Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:57

Давлатов гуфтааст, аз “Сангтӯда 1” бо “зӯрӣ” андоз намеситонад

19 декабр 2013, 11:24

Павел Лавров, мудири нерӯгоҳи “Сангтӯда 1” ва Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон созиш кардаанд, ки нисбати нерӯгоҳ чораҳои маҷбурии ситондани андоз татбиқ нахоҳанд шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти “Сангтӯда 1” ҷонибҳо ба мувофиқа омадаанд, ки нерӯгоҳ мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда қарзашро дар назди буҷети давлат пардохт хоҳад кард. Зимни мулоқот таъкид шудааст, ки ҳаҷми пардохтҳо ба буҷет аз маблағе, ки “Барқи тоҷик” ба нерӯгоҳи “Сангтӯда 1” медиҳад, вобаста хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”, ки 75 дарсади саҳмияҳояш моли Русия буда, 15 дарсади нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад, аз қатъи фаъолияташ ҳушдор дод.

Масъулини “Сангтӯда-1” гуфтанд, Кумитаи андози Тоҷикистон 29 ноябр суратҳисобҳои бонкии нерӯгоҳро ҳабс карда, 4 декабр аз ин суратҳисобҳо 52 миллион сомонӣ қарзи андозро ба фоидаи давлат рӯёндааст. Мутасаддиёни нерӯгоҳ мегӯянд, сабаби асосии қарздорияшон дар он аст, ширкати “Барқи тоҷик”, ки харидори инҳисорӣ аст, ҳаққи барқи аз ин нерӯгоҳ гирифтаро саривақт пардохт намекунад. Ба иттилои нерӯгоҳ, ҳаҷми қарзи “Барқи тоҷик” ба ҳолати 1 декабри соли равон 404 миллион сомониро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дилёб

  • 19 декабр 2013 13:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Русия волидони Ҳамза Икромзода нест ки бо ин кудратмандони точик ба иборае "хафту хашт" карда гардад. Маблаги баркашро бо харрох меситонад ва хатто бо дастбусихои тарафи саркаш. Инхо ба чуз борони чабр рехтан болои сари хамватанони оддии худ кореро анчом дода наметавонанд. Ингуна тачрибахо дар мо кам аст магар? Биё ба ибораи хал "кохи кухнаро бод надихем". Кош хамон барки карзгирифтаро мардуми оди истифода мебурд.
Посух додан
  • хонанда

  • 19 декабр 2013 14:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ягон одам гуфта метавонад ки 84 млн долари карзи барки точик дар назди Сангтуда-1 ро ки хурдааст? Дузди зур сохиби говро бастааст мегуянд рост будааст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!