Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:37

Ишораи президент ва талоши Раҳимов барои ҷалби ҷавонон ба Академия

17 декабр 2013, 11:14

Фарҳод Раҳимов, президенти навтаъини Академияи улуми Тоҷикистон, ки айни ҳол синни миёнаи олимони он 70 солро ташкил медиҳад, ният дорад, бо баргузории маҳфилу озмунҳо олимони ҷавонро ҳар чӣ бештар ба илму ихтироот ҷалб кунад.

Тавре аз Академияи улум хабар доданд, Фарҳод Раҳимов дар мулоқот бо ҷавонону аспирантон барои ҳавасмандсозии онҳо, дар самтҳои «Монографияи илмии беҳтарин», «Мақолаи илмии беҳтарин», «Ихтироот дар илмҳои соҳавӣ», «Беҳтарин кашфиёте, ки дар истеҳсолот ҷорӣ мешавад» ва «Тарғиби дастовардҳои илмӣ дар ВАО» озмун эълон намуд.

Президенти навтаъини Академияи улум қарор кардааст, моҳе як маротиба вохӯрии ошкоро байни раёсат ва аспирантону олимони ҷавони Академия баргузор гардида, ҳамчунин таъсиси «Шўрои олимони ҷавон» низ ба таври ҳамешагӣ ба роҳ монда шавад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни таъини Фарҳод Раҳимов ба вазифаи президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон таъкид намуд, ки барои омодасозии олимони ҷавон аз тамоми имкону захираҳо васеъ истифода бурда шавад, зеро синни миёнаи олимони ҳозираи Академияи илмҳои Тоҷикистон қариб 70 солро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Шумо Фарход Рахимов барори кор мехохам. Бовари дорам, ки аз ухдаи ин кори нихоят душвор мебароед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
устод ягонаед ба пеш
Посух додан
  • Точик

  • 14 январ 2015 23:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пешниходи хубу аввал чавонон аз Фарход Рахими умеди калон доштанд вале охиста охиста ин умедхо барбод рафта истодааст. Хуб мешуд, ки мухтарам Фарход Рахимов аз паи ичрои ваъдахои додаашон мешуданд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МУХТАРАМ УСТОД МАНРО. БА КОР МЕГИРЕД. ДАР АКАДЕМЯИ. ИЛМХОИ. ТОЧИКИСТОН. МАН ЯГОН ДОНИШГОРО ДИПЛОМАМ НАДОРАМ. ИХТИРОКОРАМ. БА ИЛМХОИ ЗАМОНАВИ КОРХОИ ИЛМИ МЕБАРАМ ДАР КАШФИЁТИ. МУХАРИКИ ХУДКОР МЕБОШАМ

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!