Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:13

Футзал: Иштирокдорони даври финалӣ маълум шуд

18 декабр 2013, 09:23

Ҳайати ниҳоии ширкатдорони мусобиқаи Осиё оид ба футзал-2014 маълум шуд.

Ба ҷуз яккачини мизбонҳо – Ветнам, ба ҳайати ширкаткунандаҳои даври финалӣ Тоҷикистон, Ҷопон, Тайланд, Эрон, Узбакистон, Қирғизистон, Чин, Тайбэйи Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Индонезия, Малайзия, Лубнон, Қувейт ва Ироқ шомил шудаанд. Қуръапартоии мусобиқоти Осиё-2014, ки 16 дастаро ба чор гуруҳ тақсим мекунад, баъдан баргузор хоҳад шуд.

Дар қисмати интихобии мусобиқаи мазкур, ки моҳи ноябр дар шаҳри Тошканд сурат гирифт, мунтахаби Тоҷикистон бо яккачинҳои Қирғизистон (8:4), Узбакистон (4:5) ва Туркманистон (5:4) қувваозмоӣ карда бо дарёфти шаш имтиёз ба даври финалии сабқат роҳ ёфт.

Мусобиқоти Осиё-2014 оид ба футзал аз 30 апрел то 10 май дар шаҳри Хошимини Ветнам баргузор мешавад.

Қаҳрамони феълии мусобиқот Ҷопон аст.

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!