Бахшҳо

Ваъдахилофӣ ва шартҳои нави қирғизҳо ба Тоҷикистон

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар гуфтушунид бо қирғизҳо созиш шуд, ки роҳи Исфара-Ворух кушода шавад, вале сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканд саркашӣ мекунанд ва шарти нав гузоштаанд, ки танҳо дар ҳолати ризоият барои идомаи сохтмони роҳи Оқсой -Бедак (Тамдик) роҳро боз хоҳанд кард.

Тавре дафтари матбуотии ҳукумати ноҳияи Исфара хабар медиҳад, 18-уми декабр тақрибан соатҳои 17-30 ҳудуди 400 сокини деҳаҳои қирғизнишин дар назди марз ҷамъ омада, бо ҳар роҳ талош доштанд то дубора низоъ барангезанд. Ба иттилои манбаъ дар пайи гуфтушунид боз ваъда шуд, ки соати 06-00-и субҳи имрӯз, 19-уми декабр роҳи Исфара-Ворух аз тарафаи сокинон ва низомиёни вилояти Бодканди Қирғизистон кушода мешавад, ки то ҳол иҷро нашудааст.

Дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Исфара таъкид мекунад, ки айни ҳол вазъ дар марз ором ва таҳти назорат буда, гуфтушунидҳо идома доранд: “Феълан муовини раиси вилояти Суғд, Ҷумъабой Сангинов ва иҷрокунандаи раиси ноҳияи Исфара, Даврон Зоҳидов тамоми чора барои пешгирии ҳамагуна иғво, муноқиша ва низоъ меандешанд.“

Низоъ миёни сокинони ҷамоати Ворухи Исфара ва Оқсойи Бодканд дар натиҷаи оташ задани як манзили зист ва чойхона ба вуқуъ пайваста буд. Таърихи 15-ум як нуқтаи таъмини сӯзишвории сокини деҳоти Чоркӯҳ ва рӯзи 17-уми декабр як ошхонаи сокини деҳаи Оқсой дар натиҷаи баҳси дутарафа оташ зада мешавад. Ин сӯхторҳо боиси нооромии вазъият гардида, соати 22-00 17-уми декабр сокинони деҳаи Оқсойи Бодканд роҳи мошингарди Исфара-Ворухро баста, чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро латукӯб низ кардаанд.

Зимни гуфтушуниди мақомоти тоҷику қирғиз супориш шуд, ки як комиссия таъсис ёфта, иллатҳои аслии сар задани сӯхторро дақиқ кунанд. Қарор шуд, гузориши ҳисоботии худро ба мақомоти ҳарду кишвар ирсол намоянд.


Акс аз Ғолиб Урунов
Мӯҳр
изхор
"сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканд саркашӣ мекунанд ва шарти нав гузоштаанд, ки танҳо дар ҳолати ризоият барои идомаи сохтмони роҳи Оқсой -Бедак (Тамдик) роҳро боз хоҳанд кард" Эй точикон аз хоб бедор шавед ин низоъ аз чониби рахбарияти хукумати Киргизистон тархрези шудааст ва мехоханд рохро ба хамун чои муносиб ки тарики хоки точикистон сохтанаш муносибтар ва камхарчтар аст, бояд бисозад ва ба хамин бахонахоро пеш оварда аст. Чунки аз додани замин ба хитой моро гулу гаранг будани моро фахмиданд......

Масчохи Хочаи Аъло
Мо дар Хочаи АЪЛО хис мекунем,ки ин давлат ГУИЁ СОХИБ НАДОРАД.Бесохибии точик хатто дар Ватанаш хис мешавад.Дишаб киргизхо рохе,ки дар территория точикон аст гасб карда бо хамрохии сарбозони бешумор ва халки одди рохи моро бастанд.Аз тарафи точик 2-3 милисаву ду се афсарчае,ки автомат аз онхо калони мекунад.Чанд хонаро оташ заданд.Чунин ходисахои таи 10 соли охир садхо маротиба такрор ёфт!Офарин ба чунин давлату ба чунин давлатдори.Ин хукумат барои нобуд кардани мардуми худаш ба помир 3 хазор нафар афсару танку туп фиристод.Аммо барои хифзи марзу мардуми худ наметавонад хатто 20-30 сарбози чанги гусел кунад.

