Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:49

Эмомалӣ Раҳмон аз «Кохи Матбуот» дидан кард

5 август 2011, 10:49

Президенти Тоҷикистон зимни сафари кориаш аз вилояти Суғд, имрӯз аз қасри тозабунёди мавсум ба «Кохи Матбуот»-и шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард.


«Кохи матбуот» ягона иншоотест, ки тайи 20-соли ахир ва дар пешорӯи ҷашни 20-солагии истиқлолият муҷаҳҳаз бо тамоми шароити корӣ  барои кормандони ВАО сохта шудааст. Ин бино аз 13 ошёна иборат буда, аз иншоотҳои муҳимтарини ҷашнӣ дар ин вилоят маҳсуб мешавад.
Тарҳи сохтмони бинои «Кохи Матбуот» дар соли 2007 оғоз шуда, он дар арафаи 20 умин солрӯзи истиқлолияти давлатӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор хохад гирифт. Сохтмони бинои «Кохи матбуот»  бо маблағи 21 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии маҳаллии «Евростройсервис» сурат гирифтааст. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!