Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:51

“Дигар ишқ”-и Гулрухсори Сафӣ ва 66-солагии ӯ

17 декабр 2013, 15:11

Китоби нави Гулрухсори Сафӣ, шоираи шинохтаи тоҷик, бо номи “Дигар ишқ” барои чоп омада шуда, ба зудӣ ба матбаа хоҳад рафт. Ин хабарро шоираи тоҷик рӯзи 17 декабр, ҳангоми таҷлил аз ҷашни милодаш, ба “Озодагон” гуфт. Хонум Сафӣ имсол ба синни 66 қадам ниҳод.

Гулрухсор мегӯяд, ӯ дар рӯзи ҷашни зодрӯзаш ҳам мисли рӯзҳои дигар бо кор машғул буда, бо донишомӯзони мактаби рақами 64-и ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрие доштааст. Аммо ба гуфтаи шоираи тоҷик, ин рӯз бо чанд хусусияти хоссаш аз дигар рӯзҳо фарқ дорад: “Ин шаб ҳам, мисли шабҳои дигар хоб нарафтаам, ҳеч гоҳ ба мисли шаби гузашта пуркору пурилҳом, дилдодаю ошиқ набудам.”

Хонум Гулрухсор аз шоирони шинохтаи тоҷик аст, ки соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолободи пешина ва ҳоло Нуробод ба дунё омадааст. Вай дар солҳои 1989-1991 Депутати мардумии СССР ва узви Шӯрои олии СССР буд. Дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта сардабири маҷаллаи “Фарҳанг”-ро бар ӯҳда дошт. Аз соли 1998 то кунун раиси Фарҳангистони шеъри ҷаҳон аст.

Гулрухсор муаллифи бештар аз 80 китоб буда, осораш бо чанде аз забонҳои дунё баргардон ва ба табъ расидаанд, ки “Занони сабзбаҳор”, “Зодрӯзи дард”, “Дар паноҳи сояи худ”, “Рӯзномаи берӯз”, “Зан ва ҷанг” “Таронаи Ватан” ва дигарон аз ҷумлаи онҳоянд. Романи “Сакарот”-и Гулрухсор, ки чор соли пеш нашр шуда, ба фурӯш баромад, дар як муддати кӯтоҳ маҳбубият пайдо намуд, вале пас аз чанде аз фурӯшгоҳҳо “ғайб” зад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Фаришта

  • 17 декабр 2013 16:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зодруз муборак устоди азиз!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баъд аз салому паём ба шоири шаҳири мардумӣ тандурустию бурдборӣ ва саодатмандии дорайнро дар рузи таваллудашон таманно дорем. Дар рузи милоди хеш нидои адолату инсофро дар нисбати қазияи Зайдулло Саидов баланд кардан аз гуманизму хайрандешӣ ва ватандӯстии олии шоира гувоҳӣ иедиҳад. Милоди босаодат муборак!
Посух додан
  • Гул

  • 17 декабр 2013 23:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Figar ishk" iborai uzbaki
Ishki digar xubtar budФаришта,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар ин Шоира ва Бозор собир намушед имруз Рогун обод мешуд.

ЧОП КУН ХУНАР ДОШТА БОШИ!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!