патриот
Аз дасти Чумабой Сангинов ягон кор намеояд. Ин одам аз сояи худаш метарсад. Шох командирро равон кунед бинед кор тез хал мешавад. Афсус ки ин хукумат мардони часуру далерро махкам кардааст е аз ватан пеш кардааст. Хозир киргиз хам гапзан шудааст. Бобоназарова рост гуфтааст ки ин хукумати буздилу тарсочакхост.

ин кирFизо аз ХУД рафтиянку исфараба мегардад ягон шахс намепурсад ту ки гуфтаю аз як рох гузаштанба намемонадми исфаранда кирFИ3 шикор мекунам. Аз сахар

423
хак ба рост дигар хочати гап нест

Ворухи
Агар рости гапро гуем, аксарияти ахолии Ворух шахрвандии Русияро низ доранд (на кам аз 5000 нафар). Хукумати мо, ки як импотенти пиракиро мемонад агар илочи халли ин масъаларо надорад, пас биёед мо мардум ба Хукумати Русиё мурочиат кунем, ки шахрвандони худашро мухофизат кунад - лекин ин шармандагиро Рахмон бо хукуматаш кучо бояд баранд. Магар бо Чумъабой кор мешавад? На намешавад, агар мешуд дах сол пеш мешуд. Дар сатхи хукумат ин масъала чанд бор барраси шудааст? Ки мардуми Ворухро дастгири кардааст? Хеч кас... Агар илочи вокеаро намедонанд пас як тараф истанд мо худамон ин масъаларо дар як шаб хал мекунем, Боки худованд доност..

Такдири мо дар дасти худи мост .Халки Ворух бедор шавед. Ин чупонхои дируза шумоён имруз хакдор шуда истодан ба мулки Точикистон. Агар халки Ворух номус дошта бошад бо як сухан(якфикр ,нотарси ,худотарси) киргизхоро ба зораву нола овардан мумкин аст.
1.Аз киргизхо лавозимоти сохтумон нахаридан.
2.Бо маршути Исфара-Ворух савор накардан.(бо хамин 5 сомони киргиз ин Газелчихо аз гуруснаги намемурадагист сухан дар сари НОМУС меравад).
3.Аз маркази шахри Исфара хариду фуруши хуроквориро бо киргизхо мань кардан. Пости Гулистон барои чи истодааст.
4.Ку бубинед халки Ворух дар дафаи пеш халки Чорку аз Бозори Чорку пеш кардан ва хатто ба бозори киргизхо барои хариди ругзор нарафтанд (Канд занед халки Чоркух НОМУС доред каме бошад хам Ба Халки Ворух дихед).
5.Масала бо чанг ХАЛ НАМЕШАВАД.
6.Шумораи халки Ворух зиёда аз 30000 а киргиз хамаги 1500 нафар хулоса бароред.
7.Халки шахри Исфара имруз ин масала ба сари халки кишлокхо(Ворух Хочаи Аьло ва Чоркух ) омадаги худо нафармод ба фоидаи киргизхо хал шавад ,фардо навбати шумоён рохи дарьё мебандат обро ба кули баткент равона мекунад он рузро интизор нашавед.
8.Ба халки Ворух нотарси якдили оромро аз даргохи Худованд талаб мекунам, Мо бо Шумоем ИНШООЛЛОХ хамааш хуб мешавад.Мо давлат дорем, хукумат дорем ва армия хам дорем рух афтода нашавед, рохи дурусти ин масаларо хал мекунанд. Озоди озод бош! Илтимос чоп кунед.Каме бошад хам аз ин суханони кам мазмуни ба ман худо дода бахраманд шаванд. Худо бузург аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)