Бахшҳо

Чиниҳо меоянд... Аммо ин Ватан бояд бимонад, соҳибмансабон!

Каюмарси АТО

Аз ҷӯроб то кӯлоҳамон маҳсулоти хитоӣ (чинӣ) аст. Аз қанду шакар то биринҷу равған, бодирингу шалғам ва аз масолеҳи сохтмонӣ то техникаи маишӣ ҳам Made in China-анд. Бар иловаи ин, дар чанд соли охир омадани теъдоди зиёди шаҳрвандони ин кишвари ҳамҷавор ба Тоҷикистони кӯчак низ ба мушоҳида мерасад.

Тақрибан як сол пеш дар маҳаллаи мо ҳамагӣ як хитоӣ ё чинӣ мезист. Ҳоло теъдоди онҳо тақрибан ба 30 расидааст. Тасаввур кардан душвор аст, ки баъд аз як сол ин рақам ба чанд баробар хоҳад шуд.

Агар дар як маҳаллаи мо беш аз сӣ хитоӣ зиндагӣ дорад, пас, дар тамоми қаламрави кишвар онҳо чӣ қадаранд? Оё мақомот фикр кардаанд, ки ҳузури чиниҳо дар кишвар чӣ паёмаде дар оянда дошта метавонад? Дар ҳоле ки аксари мардони тоҷик барои дарёфти қути лоямуте муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва занҳо муҳтоҷи як бурида нону пули бештаранд.

Дар мавриди даҳҳо зани фиребхӯрдаи тоҷик матбуот борҳо навишта буд. Бо яку ду кӯдак зани тоҷикро партофта рафтани шаҳрванди Хитой дар қиёс ба сару садоҳое, ки шунида мешавад, дарди бахайр менамояд. Чанд вақт пештар хабари дастдарозии як хитоӣ ба номуси духтарчаи ноболиғ ҳам паҳн шуд. Оё ин ягона чунин ҳолат аст?

Ба наздикӣ яке аз дӯстон гуфт, аз рӯи шунидаш дар пойтахт баъзе фоҳишахонаҳое ҳаст, ки махсус ба хитоиҳо хидмат мерасонад. Агар ин хабар ҳақиқат дошта бошад, пас, хеле риққатовар аст.

Медонам, ки Чин моро мехӯронаду мепӯшонад. Чин ба мо арзонтарин чизҳоро пешниҳод мекунад, чун медонад камбағалем. Медонам, Чин ба мо қарз додаасту агар хоҳад ба ивазаш як пораи дигар замини кишварро мегирад ва ё шояд бо фоизҳояш ними Тоҷикистонро. Вале намедонам, шаҳрвандонаш дар ин ҷо чӣ меҷӯянд? Мегӯед, мутахассисанд? Пас, кадрҳои мо куҷоянд? Магар ҷавонони мо қобили кор нестанд? Чаро ба коргарони хориҷӣ, аз ҷумла хитоиҳо, пули зиёд дода мешаваду барои кадрҳои ҷавони тоҷик ҳамагӣ чандсад сомонӣ?

Чанд муддат аз баҳри навиштан гузашта будам. Вале ин бор менависам ва ба ҳукуматдорон мегӯям, имрӯз курсиҳоро ба Шумо бовар кардаанд, на барои он ки ҳарчи бихоҳед бикунед. Лутфан, як бор ба дарди ин мардуми афгору рӯҳшикаста ҳам гӯш кунед. Курсии Шумо имрӯз ҳаст, фардо нест. Вале ин Ватан, ин замину кӯҳҳо бояд барои мо бимонад, барои ояндаи мо, барои наслҳои мо. Шояд Шумо хеле ба осонӣ онро соҳиб шудаед, вале гузаштагони мо барои ин сарзамини кӯҳсор хеле ҷон бохта ва хеле бойигариҳояшонро аз даст додаанд. Мефаҳмед?

Ҳоло ин ҳама оғози як хоби даҳшатангез аст. Намедонам, аз ин хоб, ки “аждаҳои сурх” ба он ворид шудааст, бармехезем, ё на.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Роҳгузар
Дар ҳақиқат ин оғози як хоби даҳшатангез аст. Аммо бояд мардум бедорп шавад, зеро ин ҳукуматдорон бештар дар фикри нигоҳ доштани курсӣ ва шикаму зери шиками худашон ҳастанд. Ин Ватан моли ҳамаи тоҷикистониён аст ва бояд онро аз экспансияи иқтисодиву фарҳангии ҳар кишвари дигар ва аз ҷумла Хитой наҷот дод.

в
Мардуми точик як умр бехунар буд. Аз дастамон танхо муздури дар мамлакатхои дигар меояд. Худо гуед ки аз хаминаш хам намонем.

