Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:40

Эмомалӣ Раҳмон хост, бозори такрории саҳмияҳо фаъол шавад

17 декабр 2013, 09:32

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дигарбора дастур додааст, ки дар кишвар бозори такрории саҳмияҳо ва қоғазҳои қимматнок фаъол шавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахири Шӯрои машваратии назди президент оид ба беҳбуди фазои сармоягузорӣ ба ин мавзӯъ дахл карда, ба Бонки миллӣ супориш дод, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони хориҷии рушд гурӯҳи корӣ таъсис дода, ин мавзӯъро ҳамаҷониба таҳлил кунанд ва натиҷаҳои онро бо тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намоянд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи супориши қаблии президент ба Бонки Миллӣ ва Вазорати молияи Тоҷикистон бозори такрории саҳмияҳо бояд то охири соли 2010-ум фаъол мешуд, ки иҷро нагардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • хонанда

  • 17 декабр 2013 10:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
о хамин маблаги роххои дохилиамонро ба ИРС нею ба бучаи давлат супорем намешавад. Хама кишвархои дунё маблагхои худро аз офшорхо баргардонида истодаанд ку
Посух додан
  • б

  • 17 декабр 2013 11:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби олия кисаш бе пул мондаст чи бо пулчамъкуния Сар карда истодааст.Мо халки точик мехохем хисобити пухлои пешинае ки аз хисоби сахмия чамъ шуда буд ба мо расонед .Набошад агар ба дор овезон кунед дигарбора пул наметием
Посух додан
  • тошмурод

  • 17 декабр 2013 11:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
биёед рузамон дихед
Посух додан
  • сахмия

  • 17 декабр 2013 11:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
занако гуфтанд ки дар соли нав сюрпириз мешавад,магар хамин будааст

самхия
Посух додан
  • FREEDOM

  • 17 декабр 2013 12:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сахмия? Ин дафъа ба хотири чи мардум сахмия гиранд?
Посух додан
  • Д

  • 17 декабр 2013 13:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бас аст акнун. Хамон сахмияхои Рогунро ба таври ичбори харидем холо дар хочатхона хатто кор намеоянд,
Посух додан
  • Бекори сарсон

  • 17 декабр 2013 13:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бозор бо фароҳам омадани шароити муносиб худазхуд пайдо мешавад. Бо фармону супориш бозор ташкил намешавад. Шароитро ташкил кунед, налогҳоро поён баред, пора нагиред, ҳаром нахӯред, бозор худаш пайдо мешавад.
Посух додан
  • Мубориз

  • 17 декабр 2013 13:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мардум бощад хаминхел пурсидан мегиран
Посух додан
  • Мубориз

  • 17 декабр 2013 14:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
озодагон факат кайчи мезани ба чумлахо..... дига аз бахри ту хам мебаром

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!