Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:46

Тошканд нагузоштааст, китоби мардуми Эрон зуд ба Душанбе расад

17 декабр 2013, 12:12

Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 4,5 ҳазор китоб тақдим кардааст.

Ба иттилои масъулони Китобхонаи миллӣ, дар расми тақдими ин китобҳо раиси анҷуман Алиакбар Муштаҳидии Шабистарӣ гуфта, китобҳо аз мардуми Эрон ҷамъоварӣ шудаву бахши аъзами он китобҳои илмиянд: “Аз ҳудуди яку ним сол муқаддам мо тавассути рӯзномаҳо ба мардуми Эрон муроҷиат кардем, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба китоб ниёз дорад. Мардуми Эрон ин муроҷиатро хуб пазируфтанд ва то имрӯз ҳудуди 20 ҳазор нусха китоб тақдим карданд. Ҳоло мо тавонистем танҳо 4,5 ҳазор аз ин ададро ба Тоҷикистон ворид кунем”.

Гуфта мешавад, сабаби таъхир дар интиқоли китобҳо хавф аз мушкил дар расондани онҳо тавассути марзи Узбакистон будааст. “Якуним сол мунтазир будем, ки кӣ кумак мекунад. Билохира ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр” розӣ шуд, аммо танҳо 4,5 ҳазор нусха китобро, ки 1,5 тон вазн дорад, тавонистем биёрем”,-гуфтааст ҷаноби Шабистарӣ ва афзуда, ки китобҳои боқимонда дар Эрон аст ва бо даст додани имкон ба Тоҷикистон ворид хоҳанд шуд.

Ҳамчунин ба гуфтаи Алиакбари Шабистарӣ Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон талош мекунд, дар Китобхонаи миллӣ маҳфили Маснавихонӣ ва омӯзиши хатти порсиро ба роҳ бимонад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!