Азми Аслов барои густариши ҳамкорӣ бо Чину Русия
Сироҷиддин Аслов, вазири навтаъини хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо сафири Чин дар Душанбе, Фан Сянжун, масоили ҳамкориро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин истиқбол намуда, барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф табодули назар кардаанд.
Ба иттилои манбаъ худи ҳамин рӯз Сироҷиддин Аслов сафири Русия дар Душанбе, Игор Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфта, масоили ҳамкориро дар самтҳои сиёсӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ кардаст.
Ҷонибҳо қайд кардаанд, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар асоси принсипҳои шарикии стратегӣ идома ёфта, минбаъд низ бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб барои амалисозии қарордодҳои дар сатҳи олӣ бадастомада сурат хоҳанд гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |