Бахшҳо

Эътирози хонанда ба Кабирӣ ва ҷонибдорӣ аз Рустаму падараш

Як хонанда бо ирсоли номае ба унвони хабаргузории “Озодагон” ба суханҳои Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар мавриди мансаби нави Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури кишвар, эътироз намудааст.

Ин хонанда, ки худро Дилшод муаррифӣ кардааст, мегӯяд, гуруҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле ба мансаб гирифтани Рустами 26-сола вокуниш нишон медиҳанд, ки худ дар гузашта даъвои ворид шудани қишри ҷавон ба кобинаи ҳукуматро доштанд. Дар ин номаи хонандаи “Озодагон” аз ҷумла, омадааст, “Рустами Эмомалӣ, сарфи назар аз он ки фарзанди раисҷумҳури кунунист, аммо донандаи хуби чандин забонҳои хориҷӣ низ ҳаст, яъне нафари одӣ нест, кадри тайёр мебошад.”

Ин сокини кишвар бар ин аст, ки интихоб шудани Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раиси Хадамоти Тоҷикистон аз зиракии падараш – раисиҷумҳури кишвар дарак медиҳад: “Зеро мо хостори дар оянда пайвастан ба Иттиҳоди гумрукии Авруосиёро дорем. Аз ин рӯ, нафаре бояд роҳбари Хадамоти гумрук бошад, ки наздик ва содиқ ба президенти кунунист. Яъне, бояд шахси боварбахши президент бошад, ки баъди пайвастан ба Иттиҳоди гумрукии АвруОсиё ба амалҳои коррупсионӣ даст назанад.”

Чун ба гуфтаи ӯ, аллакай натиҷаи гаравиш ба сӯи Иттиҳоди гумрукӣ маълум мешавад ва Путин дарк кардааст, ки бидуни ҳамгироӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна наметавонад пеш равад ва аз гузаштҳо кор мегирад. Чанде қабл тавассути шабакаҳои Русия суханронии Путинро намоиш доданд, ки мегуфт мо ниёз ба муҳоҷирони кории Осиёи Миёна дорем ва бояд ба онҳо шароити осони корро муҳайё кард. Хусусан, яке аз гузаштҳои навбатии ӯ танҳо тавассути муҷаввиз (потент) дар ҳама намуди кор, чӣ инфиродӣ ва чӣ ширкатҳо кабул намудани муҳоҷирон буд. Ин аз он дарак медиҳад, ки аллакай марҳилаи нави ҳамкории президентҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз шудааст ва албатта байни онҳо маслиҳатҳое сурат гирифтааст, ки мову шумо намедонем.”
Хонанда дар идома аз сокинони кишвар даъват кардааст, ба раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъйин шудани писари 26-солаи Эмомалӣ Раҳмон хушбин бошанд, ки ӯ базудӣ боиси ворид шудани маҳсулоти босифат ба кишвар хоҳад шуд. Муаллифи нома инчунин ба интихоботи президентии 6 ноябри Тоҷикистон дахл карда, гуфтааст, ҳикмати барои бори чаҳорум ба курсии риёсати ҷумҳур нишастани Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ҳанӯз тамоми мақсадҳои ӯ пурра амалӣ нагаштаанд: “Ӯро зарур буд, то як навбати дигар ба ҳайси раҳбари кишвар боқӣ монад”
,-навиштааст хонандаи мо.

Муаллиф дар охир ибрози умедворӣ кардааст, ки дар ин навбати раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҳатман муносибати Душанбею Тошканд ба як сатҳи хуб хоҳад расид: ”Ҳоло бубинед, дар рӯзҳои наздик гуфтугӯи созандаи Тоҷикистону Узбакистон низ оғоз мешавад. Зеро Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯ Ислом Каримов дар натиҷаи сафарҳо ба кишварҳои пешрафта, аллакай дарк карданд, ки ҳеч як кишвар бидуни робита ва муносибати хуб бо ҳамсоякишварҳо наметавонад, пеш равад.”
Мӯҳр
Саид
Дилшод ман ба фикри шумо рози

ааыа
Ин номаро аз афташ ягон кудак навиштааст. Далелхои у нисбати забондонии Рустам ва пайвастан ба Иттиходи гумруки хеле содда ва хандаоваранд. Далелхои Кабири хеле кави хастанд. Лекин Озодагон дар чавоб ба Кабири як кудакро оппонент гузоштааст. Ачоиб.

