Бахшҳо

Зайд Саидов ҷарима месупорад, маҳкум мешавад ё озод?

Дар ҳоле ки, қарор аст, ба зудӣ ҳукми додгоҳ дар баробари Зайд Саидов – соҳибкор ва вазири собиқи саноат эълон шавад, “Озодагон” тасмим гирифт, миёни корбарони худ назарпурсиеро анҷом диҳад. Аз онҳо пурсида шуд, бовар доранд, Зайд Саидов аз боздошт раҳо хоҳад шуд, ҷарима хоҳад супурд ва ё ба 28 сол маҳкум хоҳад гардид.

Беш аз 38,5%-и иштирокдорони назарпурсӣ, ки 77 нафарро ташкил медиҳанд, гуфтанд, додгоҳ Зайд Саидовро ба мӯҳлати 28 соли зиндон маҳкум хоҳад кард. Аммо ҳудуди 30,5% ё дақиқтараш 61 нафари дигар ибрози умедворӣ кардаанд, ки собиқ вазири саноати тоҷик озод мегардад.

Танҳо 8,5 дарсади иштирокдорон (17 нафар) бар инанд, ки додгоҳ Зайд Саидовро ҷарима хоҳад баст. Дар маҷмӯъ, дар ин назарпурӣ 177 нафар иштирок карда, 45 нафар ё зиёда аз 22,5%-и иштирокдорон бо гуфтани “намедонам” иктифо кардаанд.

Зайд Саидов ҷарима месупорад, маҳкум мешавад ё озод?Баррасии парвандаи Зайд Саидов чанде қабл ба поён расида, Абдусамеъ Додобоев, намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ, аз додгоҳ хоста буд, Саидовро барои 28 сол равонаи зиндон кунад. Талабе, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои зиёдеро ба бор овард ва вакилони мудофеъву наздикони Зайд Саидов онро беадолатӣ номиданд.

Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт шуд. Мақомот ӯро дар фасодкорӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешуморанд. Мурофиаи ӯ моҳи сентябр паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ шурӯъ шуда, интизор меравад, бо эълони ҳукми додрас ба анҷом бирасад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Тибки тахлилхо интизор меравад, бо эълони ҳукми додрас , бо гузоштани пешарт Зайд Саидов озод хохад шуд!

конун
Зайд Саид марди хуб аст вале мешинад ба мухлати камтар. Вай барои ин хукумат хатарнок аст.

саша
Мумкинаст ки чарима шавад чун, ки бисёри статияхояш даст задан ба коруппся хастм мо хохони онем, ки чарима карда шавад ва ба озоди барояд ва дар корхои чамияти чалб карда шавад.....
Некбин,

зайд
Зайд бояд озод шавад. Чавонмардии у ибратомуз аст.

Бас элитакуши.Як ба атроф нигох кунед хамачо фасоду коррупсия.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)