Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:13

Дархости Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор, Диноршоев ва Илолов дар бораи Зайд аз президент

17 декабр 2013, 09:48

Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор, Мӯсо Диноршоев ва Мамадшо Илолов, донишмандони саршиноси тоҷик, бо ирсоли номае ба Эмомалӣ Раҳмон хостори ҳалли одилонаи қазияи Зайд Саидов – соҳибкор ва вазири пешини саноат шудаанд. Муаллифони нома ба раисиҷумҳур гуфтаанд, бовар доранд, ҷуз дахолати мустақими ӯ ба қазияи Зайд Саидов илоҷи дигаре дар таъмини риояти қонун ва дарёфти ҳақиқат нест. “Мутмаинем, шахсияти Зайд Саидов сазовори чунин таваҷҷӯҳ аст”,-афзудаанд онҳо.

Оқои Саидов, ки моҳи майи соли ҷорӣ, дар пайи азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав боздошт шуда буд, ба қаллобӣ, бисёрзанӣ, сӯистифода аз мақом, ришват ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешавад ва додситон барояш 28 соли зиндон хостааст. Аммо вакилони мудофеи ӯ тамоми ин иттиҳомотро рад карда, парвандаи нафари таҳти ҳимояташонро бофтаву сохта донистаанд. Худи Зайд Саидов ҳам дар сухани охиринаш дар додгоҳ гуфт, вай бо ягон иттиҳомоте, ки мақомот алайҳи ӯ эълон карданд, розӣ нест ва аммо зиндонӣ кардани ӯ ба нафъи давлату миллат бошад, розӣ аст, ки зиндонӣ шавад.


Инак, нома:

“Мӯҳтарам Президент,

бо истифода аз маврид Шуморо вобаста ба идомаи фаъолият табрик мегӯем ва аз ин масъулияти пуршараф ва ҳамзамон сангин, ки насибатон шуда, баҳрабардории боз ҳам бештареро барои мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон таманно дорем.

Умедворем сиёсате, ки тавонист мардумро ба ҳам орад ва сулҳу суботро дар кишвар таъмин созад, минбаъд низ барои осудагии мардум ва пешрафти кишвар мусоидат хоҳад кард. Бахусус ҳамон шеваи ин сиёсат, ки ҳадафаш дастгирии онҳоест вазъи рӯзгорашон нигаронкунанда, онҳое, ки таваҷҷӯҳу дахолати Шуморо илоҷи ҳалли мушкилоташон медонанд.

Муроҷиати мо низ сари ҳамин мавзӯъст ва манзурамон тақдири Зайд Саидов аст, ки миёни мардум воқеан ҳам маъруфияту маҳбубиятеро соҳиб гаштааст, маҳбубиятеро, ки дар ҷомеа танҳо бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ метавон дарёфт намуд. Саҳме дорад назаррас дар раҳоии мардум аз вартаи ҷанг. Шахсест муваффақ дар ҷодаҳои мухталифи фаъолият, бағоят хоксор, ғамшарики одамон, маърифатпарвар, дорои нангу номуси миллӣ, ҳиммату саховаташ ибратомӯз. Фаъолияти давлативу ҷамъиятиаш ифодаи садоқат ба сиёсати эҷодкоронаи Шумост ва бо пайравӣ аз ин сиёсат ба хотири ободии кишвару беҳбудии мардум корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Бунёди як силсила бинову иншоот, ки маҷмааи «Душанбе-плаза» аз зумраи онҳост, далели ин гуфтаҳост. Дар қатори аввалин нафарони баномуси миллат буд, ки аҳолии аз сел зарардидаи Кӯлобро бо манзили иқомат таъмин кардаанд, тариқи хариди саҳмия ҷонибдориашонро аз иқдоми бағоят муҳими тақдирсози Шумо бобати бунёди Нерӯгоҳи Роғун собит намудаанд.

Нафарест, ки дар татбиқи сиёсати давлатии дастгирии мактабу маориф, мусоидат барои таҳсил ба сокинони кӯҳистон ва табақаҳои осебпазири мардум пешсаф буд. Чунончи, ҷиҳати таъмини ҳарчи бештари баҳрабардории мардум аз барномаи таҳсил бо квотаи Президентӣ чанде аз духтарони кӯҳистонии толибилмро дар пойтахти кишвар бо манзили зист таъмин намуд ва ба онҳо ёрии моддӣ мерасонд. Имрӯз ин бонувон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кору фаъолият доранд.

