Бахшҳо

“Ҳуҷум”-и Дӯстов ва ҳимояи Фролов аз муносибати Русия бо муҳоҷирон

Рӯзи 17 декабр зимни як нишаст дар мавзӯи ҳамоиши Русия бо кишварҳои Осиёи Миёна ва бурду бохти он, бархе аз коршиносони тоҷик сиёсати Маскавро дар умури муҳоҷират интиқод карданд.

Саймуддин Дӯстов, роҳбари созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ”, аз ташкили лагерҳо ва муносибати бад бо муҳоҷиронро дар Русия зикр карда, таъкид намуд, ки ин кишвар ягон стратегияи миллӣ дар умури муҳоҷирати корӣ надорад. Дӯстов барои Русия бархе аз кишварҳои Аврупоро намунаи ибрат хонд.

Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Душанбе, дар пасманзари интиқодҳо аз сиёсати кишвараш пуштибонӣ карда, изҳор дошт, ки на ҳамаи иттиҳомоти ҳозирини конфронс алайҳи Русия асос доранд. Ӯ таъкид намуд, агар ҳама аз интиқоди Русия кор гиранд, ин ба манфиати ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳамкории Тоҷикистону Русия нест. “Ин ки баъзе аз коршиносону афроди алоҳидаи ба фикрам на он қадар босалоҳият аз Русия интиқод мекунанду мехоҳанд бо кишварҳои дигар бо ҳам оянд, ин назари онҳост. Аммо роҳбарияти Тоҷикистон назари тамоман дигар ва хоҳони густаришу ҳамоиш бо Русия аст. Он гуфтушуниде, ки бо роҳбарияти Тоҷикистон дорам, оҳангу фазои тамоман дигар дорад. Ин назарҳои интиқодии баъзеҳо маро дар ҳайрат гузоштаанд”,-афзуд сафир.

Оқои Фролов дар идома аз муносибати Маскав бо муҳоҷирон дар Русия низ ҳимоят карда, гуфт, ҳоло ҳудуди 12 миллион муҳоҷир дар кишвараш иқомат доранд, ки аксарашон ғайриқонунӣ буда, бисёре аз онҳо коре намекунанд: “Аксари ин муҳоҷирони ғайриқонунию бекор ба дӯши Русия бори гаронанд. Дар мавриди узвияти Тоҷикистон ба иттиҳодияҳои Русияю Қазоқистону Белорус имрӯз бояд таҳлили асоснок гузаронда шавад ва дар асоси далелҳо оид ба ҷанбаҳои мусбату манфии ин ҳамоишҳо сухан бояд кард.”

Дар ин ҳамоиш Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон, низ баромад карда, изҳор дошт, ки қисми асосии буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба даст меояд ва бинобар ин саросемагӣ дар мавриди пайвастани Душанбе ба Иттиҳоди гумрукӣ метавонад, пайомадҳои манфӣ дошта бошад: “Мо имкон дорем, воридшавии Қирғизистонро ба Иттиҳоди гумрукӣ назорат кунему таҷриба гирем. Мо барои таҳияи ҳуҷҷатҳо, таъмини инфрасохтори зарурӣ чанд сол дорем. Бояд роҳҳои оҳан созем. Баъд аз ин имкон дорад, дар бораи натиҷаҳои узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ гап занем.”

Дар робита ба ин, Игор Лякин Фролов таъкид кард, кишварҳои шарики Русия метавонанд ба Иттиҳоди гумрукӣ ворид шаванд ва Қирғизистонро мисол овард, ки ният дорад, расмиёти узвияташро дар Иттиҳоди гумрукӣ то миёнаҳои соли оянда ба итмом расонад. Дар пайи узвияти Қирғизистон Тоҷикистон низ метавонад, узви Иттиҳоди гумрукӣ гардад, чун яке аз шартҳои воридшавӣ ба ин Иттиҳод доштани марзи муштарак бо яке аз кишварҳои узв мебошад.

Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ният дорад, дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Минтақаи ягонаи иқтисодӣ, Иттиҳоди АвруОсиёро ташкил кунад, ки дар он ҳаракати мардум, сармоя ва мол миёни кишварҳои узв озод хоҳад буд.
Мӯҳр
Хонанда
Офарин, Дустов! Русхо одат кардаанд, ки точикхои чамшуд бояд хамеша лаббайк гуянд ва дар пеши онхо хомуш бошанд. Ба реаксияи Фролов бингаред, у дар хайрат мондааст, ки точикхо боз гап мезананд.

Dad
Кори хуб карди Дустов. Худат агар хами хе химоя накуни, дигарош хобан. Гапта да хама чо бгу.

Агар хамаи диаспорахои точик ба монанди Дустов далеру руиростгу мешуданд имруз кадри точик ба шаьни аъло буд!!!!

