Бахшҳо
19 дек 2013 10:51Тоҷикистон / Сиёсат

Нороҳатии Убайдуллоев аз шомил нашудани тоҷикон ба Оксфорд

Маҳмадсаид Убайдуллоев – шаҳрдори Душанбе дар назди вакилони халқи пойтахт гузориш дода, дар баробари пешрафтҳо аз камбудҳои дар 11 моҳи соли ҷорӣ низ ёдоварӣ кардааст. Ӯ аз ҷумла камбудҳо дар таълиму тарбияи насли наврасро мояи нигаронӣ донистааст: “Аз ҷониби ноболиғон дар 11 моҳи соли ҷорӣ 213 ҷинояти гуруҳӣ содир шудааст. Дар 11 моҳи соли 2012 ин рақам ба 199 баробар буд.”

Раиси Душанбе аз роҳбарияти маорифи шаҳр хостааст, муносибаташонро бо вазифаҳои хизматияшон тағйир диҳанду дар ҳамкорӣ бо волидон роҳи ҳар гуна муноқишаҳои байнимактабии хонандагону рафторҳои номатлуби онҳоро ҷилавгирӣ намоянд. Вай, инчунин, аз он шикоят карда, ки ҳеч кадоме аз хатмкунандагони гимназияю литсейҳо ба донишгоҳҳои бонуфузи олии ҷаҳон, аз қабили Кембриҷ, Оксфорд ва Ҳарвард шомил нашудаанд: “Боиси нигаронист, ки дар се соли охир аз 430 хатмкунандаи литсейҳои №1-2 ва гимназияҳои №1-2, ки омӯзгоронашон аз ҳисоби буҷаи шаҳр ҳар моҳ 600 сомонӣ иловапулӣ мегиранд, 358 нафарашон дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ ва танҳо 66 нафарашон хориҷ аз он таҳсил менамоянд. Аммо ҳеч кадоме аз онҳо дар донишгоҳҳои бонуфузи олии Кембриҷ, Оксфорд, Ҳарвард ва амсоли онҳо дохил нашуданд.”

Убайдуллоев эътироф кардааст, ки истеҳсолот низ дар пойтахт тайи 11 моҳи соли равон коҳиш ёфта ва сабаби аслии онро қатъи кори “Тоҷиксемент” хонд: “Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2013 аз ҷониби 258 корхонаи саноатии гуногун дар ҳаҷми 815,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 90,9 фоизро ташкил дода, 81,8 млн. сомонӣ кам мебошад. Сабаби асосии пастшавии ҳаҷми истеҳсолот, қатъи кори “Тоҷиксемент” аст, ки аз 1 январ то 25 сентябри соли ҷорӣ бе гази табиӣ монд. Маҳз бо ҳамин сабаб беш аз 154,8 ҳазор –тонна семент ба маблағи 125,19 млн. сомонӣ кам истеҳсол гардид.”

Дар мавриди нарх дар бозорҳои пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид намудааст, охири моҳи ноябри соли равон аз 22 номгӯи маҳсулот нархи 11–тои он аз 1 то 50 фоиз зиёд шудааст. Ӯ ба мавзӯи нархи озуқа дахл карда, таъкид намудааст, ки бояд миёнаравҳои зиёд аз бозорҳо бардошта шаванду рақобати солим таъмин гардад.

Шаҳрдори Душанбе инчунин аз фаъолияти муовинаш Насрулло Хайруллоев ва Мансуров дар самти таъмини пойтахт бо гармӣ интиқод намуда, онҳоро вазифадор кард, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ нисбат ба таъминоти шаҳр бо нерӯи гармӣ, ки истеҳсоли он салоҳияти танҳо зерсохторҳои ширкати «Барқи Тоҷик» маҳсуб мешавад, баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳр чораҳои муассир андешанд.

Убайдуллоев дар самти мусофиркашонӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рақобатнокии нақлиёти истифодаи умум, кам кардани анбӯҳи нақлиёт дар хатҳои сайр, беҳтар намудани вазъи техникӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро масъалаҳои ҳалталаб арзёбӣ кардааст.

Раиси Душанбе дар мавриди бунёду азнавсозии роҳҳо дар пойтахт зикр кардааст, ки дар баъзе минтақаҳо таъхиркориҳо ҷой доранд ва ин таъхиркориҳоро ба фарсудагии қубуру ноқилҳо рабт додааст, ки корҳои иловагиро тақозо мекунанд. Ӯ дар мавриди сохтмонҳои рӯзафзун дар Душанбе илова намудааст, танҳо дар 11 моҳи соли равон 1 миллиарду 581 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст ва ин нишондод то охири сол ба 1,8 миллиард сомонӣ хоҳад расид. Убайдуллоев бо зикри сохтмонҳои зиёд иқрор кардааст, ки мақомоти ваколатдор бо имконияти феълияшон наметавонанд дар сатҳи зарурӣ сохтмонҳоро назорат кунанд: “Аз ин лиҳоз, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр вазифадор карда мешавад, ки дар соли 2014 дар ҳамкории бевосита бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон, дигар сохторҳо ва масъулини соҳа барои коркарди механизми боэътимоди назорати ҷараёни сохтмон Барномаи махсусро таҳия намуда, татбиқ созанд.”

Раиси Душанбе, инчунин, ба соҳаҳои дигари хоҷагидорӣ дар Душанбе дахл карда, аз масъулин, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон даъват намуд, ки барои татбиқи барномаҳои гуногун муштарак талош кунанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Маршруткахоро намегуи ки 2 сомони шудаанд кайхо.Ку наклиети чамъияти?Экологияи шахр кайхо чазир шудаги нафас гирифта намешавад.Чи хол дори Осксфорд ки дар борааш харф мезанен.

донишчу
рахмат "Оксфорд” дар хакикат шери нар будаи офарин барои мухокимаи диккатчалбкунанда.....

Душанбинец
Оксфорда як су монеду дар пойтахти кишвар як системаи наклиёт ташкил кунед. Сад мушкил дар шахр дорему шумо дар бораи Оксфорд кисса доред.

Сокини шахр
Ман ба М.Убайдуллоев бовари дорам ва танхо ба у. У ва хешовандонаш тозакоранд. Худо нигахбон бошадат.

шахри
Кай хамин Убайдуллоев курсии раисии шахрро тарк мекарда бошад, магар дигар ягон одма нест, ягон нафар аз одмахои худи шахрро бигузоред ки дилаш ба холи зори шахр сузад охир. аз холи бади хонахои чандошёнаву мусрокаву беобиву роххои валангору бемаданиятии шарнишини гиритфа то фиреби макомоти масъули шахру макткбхои ришвахору муаллиму муаллимахои аз гадо бадтар ки ба бахонаи таъмири мактабу фонди мактаб барои рузи таваллуди худ гарданбанди тилломехаранд.

Акбар
шахри, Бародар хато мекни, Раиса дилш ба шахр месуза, я каси дигар боша бад холи шахра бин. Сиёсат дора мардак, кори хдша хуб медона. Неки хами хдт ягон кор карда боши ба хами чамъията?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)