Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:31

Интиқоди Бобоназарова ва мухолифати Кумитаи амният ба қонуни муҳоҷират

18 декабр 2013, 11:54

Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари созмони “Перспектива +”, имрӯз, 18-уми декабр, зимни баррасии ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз таъхири қабули қонун дар бораи муҳоҷират дар Тоҷикистон интиқод намуд.

Бобоназарова зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, чор сол боз мақомоти тоҷик қабули қонун дар бораи муҳоҷиратро ба таъхир меандозад. Раиси “Перспектива +” таъкид намуд, Фонди молие, ки бояд дар доираи қонуни муҳоҷират ташкил шавад, бояд аз ҳисоби маблағҳои давлат бошад: “Чун агар ин Фонд аз ҳисоби худи муҳоҷирон ташкил шавад, дар ин шароити фасодкорие, ки мо дорем, эҳтимол аст, ки он маблағҳо ба фоидаи муҳоҷирон истифода шаванд.”

Дар ин робита Шарипов Толиб, сардори сарраёсати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар ҳоли ҳозир Вазорати молия мухолифи ташкили Фонди махсус барои муҳоҷирон аз ҳисоби буҷаи давлат мебошад.

Таҳлилгарон мегӯянд, қонуни муҳоҷират барои шаҳрвандони тоҷик дар берун аз кишвар имтиёзҳои зиёдеро пешбинӣ намудааст, вале мақомот дар қабули онҳо шитоб намекунанд.

Музаффар Зарифов, роҳбари созмони “Муҳоҷират ва Рушд” таъкид намуд, ки дар ҳоли ҳозир ниҳодҳое ба монанди Вазорати умури хориҷӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мухолифи қабули қонуни муҳоҷират баромад карда истодаанд.

Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон дар Русия наздики ду миллион муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунанд ва аз нигоҳи ҳуқуқию иҷтимоӣ дар ин кишвар осебпазир арзёбӣ мешаванд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • н

  • 18 декабр 2013 12:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро номи ташкилоташон руси аст: Перспектива? Айб аст.
Посух додан
  • SP

  • 18 декабр 2013 12:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Перспектива калимаи лотинист на руси.
Посух додан
  • Э Р

  • 18 декабр 2013 14:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ҶАВОБ БА Н. БАРОИ ОН КИ ИН ТАШКИЛОТ ВУҶУД НАДОРАД ҲАРЧИ ХОҲАНД НОМ МЕМОНАНД. БЕЧОРАҲО
Посух додан
  • точик

  • 18 декабр 2013 15:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
охир хамин кумитаи амниятро бо кабул ё мухолифат кардан барои кабули конуне чи кор? магар инхо намояндаи мардуманд?
Посух додан
  • Shuhrаt

  • 18 декабр 2013 22:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародаро,барои чи шумо аз проблемахое,ки Бобоназарова гуфтааст харфе намезанеду ба эродгири мегузаред. Фарк чист номи ин созмон "Перспектива " хаст е чизи дигар. Мухим он,ки ин созмон гами миллатро хурда истодааст. На ба монанди он нафароне,ки дар сари вазифа хастанд ва номхои ташкилоташон хам точикиву милли асту аммо хеч парвои на миллатро доранду на мухочиринро.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!