дуст
Дустов бародар туро хамин русхо одам карданд. Дар бозори Челябинск себ мефурухти боз дар хамон чо хонди одам шуди. Ин хакикат аст.

Устод
Пеш аз хама мо бояд ифтихори миллии худро аз хама мавкеъгирихо боло донем.Нагузорем,ки хох Русия аст,хох ИМА ё Чин манфиатхои миллии моро халалпазир намоянд.Мебояд аз манфиати худ дар хама вазъу шароит химоя намуд!

Дустов дар Русия хондаст, себ фурухтаст, ё хлеб пухтаст ин кори вай. аммо маълум ва равшан аст, ки аз хар яки Шумо бехунарон хунармандтар ва бехтар аст. Миллатро аз кулли Шумо бехтару бештар дуст медорад. Агар ба монанди Дустов 4 тои дигар медоштем, ин Миллат аз Гурчиву Киргизу Украини 10 баробар бештар бурд мекард. РЭСПЭКТ ба Дустов!

Сарбаланд
Кош акалан олимону донишмандон ва афсару генералхои точик мисли хамин Дустов мебуданд, ки себфуруш мегуед!

Бекор аз Россия
Зинда бошӣ Дурахши азиз! Ҷони гапа гуфтед...
Суханҳои Сӯҳроб Шарипов низ шоистаи таҳсинанд, сад раҳмат ба ҳамин гуна ватанпарастон, ки ҳастанд! Фирефтаи найранги русҳо набояд шуд, мо Тоҷикистонро бояд обод кунем, на ин ки давлати руСияҳоро! ЕвроАзИнтегратсияву дигару дигараш ҳамааш дуруғ аст, руСияҳо барои худ дар асри 21 ғулом - рабочая сила, кофта истодаанд. Мо набояд ин ғанимати таърихиро ба ин осонӣ ва барои манфиати гурӯҳе аз даст диҳем.

Офарин дустов молодец и красавчик!
Э кандата зан бача, мешудаст ку, то ба кай хап мекунем бо стандартхои двойнои россия. Россия и вашим и нашим вместе пляшем карда гаштаст, минтакаро истифода бурдаю аз тарафи худ хеч чиз надода!
Дигар масъала ин аст ки моро ин русхо миннатдор накунанд ки гуе бучаи точикистон аз хисоби мухочирон аст, дуруг боз хам дуруг!
Мухочири бесора ва бесохиб барои зиндагии харруза ва як копча орду бунеди хонаи алохида дар кишлокаш захмату хун хурда халол пул кор мекунад. Ягон кас хисоб намекунад ки як миллиард оварда ба россия сад миллиард даромаду пешрави меорад!
Россия бояд сиесаташро дигар кунад вагарна ояндаи он коллапс аст!

Русхоро наранчонед ки чумхурияки касоду фасодамонро меларзонанд ки ягон шуури тозаю озодатон ери намекунад

Дуст
Аз вакте ки Дустовро гоибан мешиносам, нисбаташ эхтироми хосе коил хастам. Касест, ки сухану андешаи худро дорад ва вобастаи нафар ё гурухе нест. Офарин бародар!

Бояд мо ватан дустор бошем !! Проблемаи точикон аз он АСТ , ки баъзе аз хамватанони мо рус парастанд ( онхо то хол. Камунизмро фаромуш накарданд) .дар Асл гами точикистонро точикон мехуранд !!!!

Тоҷик
Офарин Саймуддин! Ин гуна конфронсҳо барои он ташкил мешаванд,ки аз мушкилиҳо сухан шавад. Аммо мақомоти расмии мо аз мушкилиҳо ҳарфе намегӯянд. Гуфти сафир як бори дигар инро исбот кард, ки мақомоти расмии Тоҷикистон дар вохӯриҳои дуҷониба ҳеҷ вақт аз мушкилиҳо сӯҳбат намекунанд ва онҳо ба ин одат ҳам кардаанд, ки гуфтаҳои Саймуддин барои онҳо ғайриинтизор намуд.

Nasim,
Хамон Камунизм шуморо хуронд, пушонд, илм дод, чои кор дод, бепул личен кард, бо мухофизатат кард и магар ягон чизи фаромушиай ё ки ягон давраи бад буд?

Барои дуст !

Ин кадар ту беакли гайр чи шудаст,себ фурухтас ин хуб касби падару бобои мо дузди ва авбоши накардаст.Мехнати халол карда ба ин руз расид худованд ба у додаст аклу хушу заковатро. Бародарони точики ман гайбати нохакро бас кунед. Тамоми точикону Точикистониро аз худованд бузург талаб дорам,ки дар Ватану берун аз Ватан дар панохи исмати худ нигох дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)