Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:11

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)

19 декабр 2013, 09:50

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои наздик парвандаи Умар Шарифов, сокини 21-солаи Душанберо, ки дар садамаи шаби 9 октябри соли ҷорӣ муттаҳам мешавад, ба додгоҳ ирсол хоҳад кард. Ин садама дар маркази пойтахт рух дода, се кушта ва се маҷрӯҳ бар ҷой гузошта буд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, ба “Озодагон” гуфт, алайҳи Шарифов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, додгоҳ мӯйро аз хамир ҷудо хоҳад кард. Оқои Садриддинов вале нагуфт, оё Умар Шарифов, ки қаблан таҳти пайгард ё ҷустуҷӯ қарор дошт, боздошт шудааст, ё на.

Номи Умар Шарифов баъд аз як моҳи садамаи маргбори шаби 9 октябр, ки бо иштироки БМВ-и Расули 16-сола, писари Амонулло Ҳукуматулло – раиси ширкати Роҳи оҳан рух дод, пайдо шуд. Мақомот дар аввали ин садама Асрор Ҳукумов ва баъдан Расули Амонуллоро айбдор карда, волидони ӯро мавриди бозпурсӣ қарор дода буданд. Вале баъдан модари Расул танҳо барои нақзи қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон 120 сомонӣ ҷарима шуда, пойи писари худро аз ин баҳс берун кашид.

Ҳоло мақомот мегӯянд, гунаҳкори аслии садамаи маргбор на Расул, балки Умар Шарифов аст, ки ба гуфтаи онҳо гӯиё дар сари фармони мошин буд. Ба қавли мақомот, “ҳоло нисбат ба Умар Шарифов тибқи моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (барои истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду нафар ё бештар аз он шудааст) боз шудааст.” Барои ин кор дар Кодекси ҷиноӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Умар пештар бар асоси моддаи 237, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне авбошӣ, маҳкум шудааст.


АКСҲОИ БЕШТАР АЗ САДАМАИ ШАБИ 9 ОКТЯБР:

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Далер

  • 19 декабр 2013 10:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин маънои онро дорад, ки Амонулло метавонад бад аз рухсати бо кувваи тоза ба кор баргардад.
Посух додан
  • Дурбин

  • 19 декабр 2013 10:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман нафахмидам. Сабабгори садама Умар Шарипов, пули табобатро Хукумов медихад?! Конунхои чоночони Точикистон барои камбагалонро гардам.
Посух додан
  • Ворис

  • 19 декабр 2013 10:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин Умараш невидимка хаст?? кани сураташа акаллан бинем?
Посух додан
  • 9

  • 19 декабр 2013 10:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба фикрам бо Шарипов маслихат кардаанд ки гунохро ба гардани худ гирад ба ивази маблаги калон. Мумкин ваъда кардаанд, ки пас аз 1-2 сол аз зиндон мебарорандаш.
Посух додан
  • Самир

  • 19 декабр 2013 10:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз дасти ин Одамхо хар кор мебиёяд, шояд Умаро харидаги бошанд. Как говорят русские деньги решают все
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Rafik ne vinovatl!!! On nikogo ne ubival!!!
Посух додан
  • сомон

  • 19 декабр 2013 10:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хабсхонаи ноболигон танхо барои кудакони аз гуруснаги дар бозорхо дузди кардан аст. Ноболигони одамкуш бояд озод бошанд. Конунхои точики.
Посух додан
  • Rustam

  • 19 декабр 2013 11:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э ха, ана адолат дар кучост. Аз аввал маълум буд, ки хамин гуна карор бароварда мешавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар сари чамбараки мошини писари Ҳукумов, Умар нишаста буд?????????
Шумо муайян накардед, ки Умар бо Расул чи гуна робита дошт?
Ба фикрам Умар ронандаи шахсии Расул буд ва ё ҳар чинояткор метавонад ба сари чамбараки мошини Расул биншинад ва чиноят содир кунад ва касе ба у дахолат накунад, зеро он мошин азони писари Амонулло Ҳукумов аст.
Посух додан
  • a

  • 19 декабр 2013 12:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мансабдорон аз Шумо хоҳиш мекунам, илтимос мошинхоятонро ба чинояткорон надихед.
Посух додан
  • Ғ

  • 19 декабр 2013 13:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Умар гунахгор бошаду Хукумов ба осебдидагон маблаг дихад. Ачиб. Оё ингуна хайрхои ба мансабдорони мо рост меояд, ки писараш "бегунох" бошаду у барои зарардидагони садама маблаг дихад, яъне харчи ким кадом як Умарро пардохт намояд? Не-не, инчо зери коса нимкоса истодааст. Агар хамин Расул бегунох бошад, пас хама зиндониёни Точикистон бегуноханд. Онхоро низ озод кунед!
Посух додан
  • Dev

  • 19 декабр 2013 15:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Parvandai Umar ba dodgoh, parvandai Rasul ba mardum,digar rohi az huddifokuni namond.
Посух додан
  • ном

  • 19 декабр 2013 16:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"додгоҳ мӯйро аз хамир ҷудо хоҳад кард"
албатта муйро мегиранд ва хамирро мепартоянд......
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кандонота бзанен давлатдорони Точикистион. Бори дигар бо ин амалатон "Равшан и Джамшут" ва колхоз будани точиконро тасдик кардед. Нангу номуси милли кучо шуд. Рохбарони сохторхои хифзу хукуки кишвар, ки маълум аст касе онхоро ба назар намегирад, агар ба номус бошанд бояд аз вазифахояшон даст кашанд.
Посух додан
  • ҳақиқатҷу

  • 19 декабр 2013 18:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ин дунё ки мардонаш асои кур медузданд Мани нодони зудбовар ҳақиқат ҷустуҷу дорам
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!