Масоили марбут ба рушди варзиш низ дар мадди назари мавсуф қарор дошт. Бо дастгирии ӯ Федератсияи тенниси мамлакат аз нав эҳё шуд, варзишгарони ин соҳа ба мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҳ ёфтанд. Мусоидат барои шароити муносиби тамрину варзиш ва таъмини моддии варзишгаронро пурра ба ӯҳда дошт.

Итминон дорем ташаббуси таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» низ идомаи ҳамон мантиқ аст. Яъне ҳадафаш тақвияти кӯшишу талошҳост ба хотири пайравиву дастгирии сиёсати Шумо тавассути фаъолияти сиёсии дастҷамъонаи нафарҳое, ки малакаву маҳорати хуби тахассусӣ доранд.

Президенти мӯҳтарам,

То он даме, ки сару садоҳо мавриди қазияи номбурда бо истифода аз далелҳое, ки барои дарки моҳияташон мантиқи оддӣ кофист, баланд нашуд, бо эътимод ба расмиёти мақомоти марбута, аз вокуниш худдорӣ кардем. Вале вазъ вобаста ба ҷузъиёти моҷаро, мутаассифона, таскинбахш нест. Зайд Саидов модарзод нуқси ҷисмонӣ дорад, вазъи саломатиаш низ, то ҷойе медонем, чандон хуб нест. Азобу азияту маҳрумиятҳое, ки қариб ҳафт моҳ нисбаташ раво дидаанд, барои саломатиаш, барои зисташ хатару оқибати ногувори бебозгашт доранд. Ва аз ҳама муҳим, хислатҳои ҳамидаву волои ахлоқӣ, ки боиси муҳаббати мардум ба ин шахс шудаанд, собиқаи буду бошаш, ки самараи он фақат некист ба дигарон, созандагиву ободкорист, ҳиммат асту саховат, худ далели он аст, ки ин гуна афрод ҳаргиз наметавонад ба амалу кирдори нангине даст бизанад, ки имрӯз мақомот мехоҳанд муттаҳамаш донанд.

Итминон дорем ҷуз дахолати мустақими Шумо ба қазия илоҷи дигаре дар таъмини риояти қонун ва дарёфти ҳақиқат нест. Мутмаинем, шахсияти Зайд Саидов сазовори чунин таваҷҷӯҳ аст. Барои тақвияти хулоса метавонем бигӯем, ки ҳама гуна иддао, таънаву маломат, шубҳаву гумон унвонии ин фард, ки ба санҷишу тафтиш вобастагие доранд, маҳбубияти ӯро миёни мардум коҳиш надодаанд, гузашта аз ин муносибати хайрхоҳонаи рӯзафзуни одамон ба тақдираш ҳарчи бештар мушоҳида мешавад. Ва Худо накарда ҳалли моҷарои ба сари ин мард омада ноодилона сурат гирад ва чун рамзи бедодгарӣ муаррифӣ шавад.

Эҳтиромона хоҳиш дорем мавзӯи муроҷиати мазкурро лоиқи таваҷҷӯҳ арзёбӣ кунед ва барои ҳалли одилонаи қазияи Зайд Саидов бо истифода аз салоҳияту ваколатҳои волоятон мусоидат намоед.

Бо умеди дастгирии Шумо,

Мӯъмин Қаноат,
Гулрухсор Сафиева,
Мӯсо Диноршоев,
Мамадшо Илолов


Дархости Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор, Диноршоев ва Илолов дар бораи Зайд аз президент

Дархости Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор, Диноршоев ва Илолов дар бораи Зайд аз президент


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • 65

  • 17 декабр 2013 09:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ягон гап мешавад чи бало......
Посух додан
  • ман

  • 17 декабр 2013 10:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охо зиёиёни ТОЧИК якта-якта -оромона-оромона-охиста-охиста садо баланд мекунанд.ва кош худованд ба шумо кумак мекард
Посух додан
  • АХМАД

