ки мардумро мунтазам бо барк таъмин кунед дигар айб аст. Яке аз шоъирони бузург фармудааст: Чу дониву пурси суолат хатост. Мутаассифона Хукумати феъли дигар халли мушкилоти мардум мадди назарашон нест зеро аввалан тасмим гиранда танхо Рахмон аст ва чиновникон инро хуб медонанд, ки хечгох дар пеши мардум хисобот намедиханд, ки эхсоси масъулият кунанд. Хар вакте, ки ин мушкил хал шавад шояд мардуми мазлум ва мухочири бадбахи точик умедвор шаванд.
Посух додан
  • Фаридун

  • 16 декабр 2013 21:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
тема мекна не ки гапош дар воздух мераван
Посух додан
  • дима

  • 16 декабр 2013 23:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рахмон роста мега, талкора дастгири кнен то пули ба номи талко омадаро ба чазираи британия бисертар рои кна!!
Посух додан
  • sado

  • 17 декабр 2013 07:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ТАлкора ердам кунен ки бачахако калон шудестан, мощино кухна шудестан,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
комментаторхои оликадру мухтарам! аз интихоби кардагиатон чи шикоят дорен боз ? овоз доден президент карден 4ум бора чи шикоят мекунен...аз авал кор фикр кардан дар кор буд!..ин Талко тичорати оилавист бояд дастгири шавад аз хисоби халки бечора ! ин гапхо 7 сол пешам будам ва хоханд монд дар 7 соли оянда
Посух додан
  • Антирихмон

  • 17 декабр 2013 13:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шарманда, талко барои точикистон умуман ягон заррае пурахамият нест, барои оила ахамият дорад!
Посух додан
  • алумин

  • 18 декабр 2013 03:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин ТАЛКО не ин БАЛОст
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Талко баробари хатто як ширктаи мобили ба давлат давлат андоз намесупорад. Хама даромади у ба минтакахои офшори ба суратхисобхои ахли оила ворид мешавад. Бигазор камакак хам бошад аз хамон маблагхои офшори бозпас оранду Талкоро начот диханд. Аз ин ширкат ба мардум фоилае нест, пас чаро боз аз буча, аз андози мову Шумо ба он кумак кунанд?
Посух додан
  • Яъкуб.

  • 18 декабр 2013 21:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Талко сабаби бадбахтии ин мардуми бечора хаст.Он кадар барке, ки ба корхона дода мешавад ба мардум диханд хубтар хаст.Нархи барк барои Талко 8 дираму ба ахоли 11 дирам .То чое медонам ин корхонаи <бузург> 30 миллион доллар андоз месупорад.Агар он кадар барке ин корхона мегирад ба дигар корхонахо диханд (32дирам) зиеда аз 200 миллион доллар зиедтар мешавад маблаги барк.Баъд аз Сангтуда 1 -2 карздор намешавад Барки точику бучаи давлат хам зиед.....аммо .....афсус ....инро намехохад

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!