Нома ба Дилшод
Бародар Дилшод, пеш аз оне ки як калимаро гуфтан мехохи биандеш ки шарманда нашави! Дуввум, агар вокеан Дилшод ва дили шод дори, аксу насабатро монанди Мухиддин Кабири рушан кун баъд навис.Маълум ки зодаи фаьбрикаи чавоби!!Мутмаинам. Оё бо чавонк ардани хукумат танхо бояд фарзандони чавони Эмомали Рахмон ворид шаванд????? Посухатро мехохам. Хафт миллион ахолии дигар,хадди акал 1 миллион кадрхои лоики бе вазифаи адлати чавон нестанд Оё Рустами Эмомалиро,чомеа аз ту камтар мешиносад? Оё боре шудааст,ки lfh вазифаи умовини раиси Хадмаоти гумрук хатто чашм бо чашм бо хабарнигрон чуръати харф задан кунад. Муддате дар Хадамоти гумрук фаъолият доштам то ин замон. Рустам дар як мох як ё дуe руз ба кор меомад ва он хам бо артиши протолои. Мухиддин Кабири кам гуфтанд ва ин зарфхоро хар як точик точикистон мегуяд.Ё чаро фарзандони чавони Рахмон,Убайдуллоев ба вазифахои к алони давлати мерасанд? Маълум ки сояи падар рохро барои онхо хамвор кардааст,вагран бо далел бароят меорам ки чи амалхои гайриконуниро содир кардаанд. Чи Озодаи Рахмон,муовини вазири корхои хоричи фаъолияти Чамолиддин Убайдуллоевро ба хангомиh вазифаи консулгари ба ухда доштан ба Президент падараш расонид??? НЕ нарасонид ва ту инро нагз медони??? Хамрохон Зарифи вазири корхои хоричии холо ба нафака гусел карда шуда, баъди чанд мохи чора дидан ин чавонро ба вазифаи дигар расонид. Рустами Эмомали хатто конунхоро намедонад,аз кучо корхои гайриконуни Хадамотро медонад. Оли мебинем махсулотхои ваъдакардаи шумо ва нархои ба сайораи дигар чахидаро. Назарат хам феодали аст. Бароят чандин далел аз фаъолияти Рустам ва дигар "чавонхои" худи меорам , аммо навбати дигар.Нишастхои матуботи lfh пеш аст,мебинем Рустамро. ва корашро аммо Шумо вакили накунед ва Рустам хам ба суханхои тамалукии Шумо ниёз надорад. Агар хато накунам 3 диплом дорад ва гуё хатмкардаи бахши Академияи дипломатии Русия гоибона аст, худагро нишон дихад,ки мансабро аз падар гирфитааст ё аклу [eifi!!! Озодагон ин номаро нашр кунед.Хохиш мекунам . Нигина Сабрин,донишчу

Шодидил
АкаиДилшод рост гуфтед Президент бояд хама Хешовандони худро ба мансаб гузорад чунки факат ба онон боварии комил дорад

