Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:43

VIDEO: Суолу ҷавоб дар бораи Зайд Саидов бо раҳгузарон

19 декабр 2013, 12:58

Дар ҳоле ки ҳамагӣ интизори эълони ҳукми додгоҳ дар баробари Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, нишастаанд, наворбардори “Озодагон” дар бораи тақдири ояндаи ӯ аз роҳгузарони хиёбонҳои Душанбе суол кард.

Агарчӣ бархе аз роҳгузарон ба суоли мо посух доданд ва ё дар бораи Зайд Саидов назари худро гуфтанд, иддае бо “намедонам” иктифо мекарданд ва ё бо сиёсат сарукор надоштанашонро баҳона пеш меоварданд. Ҳатто яке аз назардиҳандагон гуфт, "ман ягон чиз намедонам. Бе шӯхӣ, мардак барин. Ман бо масъалаҳои сиёсӣ кор надорам, намедонам.

Онҳое низ буданд, ки аслан намехостанд дар ин бора ҳарф зананд ва сураташон дар навор биёяд ва ё мегуфтанд, нафареро бо ин ном намешиносанд. Бо ин ҳол, чанде аз мусоҳибони мо гуфтанд, бовар доранд, ки Зайд Саидов бегуноҳ аст ва аз толори додгоҳ озод хоҳад шуд. “Рости гап, аз матлабҳое, ки хондам, фаҳмидам, ки вакилони мудофеаш бегуноҳии ӯро исбот кардаанд. Вале баръакси онро нашунидам. Агар одам гуноҳ надошта бошад, зиндонӣ кардан даркор нест, чунки ба ҷомеа таъсири бад дорад. Вақте адолат нашуд, ба оянда боварӣ намешавад. Мо бояд бо оянда зиндагӣ кунем. Ояндаи мо бояд обод бошад, боадолат бошад”,-афзуд яке аз мусоҳибони мо.

Дар ин қатор онҳое низ буданд, ки мегуфтанд, касе агар ғайриқонунӣ кор кардааст, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд ва аз ин роҳи гурез нест. Яке аз назардиҳандагон гуфт, ҳарчанд ба бегуноҳии Зайд Саидов бовар дорад, вале умед надорад, ки ӯ озод шавад. Навори ин суолу ҷавобро дар ихтиёри Шумо мегузорем ва агар гуфтание доред, лутфан, дар зери ин матлаб бинависед.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Самарқанду Бухоро

  • 19 декабр 2013 13:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иншоаллоһ, озод мешаванд!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ya uvveren te kto skazali chto yakobi yego neznayut vrut naglo uzhe kak 5 mesytasev na vsekh gazetakh i radio televidenie tolko o Zayd saidove i govoryat prosto oni ot ispuga kameri skazali chto oni ne slishali o nem.
Посух додан
  • Дилёб

  • 19 декабр 2013 13:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хич хочати ибрози акидаамро дар мавриди гунахгору бегунохии бобои Зайд намебинам, зеро ВАО ва вакилони мудофеи мавсуф ин масъаларо ба омма чунон пешниход намуданд ки дигар хочат ба баёни такрориаяш намонд. Дигар хар инсоне, ки сохибаклу сахиб ирода аст аз ин натичарири хуб низ кард. Айни замон мо интизорем, ки конуният дар Точикистон то чи хад хакикат дорад. Дигар ин ки дар Точикистон одаме намонд ба такдир ва казияи номбурда ошно нагашта бошад. Як чизро бояд афзуд ки хар он чизе ба хадди ифрот мерасад натичаи хуб ба бор намеорад. Хукумати мо муборизаро бо мухолифин ба хадди ифрот расонд. Кучо расад дигар ин мардумро ба химоя аз фидои беадолати нагаштани як тан шахси сарсупурдаи ин ватан бобои Зайд. Гарчанде ин ашхосе, ки дар боло "Озодагон" аз эшон хостри назр да мавриди такдири Бобои Зайд гаштааст, ба забон дигар чиз мегуянд, аммо дар дили охо тамоман чизи дигар аст. Инро миёни мардум бидуни диктафон ва камера мушохида хохи кард.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рости мо точико дах фоизи киргизхо часур нестем мо тарсуем трусем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Assalom alaykum man vaqte ki in videoro tamosho kardam dar rui odamon tarsro medidam ki az fikri khudro bayonkardan metarsidan .....???????baroi chi?????????????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон илтимос ба ман тарзи коментария навиштан дар хамин сайтро фапхмонед, ман ба гумонам яке аз хонандахои аз хама фаъоли Шумо хастам, аммо менависам намешавад, хам регистратсия мекунам, намешавад,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,?????????

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!