Э Р
беақли итари менависи. ё пула гирифти аз хоҷаҳои боло. дар сиёсат нести булбулакт мехона

Абдуллох
Дархакикат бародар масъалаи мухимеро бардоштааст.Ман хам ба ин сохибони курсихои "муаккади"гуфтаниам:"Шумо фарзандони ин сарзаминед!!! Аз ин вазифахои доштаатон Магрур нашавед! Билъакс, Вакте мешавад, ки аз ин масъулият пурсида мешавед!-Ва донед, ки баъди Шумо Наберагонатон низ бояд дар " ВАТАН"-зиндаги кунанд!!! Як бор нигаред ба мусалмонхои дар Чин зиндаги дошта!!! Ва баъд худ казоват намоед-Бародарон!!!

Самарқанду Бухоро
Бисёр дуруст қайд кардед! Метарсам, ки кадом рузе мансабдорони мо Made in China нашаванд... (Худо нишон надихад!)

аз рости ки яке аз масъалахои мухимро бардоштед. Чун имруз хар сари кадам "made in China"-ро вомехурем. Бародар мо бо шумоем

бародар хело хам масъалаи мубрами рузро бардоштед. чун холи хозир сари кадам "made in china"-ро вомехурем

anahito
Хайрият, ки рузноманигорони ватандусту миллатпарвар хастанд ва мардумро аз оқибатҳои бад ҳушдор медиҳанд ва бояд, ки аз экспансияи чини эҳтиёт кард вагарна солҳост ки дида истодаем, ки шиори ин ҳукуматдорон "гур сузаду дег ҷушад" аст.

Амрико
Ин факат дарди Точикистон нест. Дар Амрико хам хама чиз Made in China аст. Таъсири Чин бешак факат бештар мешавад на камтар. Рохи рахои нест.

донишчу
Гарчанде хадаф аз овардаи бародар барои худаш равшан аст вале масъалаи мухим ва боиси тахсин аст бародар. Бояд дар хар холат гами и мардуми мехнаткаши азиятдидаро хурд. Хеч ам ки набошад барои химояи манфиатхошун хифзи марзу буми кишвари азизашон чизе ироа намуд. Бе чинихоям имруз дар шароити глобализация намешавад танхо фаромуш набояд кард ки и мероси гаронбахои бобоени мост ки ба мо мерос гузоштаанд. Танхо бо мехнати халол ва акли солим бояд фаъолият намоем. Аз хама мухим ба умеди баъзе аз рохбарони тасодуфи нашавем....

Оташнишон
Хой чаноб, вакте, ки чинихо омада хавлию хонаат ва занатро сохиб шуданд, баъд мебини, ки булбулак худат чи хел мехонад.Каюмарс хаки гапро гуфтааст

агент
рост мега, дар ру ба руи магазини Киромиддин дар 33 мкр махсус фохишахона барои китайтсхо хаст

точик
Хамин масъала рузе яке аз сабабхои инкилоб дар Точикистон мешвад

Азиз аз ЧТ
Агар Чиноихо ба кишвари мо омадан гиранд. Агар ин рохбарои гафлатзадаи мо доим дар фикри пур кардани шикам бошанд . Дигар хама чо расво мешавад! Аз президент сар карда то директори мактабхову раиси махаллахо хама Made in China! мешаванд. Хой рохбароне Бедор шавед! Бедор! Ё чойро холи кунед! Бигзор шахсе рохбар бошад, ки кор карда тавонад. Охир то кай халки бечораи точик берун аз ватан саргардон бошад?! То кай чавонхои бечораи мо аз паи чустучуи нон рафтаву сипас онхоро бо тобут биёранд? (худоё панох!). То кай бебарк мешинем?(гуё асри 15 бошад) то кай? 200 300хазор хитои дар Точикистон нони 8 млн точикро хурда гардаду бечора падару писару бародари мо кучаи русхоро тоза кунад. Бас аст. Бас!

Antichina
Дар хакикат аз ин хоби"дахшатовар"хезед!-Аз хоби гарон,хоби гарон,хоби гарон,хез!

VATAN DUST
САЛОМ 60 СОЛ ШИДАЙ КИ ХИТОЙ УЙГУРОРА ГРФТАГИАЯЙ ДАР АМИ 60 СОЛ ЯГОН ДХТАРИ УЙГУР АФИТСАЛНИ ШУЙ ХИТОЙ НАКАДАЙ НЕКИ ДАР МО ТОЧИКО ХЕЛА БИСЁР ШИДАЙ ДОМОДОЙ ХИТОЙ БО ФАРЗАНДОРАН ШИДАГИЯН ХАМАЙ И НИШОНАЙ БЕНОМУСИ МО ТОЧИКОАЙ КИ СУМ ГУФТА ХАМАРА ФУРУХТАГИЕМ ЯГОНКАС ИМРУЗ ДАР ФИКРИ ВАТАН МИЛАТ НЕСТ БОВАР КНЕН ИХЕЛИ РАФТЕСТАЙ ОКИБАТШ ГЛОМИЯЙ БАРОДАРА

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)