Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:40

Тоҷикон дар афсонагӯӣ беҳтарини Осиё эътироф шудаанд

18 декабр 2013, 11:15

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, имсол дар озмуни байналмилалии сенарияҳо аз рӯи афсона, ривоят ва ҳаммосаҳои халқҳои Осиё, таҳти унвони «Санъати афсонагӯӣ» намояндагони Тоҷикистон соҳиби шоҳҷоиза шудаанд.

Ба иттилои манбаъ ин озмуни байналмилалӣ се сол инҷониб баргузор мешавад ва имсол ба гирифтани шоҳҷоизаи Озмун, намояндагони Тоҷикистон, муаллифони сенарияи спектакли «Мақсуд зи ҷумла офариниш моем» («Конечная цель всего творения мы»), Азим Аминов ва Олим Салимзода мушарраф гаштанд.

Вазорати фарҳанг мегӯяд, ин асар дар асоси рубоиёти фалсафӣ ва ҳикматомӯзи суханвари мумтози тоҷик Умари Хайём офарида шуда, ғановати адабиёти гузаштаи миллати моро барои ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

Манбаъ афзуд, ҳамчунин дар Озмуни мазкур шоир, нависанда ва драматурги тоҷик Садри Умар бо сенарияи филми ҳунарии «Чамбули мастон» ғолиб дониста шуд: “Садри Умар дар солҳои 2011 ва 2012 низ бо сенарияҳои спектакли «Гӯрзод» ва филми ҳунарии «Тифле дар чанголи уқоб» дар озмун иштирок намуда, ҷойи худро дар сафи ғолибон ишғол намуд.”

Ин озмун ҳамасола бо ҳимояти Вазоратҳои фарҳангии Корея, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон баргузор шуда, соли 2014 низ даври ниҳоии он дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • в

  • 18 декабр 2013 11:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар як чизхое голиб мебароем, ки ба касе лозим нестанд.
Посух додан
  • хонанда

  • 18 декабр 2013 11:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ана инро маданияти баланд меноманд. Аз афсонахони безор шудем. Вакти он расидааст ростгуиро омухтан лозим то ягон пешрави дар зиндаги шавад.
Посух додан
  • Dev

  • 18 декабр 2013 12:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тоҷикон дар афсонагӯӣ беҳтарини Осиё эътироф шудаанд".
A kak zhe . Nisfi tojikon afsonahon , nisfi digar korii kuron .Sohibkasboni asri21 .
Посух додан
  • Salim

  • 18 декабр 2013 13:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро мо дар афсонагуи бехтарин нашавем, чун зиндагии мо имруз вокеан ба як афсоанаи хакики табдил ёфтааст? Об афсона, рох афсона, барк афсона, газ афсона, кор афсон. Умуман тамоми сиёсати хукумати имрузаи мо афсона аст.
Вакте хама чиз афсона аст пас мо чи гуна дар дигар озмунхо голиб оем? Ягона озмуне ки мо дар он голиб меоем ин хамин афсона аст. Шукри хукумати чоночонамон!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рухияи мардуми Осиёи марказиро хамин афсонахост, ки ба Зиндаги гарм месозад. Набошад онхо кайхо аз сафхаи таърихи башари чун навиштачоди болои лавхахои замони муосир пок мегарид.
Посух додан
  • хоби ширин

  • 19 декабр 2013 20:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як афсона моро ба хоби чандсола мебарад. Ин афсона не, афсун аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!