Бахшҳо
17 дек 2013 15:42Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Узрхоҳии мудир барои эродаш ба “фигура”-и муаллима

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, баҳси “фигура” бо узрхоҳии Исломиддин Нарсов -- мудири маорифи ноҳияи Ёвон аз Меҳрафрӯз Ҳаётова -- муаллимаи забони англисӣ дар ҳузури маорифчиёни ноҳия поён ёфтааст.

Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф ва илм, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, баъд аз мулоқоту сӯҳбати Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми кишвар бо Нарсов ва Ҳаётова, ҷонибҳо ба созиш расида, мудири маориф аз Ҳаётова маъзарат хостааст. Ин хабарро дар сӯҳбат бо “Озодагон” Меҳрафрӯз Ҳаётова, муаллимаи забони англисӣ дар интернати ноҳияи Ёвон, низ таъйид намуд ва гуфт, акнун аз нияти тарки ҷои кораш даст кашидааст. “Минбаъд низ талош мекунам, насли наврасро тарбия намоям”,-афзуд ӯ.

Қаблан, Ҳаётова аз болои мудири маорифи Ёвон шикоят карда буд, ки гӯиё шаъну эътибори ӯро дар назди ҳамкоронаш паст зада гуфтааст, “фигураат барои муаллимаи забони англисӣ безебай.” Аммо Исломиддин Нарсов дар суҳбат бо “Озодагон” ҳама даъвои Меҳрафрӯз Ҳаётоваро бе асос хонда гуфта буд, “ман ба шахсияти ин омӯзгор нарасидаам. Вақте онҳоро ҷамъ кардем, танҳо дар мавриди сару либосаш гуфтам, ки ба талаботи низомномаи маориф ҷавобгӯ нест, яъне ду рӯймол дошт ва як либоси ғафси дигар, ки ба сару либоси барои омӯзгорон тавсиянамудаи Вазорати маориф мутобиқат намекунад”.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таъкид мекунад, барои омӯзгорони макотиби ҷумҳурӣ риояи «Дастуруламали либосҳои тавсиявии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ» ҳатмист.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Муаллим
Хонум Мехрафруз, офарин! Шумо барои тамоми занони точик ва умуман барои хамаи точикхо намунаи ибрат хастед. Шумо нишон додед, ки каромати инсони ва гурури инсони аз хама чиз болост ва дар хар холат мешавад аз худ ва гурури худ химоя кард. Офарин!

Ромиш
Офарин Нуриддин Саидов вазирони дигар камбудихо ва нуксонхои кормандонашонро мепушонанд, аммо ин вазир хардуро ислох кард!!1Офарин ин аст пешаи марди ва ва кори ..

фира
офирин ба шумо муалима

Кариб хама маколахоро оиди бахси фигураро хондам.Фикр мекунам,ки мудир гуфтааст ва рахмат ба муаллима,ки барои обрую номи муаллим то ба охир рафт.Кам нашавед!

Sarkamish
афсус муаллима ба найранги руббохи пир афтоди ман исломиддинро хуб медонам у морро аз хонааш бо суханони ширин мебарорад

Jamshed
eee diga yakas ofarin guft rangi galai gusfand vori ofarin megen ai pushtuw

Э неки гапта гуфти )))

Корбар
Бояд сарварони дигар вазорату идорахо ба фахми ин гуфта бирасанд:
Хар беша гумон мабар, ки холист,
Шояд, ки паланге хуфта бошад!
Холо замоне нест, ки шахсияти нафареро паст зани, боз дар чавоб у узрхохи кунад. Кори дилхох хокиму раис ё вазиру мудирро дар ин асри нав хамин ИНТЕРНЕТ тамом мекунад. Бояд дигар афроди тахкиршуда хам арзу доди хешро пешкаши корбарони интернет намоянд ва дар як хафта ба бовари гуфта метавонам корашон хал мешавад. Дар ин казия, ки ахиран ба нафъи чабрдида хал шуд, набояд сахми "Озодагон"-ро нодида гирифт. Ахсан ба муаллима, офарин ба вазир, мошоАллох "Озодагон"!

1
Чаро онхо бо ин гуна симои гайриориёи худро точик меноманд? Ки хаминхоро дар хуччатхояшон точик менависад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)