Бахшҳо

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар феҳрасти беҳтарин муассисаҳои олии СНГ

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) дар феҳрасти беҳтарин муассисаҳои олии таълимии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) зинаи 195-умро муаррифӣ мекунад.

Ин раддабандӣ аз сӯи хабаргузории Интерфакс тартиб дода шуда, онро торнамои univer-rating.ru нашр кардааст. Ҳамагӣ дар рейтинг 200 муассисаи олии таълимӣ аз кишварҳои ИДМ ва Балтик шомил гардидаанд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 19 муассисаи олии таълимӣ - Қазоқистон (12), Қирғизистон (3) Тоҷикистон (1) ва Узбакистон (1) вориди ин рейтинг шудааст.

Дар садри рӯйхат Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов нишастааст. Мақоми дуюмро Донишгоҳи давлатии Белорус ба худ ихтисос дода.

Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ дар мақоми 20-ум ҷой дорад. Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Л. Н. Гумилевро дар ҷои 53 ва Донишгоҳи миллии техникии ба номи К. И. Сатпаевро дар зинаи 70 дидан мумкин аст.

Донишгоҳи давлатии Қирғизистон ба номи И. Арабаев зинаи 73 ва Донишгоҳи техникии Қазоқистону Бритониё ҷои 82-ро муаррифӣ мекунанд.

Донишгоҳи техникии Қирғизистон ба номи И. Раззоқов 113, Донишгоҳи миллии Узбакистон ба номи М.Улуғбек дар мақоми 142-и рӯйхати Интерфакс мебошанд.

Барои ширкат дар рейтинги мазкур донишгоҳ бояд на камтар аз 2000 донишҷӯ дошта бошад, ки дар шӯъбаи рӯзона таҳсил кунанд. Муассисаи олии таълимиро зарур аст дар рейтинги байналмилалии сайтҳои донишгоҳҳо – Webometrics ширкат намояд. Дар рейтинг муассисаҳои олии таълимии мақомоти ҳарбӣ, санъат, тарбияи ҷисмонӣ ва филиали донишгоҳҳо ширкат карда наметавонанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ҳаркасе
Ин дуруғрейтингро руссзо барои тасалии дили худашон раҳандозӣ кардаанд. Тибқи рейтингҳои мӯътабари байналмилалӣ, ҳамагӣ ду ва ё се донишгоҳи Русия ба қатори 100 донишгоҳи беҳтарин ҷой доранду халос, ҳамон ҳам ҷойҳои поинтар аз 50ум.

Сиёсат
Бисёр хуб шуд, ки ин рейтинг санчид ва донишгохи бехтарини Точикистон дар руйхаташ чой дод. Балле, чуноне ки хамагон медонанд Донишгохи технологии Точикистон мутахассисони варзидаи бозори мехнати ракобатпазирро ба воя мерасонад. Донишгохи технологии Точикистон яке аз донишгохи бонуфузи Точикистон ба шумор меравад. Ба хамагон маълум аст, ки дар донишгохи мазкур чи кадар сахтгирихо аз тарафи маъмурияти донишгох ба рох мондааст. Донишгохи технологии Точикистон бо чанд донишгоххи хоричи кишвар ва аз он чумла бо донишгоххи Федератсия Россия хамкорихои судманд дорад ва хар сол донишчуёнро барои тахсил ба хоричи кишвар равон мекунанд. Боки дар амони ХУДОВАНД бошед. Ва ба маъмурияти ДТТ саломати ва боз хам пешравиро орзумандам.

Салом,
Албатара маком гирифтан дар чунин рейтинг донишгох масъулятхои хамачонибаро дошта бошад,чи аз чихати варзиш, рафти таълим ва иноватсиони синфхонахо.Албата чи тавреки мову шумо медонем дар Точикистон шумораи донишгоху голечхо ва муасисахои таълими зиёданд бо вучуди ин Донишгохи Технологии Точикистон дар фехрасти бехтарини муассисахои олии СНГ макоми 195 гирифта бошадхам, ин азон шаходат медихад,ки донишгохи мазкур аз чихати таълим ба стандартхои байналмилали чавобгу буда макоми пуршарраф гардид.Албата ин макон на танхо донингохро балки обу руи Точикистонро низ баланд бардошт.
ва миннатдори худро ба рохбарияти Донишгохи Технологии Точикистон мерасонам чунки бо кумаку дастгирии донишгох ман тахсили худро дар яке аз бехтарин донишгохои Аврупо довом дода истодаам ва орзудорам ки бозхам донишгохи мокоми мехтаринро ишгол намояд.

Юсуф
Ҳаркасе,
салом Харкасе, барои чи Шумо дуруггурейтинг мехисобед ин пирузии Донишгохи технологии Точикистон. Ин на танхо шаъну шарафи донишгохро нишон медихад, балки дар арсаи чахони ва дар ин рейтинги чойдодани ин донишгох шаъну шарафи Точикистонро муаррифи мекунад. Агар ин ба стандартхои байналмилали сифати тахсилот дуруст намеомад, дохил намекарданд дар рейтинг. Шумо бар худатон бовари надоред ва пас берун аз Точикистон ба мо чи хел бовари кунанд? Шумо як бор рафта таърихи ДТТ-ро хонед, ки аз руи кадом стандартхо кор ва фахолият менамоянд. Бо якчанд давлатхои Аврупо хамкорихои судманд доранд ва донишчуёни ДТТ ва филиалхояшро хар сол ба давлатхои хоричи барои идомаи тахсил равон мекунанд ва бо муваффакият тамом мекунанд ва баргашта дар ДТТ ва ё дар ЧТ он тачрибае, ки гирифтагианд амали мекунанд. Ташакури зиёд барои хондагиатон. Озодагон агар имконият бошад дар мачалахо чоп кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)