  • 17 декабр 2013 10:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хело дархости оличаноб азтарафи шоирон вадонишмандони ТОЧИК МАНАМ ТАРАФДОРИ ОЗОДШУДАНИ ЗАЙД САИД
Посух додан
  • Собир

  • 17 декабр 2013 11:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хамин айбдоркунандаи давлати Абдусамеъ Додобоев оё точик аст? Таърихи давлати сомониён ба хотирам меояд, ки чи гуна ачнабиён ба даргох рох ёфта фарзандони баруманди точикро нист карда бо хамин давлати ягонаи точиконро сарнагум кардаанд. Аз таърих бояд панд гирифт. Холо дер нашудааст.
Посух додан
  • мухим нест

  • 17 декабр 2013 11:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як моддае, ки Зайд Саид-ро айбдор мекунад ин суистифода аз вмаколатхо худ мебошад. Агар дигар шахсони воломакоми Точикистоно гуноххояшонро кобем дар КЧ ЧТ ягон модда намемонад!
Посух додан
  • Точики бехона

  • 17 декабр 2013 11:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Собир,

бале Собирчон бехтарин гапа гуфти. ман 100 дарсад бовари дорам яке аз сабабхои аслии гирифтории Зайд ин Точик будани уст. худоё моро кумак кун
Посух додан
  • muso

  • 17 декабр 2013 11:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин ходимони барӯманди миллат,Худованд ин нидои шуморо қадр мекунад ва мардум ба Шумо фахр намуда, эҳтироматонро болотар м ебарад. Умедворем, ки дигар равшанфикрони кишвар аз ин иқдоми Шумо пайравӣ менамоянд. Кош Худованд тавассути ин нома дар дили раҳбари давлат тараҳҳуме ба вуҷуд орад, ки ба ин мусибати навбатии миллату ватан расидагии воқеӣ намояд, то додгоҳ қазияро аз руи адолат пеш барад.
Посух додан
  • Фурузон

  • 17 декабр 2013 12:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бале Собир, холо кариб дар хама идорахо, азчумла муассисахое ки ба илм сару кор доранд, рохбароне, ки ба точик буданашон аз чехрахояшон шубха пайдо мешавад, хеле зиёд таъин гаштаанд
Посух додан
  • Ворис

  • 17 декабр 2013 13:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачоиб! Агар президент гуяд ки З. Саидро махкам накунед, пас маълум мешавад ки конуну, суду прокурор дар чомеаи мо ягон сахме намебозанд???
Посух додан
  • донишчу

  • 17 декабр 2013 13:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд ба ниятхои некатон расонад донишмандони шинохта ва маъруфи точик. Ана ин хел мешавад дилсузи нисбати фарзандони фарзонаи точик. Агар чаноби президентам бетарафи намояд Худованд барои Шумо ачри зиед ато мефармояд....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зайд Саидов ин фахри Милат аст мо мардуми Мусалмононий Точик бояад фахур кунем ки чунин марди дилсуз дорем кумакий ин марди бузург бахамарам нарасида бошад лекин ба аксарияати мардуми Точик расида аст мо бояад бетараф набошем Мусалмон бе тараф наешавад дуьо гу бошем токий ОЗОД ШАВАД АЗ МАХКАМ КАРДАНИ ИН МАРДИ САХОВАТ МАНД БАРОИ МИЛАТИ МО ЗАЛАЛ ОВАР АСТ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисёр номаи босаводона ва бо аклона бисёр таъсир бахш шахс хурсанд мешавад аз чунин дархостхо!
Посух додан
  • Олим

  • 17 декабр 2013 15:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мамадшо Илолов дар казияи Хоруг соли 2012 ягон овоз баланд накарда буди харчанд туро зораю тавалло карда буданд. Аз вазифа париди овоз бароварди. Инро чи хел бифахмем?
Посух додан
  • jovid

  • 17 декабр 2013 15:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
i ziyoiyoni tojik kori diga nadoran pushtiboni mekunan. 100% gunahgoray saidov mondela
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба ту чи лозим ин лагандбардори ё мард бош ё дар хизмати мард ! ё аз он ки Зайд Саидов бо хислатхои хубаш дар дили мардум ч,ой гирифтааст гамгин шуди? ин лагандбардориат ба касе лозим нест.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!