Хонандагони арчманд! Биёед аз ин чумлахои "калидии" Дилшод огоз намоем. “Ӯро зарур буд, то як навбати дигар ба ҳайси раҳбари кишвар боқӣ монад”, “Рустами Эмомалӣ, сарфи назар аз он ки фарзанди раисҷумҳури кунунист, аммо донандаи хуби чандин забонҳои хориҷӣ низ ҳаст, яъне нафари одӣ нест, кадри тайёр мебошад.”, “Зеро мо хостори дар оянда пайвастан ба Иттиҳоди гумрукии Авруосиёро дорем. Аз ин рӯ, нафаре бояд роҳбари Хадамоти гумрук бошад, ки наздик ва содиқ ба президенти кунунист. Яъне, бояд шахси боварбахши президент бошад, ки баъди пайвастан ба Иттиҳоди гумрукии АвруОсиё ба амалҳои коррупсионӣ даст назанад.”. Шархи чумлаи аввал ва пеш аз хама психпортрети Дилшод. Дилшод шахсест аз авлод, ки дар Хукумат кор мекунад, ва чинси зан аст ва умуман аз вазъи баде, ки миллат дорад огахи надорад, зеро такдири миллат барои у хеч аст. Шояд мангит бошад. Дуввум. Боз як вазифа додан ба шахсе, ки гуе бисер забонхои хоричиро додан, ва умуман ба Рустами Эмомали додани вазифаи калиди ин тфу кардан бар руи миллит аст ва бори дигар собит нмудани он, ки миллат дар гипноз асту эътироз баен намекунад. Масъалаи дохил шудани Точикистон ба авруоссие масъали бахсбарангези худи авлод мешавад. зеро бахонае мешавад аз руссия маблаг ситонидан.

Фолбин
Ин номаро худи Кабири навистаги аст.

Дилёб
Бародарон шумо Дилшодро фахмед охир. О вай хам бо хамин номааш аз президент як хонаи истикомати дар Пойтахт умедвор аст. Ин боз усули нави дарёфи манзил ба шумор меравад. Дар гузашта барои ракси бехтарин, барои суруди бехтарин (Очата бгу) ва гайра сохиби хона мегаштанд. Бародар Дилшод бошад акнун мехохад бо хамин номааш сохиби манзил дар маркази чумхур шавад. Вале ман ба номбурда тавсия медихим, ки барои сохиби чои икомат шуданат дар Пойтахт ин номаат басандаги намекунад. Ту бояд тарики "Шабакаи аввал" як суруди дигар алайхи Кабири хони ва яак ракси дигар дар Навруз дар хузури раисичумхур анчом бидихи пасон хона халолат бод.

Муъмин
Мувофики хадис: Касе, ки ба фолбин бовар кунад у кофир аст!!! Илтимоси чоп.

Муъмин
Мувофики хадис: Касе, ки ба суханони фолбин бовар ва тасдик кунад у кофир аст!!! Илтимоси чоп.

Мувофики хадис: Касе, ки ба суханони фолбин бовар ва тасдик кунад у кофир аст!!! Илтимоси чоп.

Ҷони гапро ҳамин хоҳари донишҷу гуфтааст. Дигар гап нест. Мо оҳиста ба сохти шоҳаншоҳӣ равонаем.

Donishju
Дилшод бародар магар бемори ё аз фабрикаи цавоби?? О Кабири далел оварда аст, шумо чи??

Дилжопа
Бар падарат .. Дилшодчон!

САФИЯЛЛОХ
Ба номи Яктои бехамто бародарони азиз аввалн ба хохари азиз Нигинабону ташакур, ки андешахои хуб гуфтааст. дигар ин то кучое банда огахи дорам комилан мегуям, ки Рустами Эмомали сардори кумруки кунунии Точикистон донандаи ягон забони хоричи нест ва хато хамон забони точикию русиро тоза гап зада наметавонад хол окни забони франсузиву англиси... Факакт хаминкадар донед ва дар чомеи имрузаи Точикистон гуед, ки Чи гуям нагуфтанам бехтараст!!!! Боки Худованд хамамона хидоят намояд.

кукушка
Эҳҳҳ.. хандидемееее...

Э Бародарон Як сухани Хуб аст. Бо Худо дод бахс макун ки уро Худованд додааст. Самое главное тинчию ороми бошад Иншоолох хамааш хуб мешад касе ки набошад дар вазифа мухимаш он ки у аз сидки дил кор кунад. Ва барои пешрафти Ватану миллат сазои худро гузорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)