Бахшҳо
19 дек 2013 09:20Тоҷикистон / Сиёсат

Умедвории Сангинов ва сафари муовини нахуствазир ба марз

Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси вилояти Суғд, ки дар ҳоли ҳозир дар марз бо Қирғизистон қарор дорад, вазъиятро мӯътадил арзёбӣ кард. Ӯ субҳи 19 декабр дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, гуфтушунидҳо барои ҳалли танишҳои бавуҷудомада идома дорад ва ӯ ба мусбат поён ёфтани қазия мӯътақид аст.

“Мо ҳоло дар Ворух ҳастем. Гуфтушунид бо намояндагони кишвари ҳамсоя идома дорад. Бовар дорем, ин роҳ ҳатман кушода ва вазъият мусбат ҳал мешавад”,-афзуд ӯ. Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси Суғд ва Даврон Зоҳидов, раиси тозатаъини шаҳри Исфара, субҳи 19 декабр барои бартараф кардани низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷамоати Ворух рафта буданд. Оқои Сангинов мегӯяд, то замони боз шудани роҳ дар он ҷо хоҳад монд.

Дар ҳамин ҳол, Токон Мамидов, муовини нахуствазир ва вазири мудофиаю амнияти сарҳади Қирғизистон, барои шиносоӣ бо таниши марзӣ, ки бо роҳбандӣ анҷом ёфт, ба вилояти Бодканд, ба навоҳии наздимарзӣ бо Тоҷикистон сафар кардааст. Дар ин бора, рӯзи 19 декабр раиси парлумони Қирғизистон Асилбек Жээнбеков, хабар додааст.

Ба гуфтаи раиси парлумони Қирғизистон, издиҳом дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, соати 2-и шаби 18 ба 19 декабр пароканда шуда, ҷамъомадагон шарт гузоштаанд, ки агар талаботашон иҷро нашаванд, рӯзи 19 декабр соати 11:00 боз гирдиҳам хоҳанд омад. Сафари ноиби Сарвазир дар ҳолест, ки таниши марзию роҳбандӣ, ки дар пайи сӯхтори як чойхона дар вилояти Бодканди Қирғизистон, сурат гирифт, бо издиҳом ва роҳбандӣ анҷом ёфт, вале баъди гуфтушуниди мақомоти ду ҷониб ҳал шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки 3 рӯз қабл дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон як хона ба коми оташ рафт. Дар пайи ин дар ҳудуди Бодканд низ як чойхонаи шаҳрванди қирғиз ба коми оташ рафт ва сокинони наздимарзии тоҷику қирғиз дар ин сӯхторҳо якдигарро муттаҳам карданд. Дар натиҷа дар марз роҳбандӣ ба вуҷуд омада, аз ду тараф издиҳом ҷамъ гардид.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Изхор
Холо бисёр мешаванд талабгорхо, хатто афгонхо хам замин талаб мекунанд. Хоки мукаддаси Ватан модарро ки фурухтед, киргозхо мехоханд як китъаи заминро хам кашида гиранд. Лекин мо фарзандони дури ватан намегузорем!!!

Ин минтака рохи халли оддиро надорад . Баъди хар як хаминхел конфликт заминхои точиконро хукуматдоро медиханд ва акнун ,ки замин кам мондааст худро ба карри мезананд сарвазири киргиз мебиёд аз мо чи?

дилсухта
Набояд ба ин ичозат дихем агар дар мо заррае вичдон бошад агар мо дар фикри насли пасин бошем ба ин имкон намедихем. ин дафъа хам ба фоидаи онхо хал шавад Ворух ба пурраги дар ихтиёри онхо мешавад. Эйййй халки бузурги Ворухзамин ба ин ичозат надихед!!!!

дуст
Ба умедвории Сангинов нашавед ки хамаро аз даст медихед. Аздасти ин одам хеч кор намеояд гайр аз ду се гапи пуч. Ин муйсафед бехтараш рафта наберагонашро тарбия кунад.

мардуми нохия ба Чураев Низомхон ниёз дорад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)