Неъматулло Асоев, сардори шӯъбаи агентии ҳифзи иҷтимоии шуғли ахолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Шаҳритус аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷурми аз худ намудани маблағҳои ин ниҳод дастгир шуд.
Тибқи иттилои ВКД Асоев аз хазинаи агентӣ 7600 сомониро аз они худ кардаст. Манбаъ ба «Озодагон» дар шарҳи ин хабар гуфт, ки дастгиршуда 45 сол дошта, истиқоматкунандаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон будааст. Неъматулло Асоев моҳи июли соли 2010 2200 сомонӣ ва моҳи сентябри соли равон 5400 сомониро аз хазинаи шӯъбаи агентӣ ба манфиати худ сарф кардааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр